Пайвандҳои дастрасӣ

"Шубҳаҳо" ба ҳукми 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия. САДО


Мақомот гуфтанд, ки аз маҳкумияти 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар Додгоҳи ҳавзаи низомии Маскав бо ҷурми талоши бомбгузорӣ дар як мусофирбари хурд ё "маршрутка" аз матбуот хабар ёфтанд. Аз ҷумла, дар Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 23-юми феврал гуфтанд, дар мавриди ин парванда на дар ҷараёни тафтишот ва на дар марҳилаи додгоҳӣ ба онҳо муроҷиат нашудааст.

  • Як дипломати тоҷик низ гуфт, таҳқиқи парвандаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм дар Русия ва баъзе кишварҳои дигар маъмулан пӯшида сурат мегирад. ​
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, муҳоҷирони кории тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз камтарин ҳуқуқ бархӯрдоранд

Додгоҳи низомии Маскав рӯзи 22-юми феврал эълон кард, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 мехостанд ба як мусофирбар дар минтақаи Либертсии канораҳои Маскав бомба гузоранд. Онҳо иддао карданд, ки айбдоршавандаҳо ҳаводори гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд ва мехостанд, баъди ҳамлаи мусофирбар ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд. Инчунин, иддао шуд, ки гӯё чаҳор нафар аз ин афрод ба гуноҳи худ иқрор карда, ду нафари дигар гуфтаанд, гуноҳ надоранд.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:45 0:00
Линки мустақим

"Гуноҳро ба гардан нагирифтанд, баръакс, норозигӣ карданд"

Вале фаъоли ҳуқуқи башар Баҳром Ҳамроев ба дурустии ҳукми додгоҳи низомии Маскав нисбат ба 6 шаҳрванди Тоҷикистон шубҳа дорад. Ӯ, ки мурофиаро аз наздик назорат мекард, гуфт, ҳеч нафар аз айбдоршавандаҳо гуноҳро ба гардан нагирифтааст.

"Баръакс, онҳо нисбат ба ҳукми додгоҳ норозигӣ баён карданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо. Баҳром Ҳамроев солҳои тӯлонӣ ба муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Русия ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Баҳром Ҳамроев.
Баҳром Ҳамроев.

Ӯ, ки рӯзи 22-юми феврал ҳангоми эълони ҳукми Додгоҳи ҳавзаи низомии Маскав иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷараёни тафтишот бидуни ташхиси судӣ сурат гирифт ва шоҳидон низ бениҳоят кам буданд. Ба суолҳо посухи дуруст намедоданд. Баъзе аз шоҳидон, аз ҷумла ронандагони "маршрутка" ва "таксӣ" буданд ва мегуфтанд, ки бо муҳоҷирони тоҷик якҷо чой нӯшидаанд. Вале гӯё кӯшиши бомбгузориро бо чашмашон надидаанд."

Ҳамроев мегӯяд, бо чунин шакли шоҳидӣ ҳар нафарро мешавад айбдор кард. Вай афзуд, дар вақти пурсиш ва сухани охирин ба ҷуз аз се нафар, ки қисман гуноҳро ба гардан гирифтанд, дигарон эътироф накарданд ва, ба истилоҳ, "говсуд" шудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон

Самариддини Наҷмуддини 25-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ,

Ҳабибулло Ҳикматуллои 26-сола, сокини ноҳияи Панҷ,

Баҳриддин Муминови 30-сола, сокини шаҳраки Колхозобод,

Ғуломҷон Ҳасанови 31-сола, сокини ноҳияи Қубодиён,

Анвар Юлдошеви 28-сола, сокини ноҳияи Қубодиён,

Манучеҳр Латипови 30-сола, сокини шаҳри Душанбе

ба мӯҳлати аз 12 то 18 соли зиндони низоми сангин маҳкум шуданд. Мақомоти Русия онҳоро бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла талоши ташкили террор, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда, гунаҳкор донистанд.

Кори сохторҳои қудративу додгоҳҳои Русия аз назари мунсифона баррасӣ шудани парвандаҳо мавриди интиқоди созмонҳои мудофеи озодии баён аст. Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, ба хотири боло бурдани омори мубориза бо терроризм барои пулис зарур аст, ки ба сохтакории парвандаҳо даст занад ва гоҳо дар миёни қурбониҳо қишри камҳуқуқтарин – муҳоҷирони корӣ интихоб мешаванд.

"Бояд аз муҳоҷирон ҳимоят шавад"

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, вақте як шаҳрванди кишвар дар Русия ё ҷумҳурии дигар қарор дорад, бояд таҳти ҳифозати мақомоти Тоҷикистон бошад. Ӯ гуфт, "вақте шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурме дар Русия айбдор мешаванд, бояд сафорат ё консулгарӣ ва Додситонии кулл дар ҷараён бошанд. Аз тафтишот бохабар шаванд, ки то куҷо шаҳрванд гунаҳкор аст ва наҳваи тафтишот нисбат ба ӯ чи гуна сурат мегирад."

Ба бовари Ойниҳол Бобоназарова, ин ба маъное нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуноҳ намекунанд, вале дар вақти зарурӣ бояд ҳимоят шаванд. Ӯ, барои мисол, ба қазияи шаҳрванди маҳкумшудаи Русия Виктор Бутт дар Амрико ишора кард, ки "Маскав то ба ҳол мехоҳад, ин қазия бозбинӣ шавад ва аз шаҳрвандаш ҳимоят мекунад."

Санҷиши дурустии ҳукмҳои додгоҳӣ ва ҷараёни тафтишот амри маҳол аст, чунки маъмулан системаи додгоҳиву тафтишотӣ байни ҳам дар иртиботу ҳамкорӣ мебошанд ва бо сабаби фасоди баланд, додгоҳҳо ҳам ношаффоф мебошанд. Гузашта аз ин, гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар муқобили муносибати ноодилонаи мақомот аз камтарин ҳуқуқ бархӯрдор ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG