Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Тоҷикистон барои пайвастан ба занҷири кандашуда


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сахт кардани мӯҳраи яке аз хатҳои баландшиддати барқ
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сахт кардани мӯҳраи яке аз хатҳои баландшиддати барқ

Бо гузашти тақрибан 10 сол аз қатъи фаъолияти ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна мақомоти кишварҳои минтақа ба натиҷае расиданд, ки онро дубора фаъол созанд.

Дар ин муддат ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ мушкилоти энергетикиро аз сар гузаронд, ҳатто кишвари газ ва нафтхезе мисли Узбекистон. Ҳоло ин кишварҳо ба қароре расидаанд, ки беҳтар аз ҳалқае, ки онҳоро дар даврони Шӯравӣ ба ҳам оварда буд, ҳалқаи дигаре вуҷуд надорад ва онҳо тасмим доранд, ки бо баргаштан ба ин ҳалқа додугирифти нерӯи барқро ба роҳ монанд.

Узбекистон соли 2009 аз ҳалқаи ягонаи энергетикӣ хориҷ шуд ва ҳамингуна як ҳалқае дар занҷир канд. Шабакаи ягона шакле сохта шудааст, ки рафтани як узв аз он кори дигаронро фалаҷ мекард. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ баъди канда шудани ҳалқа, ҳар як мустақилона аз пайи ҳалли мушкилоти энергетикии худ шуданд.

Аммо эҳтимол ҳеҷ кишвари минтақа ба андозаи Тоҷикистон аз канда шудани ҳалқаи ягонаи энергетиии Осиёи Марказӣ зарба надид. Дар як зимистони қаҳратун, ба сабаби нарасидани нерӯи барқ, кӯдакон дар таваллудхона аз хунукӣ фавтиданд ва мактабҳоро ба сабаби бебарқӣ бастанд.

Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар маҷмӯъ як насл дар Тоҷикистон бо лимити барқ бузург шуд. Ҳоло ҳарфи бозгашти дубора ба ҳалқаи ягонаи энергетикӣ мардумро хушнуд кардааст. Баҳром Сироҷов, ки солҳои тӯлонӣ раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” буд, рӯзи 30-уми январ гуфт, ки барқарории ҳалқа ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд, чун дар сурати эҳтиёҷ метавонанд, аз якдигар дар фаслҳои гуногун барқ бигиранд.

Додугирифт ба манфиати ҳама

Ба гуфтаи Баҳром Сироҷов, пайвастани Тоҷикистон ба ҳалқа барои ҷилавгирӣ аз садамаҳои энергетикӣ низ зарур аст. Мутахассиси собиқадори тоҷик афзуд, агар ҳалқаи ягона барқарор мебуд, торикие, ҳангоми аз кор мондани нерӯгоҳи барқи обии Норак соли 2016 идома кард, тӯлонӣ намешуд.

“Агар Тоҷикистон як сол пеш вориди ин шабака мебуд, таъсири садамаи энергетикии тирамоҳи соли 2016 барои иқтисоди мо чандон сангин намебуд. Зеро мо аз шабакаи ягонаи Осиёи Миёна нерӯи барқ мегирифтему дар сурати рух додани садама дар Узбекистон, онҳо барқро аз мо мегирифтанд. Ин шабака аз солҳои 60-уми қарни гузашта фаъол буд ва нерӯи барқи изофии кишварҳои минтақа дар фаслҳои тобистону зимистон баробар бо ҳам тақсим мешуд “ – гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҷаноби Сироҷов афзуд, ки халқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна баъд аз фаъол шудани нерӯгоҳи “Қайроққум” таъсис ёфт ва ҳадафи он таъмини баробари чаҳор кишвари минтақа бо нерӯи барқ буд. Дар он солҳо сокинон аслан намедонистанд, ки нерӯи барқро аз куҷо мегиранд ва агар садамае ҳам иттифоқ меафтод, ҳеҷ кас хабар намешуд.

Соли канда шудани ҳалқа ва оғози мушкилот

Соли 2009 Узбекистон аз ҳалқа берун шуд ва ҳар кишвар дигар ба шабакаи дохилӣ ва танҳо ба нерӯи барқи тавлиди худӣ умед баст. Тоҷикистон, ки дар фасли тобистон нерӯи барқи изофии худро ба ҳамсояҳо медод ва зимистон аз онҳо нерӯи барқ мегирифт, аз ин имконият маҳрум шуд. Тоҷикистон зимистони имсолро баъд аз 20 сол бе маҳдудият ё ба истилоҳ “лимит” паси сар мекунад ва то ҷое ба истиқлолияти энергетикӣ расидааст.

Зеристгоҳи барқии "Хонақоҳ"
Зеристгоҳи барқии "Хонақоҳ"

Бо ин вуҷуд Баҳром Сироҷов мегӯяд, ки фаъол сохтани ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ба суди Тоҷикистон низ ҳаст. Дар бораи сӯҳбатҳо доир ба эҳёи ҳалқа рӯзи 30-уми январ Усмоналӣ Усмонзода, вазорири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳам сӯҳбат кард.

“Аз нимаи соли гузашта масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати “Узбекэнерго” дар Тошканд ва дар Душанбе чанд музокирот анҷом додаанд. Пайвастани Тоҷикистон ба ҳалқа ба суди кишвари мост, зеро, дар тобистон нерӯи барқи изофиро медиҳем ва зимистон аз онҳо мегирем. Ҳоло санади пайвастани Тоҷикистон ба ҳалқа омода мешавад ва дар он шароити ширкати Тоҷикистон дар он дақиқ карда мешавад- гуфт, Усмоналӣ Усмонзода.

Вазири тоҷик изҳори умедворӣ кард, ки санад ба зудӣ имзо шавад. Ба гуфтаи ӯ, тамоми зербунёдҳои лозим барои интиқоли барқ ба қаламрави якдигар ва аз ҷумла хатҳои баландшиддати 220 волтӣ вуҷуд доранд ва пайвастани онҳо ба ҳам кори осон аст,

Аломатҳои гармии равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди марги Ислом Каримов, президенти Узбекистон ва ба қудрат расидани раҳбари нав Шавкат Мирзиёев намудор шуданд.

Мардуми Тоҷикистон, ки аз аҳди ҳукуматдории Ислом Каримов танҳо қатъ шудани барқу газ ва марзҳои минакоришударо дар ёд доранд, аз муносибати нарми раҳбари нави кишвари ҳамсоя рӯҳбаланд шудаанд.

XS
SM
MD
LG