Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Жириновский ба эҳёи СССР


 Владимир Жириновский
Владимир Жириновский

Сиёсатмадори пурмоҷарои рус Владимир Жириновский хостори эҳёи СССР шуда, ба он чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро даъват кардааст. Раҳбари ҳизби қавмгарои либерал-Демократи Русия рӯзи 21 июл дар саҳифааш дар шабакаи Твиттер навишт, “дар сурати будани хоҳиш, метавон СССРро аз нав ташкил кард. Ба он Эрон, Туркия ва кишварҳои дигарро даъват кард.” СССР, ба назари Жириновский, бояд “союз свободных социальных республик”(иттиҳоди ҷумҳуриҳои озоди иҷтимоӣ) бошад. Тибқи “нақша”-и Жириновский, Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Туркия, Эрон, Сурия, Ироқ, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Гурҷистон, Молдова, Узбакистон ва Тоҷикистон метавонанд узви СССР-и нав шаванд. Жириновский дар гузашта низ бо баёнияҳои моҷароҷӯёнааш дар масоили мухталиф маъруф буд. Ӯ аз ҷумла чанд дафъа пешниҳод карда буд, ки Русия бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ кунад. Ба пешниҳоди ахири ин сиёсатмадори пурмоҷаро ҳанӯз ягон кишвар вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG