Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди роҳу мактаб – Ба ҷои сафари Ҳаҷ дар Тоҷикистон


Таъмири мактаб, роҳ ваё сохтмони купрӯку майдончаҳои варзишӣ. Дар Тоҷикистон баъзе аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ бо тавсияву ташвиқи мақомот аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд.

Сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ, таъмири роҳу купрӯк пеш аз ҳама вазифаи давлат аст. Вақте ин корҳоро бо маблағи хайрхоҳон анҷом медиҳанд, ин омил барои мансабдорон имкони бузургеро барои аз худ кардани пулҳои буҷет ва ришватхорӣ ба вуҷуд меорад.

Ҳоло мавсими нави Ҳаҷ дар Тоҷикистон наздик мешавад ва аз ин рӯ анҷоми корҳои хайр низ аз сӯи зоирон авҷ гирифтааст. Раҳмоналӣ Шарифов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тасмим гирифт, ба ҷойи ба Ҳаҷ фиристодани писараш дар маҳалли зисти худ як майдончаи варзишӣ созад. Ин сокини вилояти Хатлон мегӯяд, сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст ва “ин иншоот пас аз сари мо ҳам мемонад”.

Кумак ба селзадагон

Анҷоми корҳои хайр аз сӯи зоирони Ҳаҷ дар Тоҷикистон ҳоло ба як маъракаи умумиҷумҳуриявӣ табдил шудааст. Бо тавсияи мақомот довталабони Ҳаҷ дар ин ва ё он ноҳия маблағҳои худро ба бунёду таъмири иншооти иҷтимоӣ харҷ мекунанд.

Зарари сел дар ноҳияи Панҷ
Зарари сел дар ноҳияи Панҷ

Маҳмадюнус Сайфиддинзода, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хайркунандагон дар ин ноҳия низ кам нестанд. Ӯ гуфт, бештар таваҷҷуҳро барои барқарор кардани иншооте равона кардаанд, ки ду ҳафта пеш аз сел зиён дидааст.

“Бо омадани сел дар ноҳияи мо 4 купрӯк пурра вайрон шуд. Бар замми ин, 14 километр роҳи мошингард хароб гардид. Ба ин гуна хайркунандаҳо гуфтем, ки мунтазир бошанд. Мо ба онҳо аз ҳамин иншооти зарадида қисм – қисм ҷудо карда медиҳем. Бигзор корҳои хайрро аз он шурӯъ кунанд”, - афзуд ӯ.

Сайфиддинзода гуфт, то кунун дар ноҳияи Панҷ аз сӯи ҳаҷравандагон ва афроди хайрхоҳ бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳо сохта шудааст.

Кумитаи дин: корҳои хайриявӣ маҷбурӣ нест

Афшини Муқим
Афшини Муқим

Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъули сафар ба Ҳаҷ аст, мегӯяд, корҳои хайриявӣ аз ҷониби довталабон ихтиёрӣ сурат мегирад. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, оморе дар даст надоранд, ки чӣ миқдор корҳои хайр аз сӯи ҳаҷравандагон анҷом шудааст, чун “амалҳои хайр назоратнашавандаанд”.

Ӯ гуфт, “ҳоло шоҳиди он мешавем, ки мардум аз хаҷҷи такрорӣ даст мекашанд ва ба ҷои он ягон садақаи ҷория мекунанд. Чун тибқи таълимоти шариат ҳаҷҷи такрорӣ танҳо як ибодати нофила аст. Садақаи ҷория аз ибодати нофила беҳтар аст”.

Масъулияти давлат ё аз мардум?

Аммо Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, анҷоми довталабонаи амалҳои хайр аз сӯи аҳолӣ ҳеч бадӣ надорад. Аммо набояд давлат масъулиятҳои иҷтимоиашро бар дӯши мардум бор кунад.

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

“Сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ, таъмири роҳу купрӯк пеш аз ҳама вазифаи давлат аст. Вақте ин корҳоро бо маблағи хайрхоҳон анҷом медиҳанд, ин омил барои мансабдорон як шикофи бузургеро барои аз худ кардани пулҳои буҷет ва ришватхорӣ ба вуҷуд меорад. Яъне, як мансабдор метавонад мактабро аз пули хайрия таъмир кунад ва пули буҷетро, ки ба ин мақсад ҷудо шуда буд, ба ҷайби худ занад”, - хулоса кард Мамадшоев.

Ҳаҷ имсол 50 доллар гарон шуд

Сафари ҳаҷ ва зиёрат аз маконҳои муқаддас барои пайравони дини Ислом яке аз панҷ аркони асосии динӣ аст. Анҷоми ин маросим барои зоирони тоҷик хеле пурхарҷ аст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон арзиши Ҳаҷҷи имсоларо 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3720 доллари амрикоӣ муайян кард. Ин назар ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо шаҳрвандони аз 40-сола болои кишвар ҳаққи сафар ба Маккаву Мадинаро доранду бас.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG