Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эркинҷон се рӯз пеш аз садамаи Маскав ба мардикорӣ рафта буд"


Тобути яке аз муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Тобути яке аз муҳоҷирони тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Хабари ҳалокати Эркинҷон Қӯзиев – сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – дар садамаи пурқурбонии 1 феврал дар Маскав хонаводаи ӯро дар мотам нишондааст. Онҳо гуфтанд, ки Эркинҷон се рӯз пеш аз садама ба Русия рафта буд ва мехост барои гардон кардани тиҷорату зиндагиаш пул кор кунад.

Қаблан бо соҳибкорӣ машғул буд ва ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд. Ночор барои дарёфти маблағ барои пешбурди зиндагӣ дар ин чиллаи зимистон раҳ сӯи Маскав пеш гирифт.

Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30 январ тавассути ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Маскав рафта ва то чанд соати пеш аз марг бо аҳли хонавода тамоси телефонӣ доштааст. Абдурасул Қӯзиев, падари Эркинҷон, рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бори охир, субҳи 1 феврал, бо ҳамсараш сӯҳбат кард. Бо ҳамин, телефонаш хомӯш шуд. Шоми 2 феврал аз вебсайти Радиои Озодӣ хондем, ки ӯ ҳамроҳи рафиқонаш ба садама дучор шудааст."

Ин падари муҳоҷири тоҷик ҳанӯз умед дорад, ки ин хабар шояд ҳақиқат надорад ва иштибоҳе шудаасту писари ӯ зинда аст. "Рӯзи ҷумъа бародараш Рустамро ба Маскав фиристодем, ки аз Эркинҷон дарак ёбад. Гуфтем, ки ба консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Маскав равад. Ба ҳамсинфону рафиқонаш дар Маскав занг задем ва онҳо низ аз шаби гузашта ҷустуҷӯ доранд. Касе аз онҳо ба ман занг зада нагуфт, ки писарамро бо чашмаш дидааст", - гуфт ӯ.

Сарвар Бахтӣ
Сарвар Бахтӣ

Рӯзи 1 феврал дар садамаи пурқурбонии шоҳроҳи Варшавское дар минтақаи Маскави нав 8 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шаҳрвандони кишвар – Қӯзиев Эркинҷон Расулович (соли таваллуд 1982, шаҳри Бӯстон, Чкаловск) ва Сақузов Бахтиёр Зиёдохунович (соли таваллуд 1987, ноҳияи Хуросон) - ҳастанд, “вале маълумоти дигаре дар бораи чикора будани онҳо дар даст нест”.

Мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса як худрави "Тойота" ба мошини "УАЗ" бархӯрда, дар натиҷа, "УАЗ" – худрави ҳомили муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ – оташ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфтанд, аз рӯзи 3 феврал барои дарёфту санадгузорӣ ва интиқоли ҷасади Эркинҷон Қӯзиев ба Тоҷикистон бо пайвандони ӯ ҳамкорӣ доранд.

Зайнура Шарифӣ
Зайнура Шарифӣ

Зайнура Шарифӣ, сардори идораи мазкур, ба Радиои Озодӣ гуфт, “рақами телефони як дӯсти наздики Эркинҷон Қӯзиевро, ки Равшан ном доштааст, ба муовини сардори намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав додам. Онҳо бо ӯ тамос мегиранд ва бародари Эркинҷонро, ки ба Маскав рафтааст, ба сардхона барои шиносоии бародараш мебаранд.”

Шарифӣ афзуд, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба интиқоли ҷасади ҳарду муҳоҷири ғӯрамарг дар садамаи нақлиётии Маскав ба ватан ҳама гуна ёриҳоро ироа хоҳанд кард. Санҷар Сатторзода, намояндаи хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) мегӯяд, Эркинҷон Қӯзиев қаблан муддате ҳамроҳи аҳли оилааш дар ин шаҳр зиставу шиноснома гирифтааст, вале баъдан онҳо ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчиданд.

Темурой Масаидова, як корманди ҳукумати шаҳри Бӯстон, аз хешовандони Эркинҷон Қӯзиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанди хурдсол аст. “Қаблан бо соҳибкорӣ машғул буд ва ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд ва ночор барои дарёфти маблағ барои пешбурди зиндагӣ дар ин чиллаи зимистон раҳ сӯи Маскави Русия пеш гирифт”, - афзуд ӯ.

Бино ба иттилои расмӣ, соли гузашта 120 ҳазор сокини Суғд ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки тақрибан 15 ҳазори онҳо зан ва боқӣ мардонанд. То моҳи октябри соли гузашта дар муҳоҷирати корӣ дар Русия 96 сокини минтақаи шимоли Тоҷикистон бар асари беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, заҳролудшавӣ ва ҳамлаи гурӯҳҳои миллатгаро ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла, дар охирҳои соли гузашта ҳафт сокини ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар сӯхторе дар шаҳри Тюмен ҷон доданд. Онҳо дар корхонае дар фабрикаи мурғпарварии ширкати “Горизонт” дар шаҳри Тюмен кор мекарданд ва марг онҳоро дар ҳоле дарёфт кард, ки мехостанд баъди як рӯз савори автобус роҳ сӯи ватан, назди назди аҳли оилаи худ пеш бигиранд. Баръакси Эркинҷон Қӯзиев, ки дар нахустин рӯзи кориаш дар Маскави Русия бо шарикаш - Бахтиёр дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG