Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳоҷиҳои бологузар". Ҳушдори Шӯрои уламо ба зоирони тоҷик


Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хост, ки аз Ҳаҷҷи такрорӣ ва, бахусус, аз фурӯхтани хонаҳояшон ба хотири зиёрати Хонаи Худо худдорӣ кунанд. Мақомоти Шӯрои уламо рӯзи 20-уми март дар муроҷиати расмӣ ба сокинон гуфтанд, ки пули зиёдатиашонро на ба сафари Арабистони Саудӣ, балки ба корҳои хайр дар дохил харҷ намоянд.

Нафароне, ки танҳо ба хотири гирифтани унвони “ҳоҷӣ” ё болонишинӣ ба Ҳаҷ мераванд, беҳтар аст, ин корро накунанд

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “садақаи ҷория аз қабили таъмири роҳ ё кандани чоҳ, то замоне ки ба одамон фоида мерасонад, савобаш ба соҳиби амал хоҳад расид.” Абдулқодирзода дар идома гуфт, ин албатта тавсияи онҳост ва ҳар кас дар харҷи молаш ихтиёр дорад.

"Бо ин даъват ҳадаф надорем, ки мардумро аз сафари Ҳаҷ боздорем", - шарҳ дод ӯ.

Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

Бархе аз сокинон ҳам гуфтанд, дар сарфи пулашон озод ҳастанд ва Шӯрои уламо ё ниҳоди дигаре набояд ин ҳақро аз онҳо бигирад. Як шаҳрванди Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ расман то чаҳор ҳазор доллар харҷ мекунад. Ин маблағ барои адои Ҳаҷҷи Умра нисбатан арзонтар будааст.

“Дигарон ба Туркия мераванд, мо ба Ҳаҷ”

Ниёзхоҷа Ҳоҷиев дар 39 соли умраш ҳафт дафъа ба зиёрати Каъба рафтааст. Ӯ рӯзи сешанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тоҷири либос асту даромадаш барои зиёрати ин макони барои мусалмонҳо муқаддас кофист.

“Одамоне ҳастанд, ки ҳар сол барои истироҳат ба Дубай ё Туркия мераванд. Онҳо низ садҳо доллари худро харҷ мекунанд ва касе кордор нест. Ҳар сол истироҳатро дар Маккаву Мадина мегузаронем. Ҳам тамошову зиёрат мекунем, ҳам савоб мегирем. Чӣ ҷои бадӣ дорад?” – гуфт ӯ.

Ҳоло як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад, ки дар панҷ сол на беш аз як дафъа ба Ҳаҷ биравад. Ниёзхоҷа Ҳоҷиев гуфт, ин шарти мақомот ба Ҳаҷҷи фарзӣ дахл дорад. Вай бештар ба Ҳаҷҷи Умра рафтааст, ки бемаҳдудият аст. Аммо ин мусоҳиби мо гуфт, ҳеч гоҳ “ҳоҷӣ” буданро барои худ унвони фахрӣ ҳисоб накардааст ва дар баробари сафари Ҳаҷ ба дармондагон низ кумак мекунад. “Нафароне, ки танҳо ба хотири гирифтани унвони “ҳоҷӣ” ё болонишинӣ ба Ҳаҷ мераванд, беҳтар аст, ин корро накунанд”, - гуфт ӯ.

Маҳдудияти тоза ҷорӣ мешавад?

Масъалаи Ҳаҷ аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар Тоҷикистон аст. Дар гузашта гуселу қабули ҳоҷиён дар ихтиёри ширкатҳои хусусӣ буд ва дар оғози 2000-ум мақомот ин бахшро дар ихтиёри Кумитаи дин гузоштанд. Ин ниҳоди давлатӣ тайи чанд соли гузашта, ба далели ба гуфтаи онҳо, навбати тӯлонӣ барои адои Ҳаҷ ба сокинон маҳдудият ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла,

  • Афроди то 40-сола ҳақ надоранд, барои сафари Ҳаҷҷи фарзӣ бираванд;
  • Ҳоҷиён аз ҳаққи додани таом маҳруманд;
  • Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ надоранд, дар панҷ сол беш аз як дафъа ба Ҳаҷ сафар кунанд;
  • Мақомот ҳақ доранд, дархости ашхоси камбизоат ва ҳамаи онҳоеро, ки ба назари масъулини дин, “вазъи иҷтимоиаш хуб нест”, барои адои маносики ҳаҷ рад кунанд.
Шарофат Мамадҷонова, сокини ноҳияи Ашт, соли гузашта беш аз 33 ҳазор сомонӣ пули ҷамъовардаи худу фарзандонашро барои зиёрати Каъба ба сохтмони як маркази таълимӣ супурд
Шарофат Мамадҷонова, сокини ноҳияи Ашт, соли гузашта беш аз 33 ҳазор сомонӣ пули ҷамъовардаи худу фарзандонашро барои зиёрати Каъба ба сохтмони як маркази таълимӣ супурд

Инчунин, бархе аз сокинон мегӯянд, мақомот дар маҳалҳо зоиронро ташвиқ мекунанд, ки пеш аз сафари Ҳаҷ дар маҳалли иқомати худ пуле бисозанд, ё роҳеро мумфарш кунанд, ба кӯдакони ятим ёрӣ диҳанд ва ё иншооте бисозанд. Солҳои охир чанде аз сокинони куҳансол расман эълон карданд, ки харҷи сафари Ҳаҷро барои корҳои хайр сарф намуданд ва аз шеъре мисол оварданд, ки “Каъба чӣ равӣ, дилеро дарёб”. Аммо рӯҳониён мегӯянд, харҷи сафари Ҳаҷ барои кори хайр агарчӣ савоб аст, аммо ба маънои қабули ин фарзи ислом нест.

Ҳадаф - савоб ё эътибор дар ҷомеа?

Дар Тоҷикистон, ки бахши аъзами он мусалмононанд, сокинон талош мекунанд, дар давоми умр ҳадди ақал як дафъа ба Ҳаҷ бираванд. Қишри камбизоат ва миёнҳоли ҷомеа барои адои ин маносик солҳо пул ҷамъ меоранд. Зоирон соҳиби унвони “ҳоҷӣ” мешаванд ва аз эътибори хос дар миёни ҷомеа бархӯрдоранд. Ҳарчанд унвони “ҳоҷӣ” ягон мақоми расмӣ нест, ин гуруҳи ҷомеа ба таври ғайрирасмӣ аз эҳтирому ҷойгоҳи махсус бархӯрдор мешаванд ва дар маъракаҳои мардум низ бологузар мешаванд.

Бо назардошти ин, коршиносон мегӯянд, агар гуруҳе ба хотири адои фаризаи динӣ ба Ҳаҷ раванд, ин миён кам нестанд онҳое, ки ба хотири бархӯрдор шудан аз эҳтиром дар ҷомеа ё ақиб намондан аз ҳамсояҳо як бору ду бор ба Ҳаҷ бираванд.

Ҳар сол - беш аз шаш ҳазор ҳоҷӣ

Солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд. Нархи сафари ҳаҷ барои соли гузашта тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 3600 доллар муқаррар шуда буд. Нархи имсол то ба ҳол муайян нашудааст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

XS
SM
MD
LG