Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Узбекистон даъво кард, ки дар Тоҷикистон истисмор шудааст. ВИДЕО


Ҷасур Амиров, сокини шаҳри Тирмизи Узбекистон моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон омадааст
Ҷасур Амиров, сокини шаҳри Тирмизи Узбекистон моҳи октябри соли гузашта ба Тоҷикистон омадааст

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба тафтиши қазияи шаҳрванди Узбекистон Ҷасур Амиров шурӯъ кардааст, ки гӯиё 8 моҳ аз тарафи як сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун мардикор истифода шудааст. Саргузашти Амирови 20-сола, сокини шаҳри Тирмизи Узбекистон, хеле печида аст.

  • Ин ҷавон ҳафтаи гузашта ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори баррасии қазияи худ шуд. Мақомоти милисаи Тоҷикистон ба санҷиши ин шикоят шурӯъ кардаанд
Ба Ҷасур гуфтам, ки зуд ба Тирмиз баргард, муҳлати визаат тамом мешавад. Аммо пул надошт. Падарандараш ӯро аз хона ронд

Аёдати модар ва мардикории маҷбурӣ

Ҷасур Амиров рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то моҳи октябри соли гузашта дар хонаи падараш дар Тирмиз мезист ва аввалҳои ҳамон моҳ визаи Тоҷикистонро гирифта, барои дидорбини модараш ба Тоҷикистон омад. Волидони Ҷасур чанд соли пеш аз ҳам ҷудо шудаанд ва модараш бо ду хоҳари Ҷасур дар шаҳри Ҳисор оила барпо карда буд.

Вале меҳмонӣ дар хонаи модар зиёд тӯл накашид. Пас аз чанд рӯзи дар хонаи модар ва падарандар истодан, модари Ҷасур - Дилфуза Алиқулова бо ҳадафи кору даромад ба Туркия рафтааст. Амиров мегӯяд, падарандар истодани ӯро дар хонаи худ раво надид ва аз онҷо ронд.

“Пул намедод”, “ғизои кофӣ надошт”

Нуъмон Мирзоев, сокини шаҳри Ҳисор
Нуъмон Мирзоев, сокини шаҳри Ҳисор

Ҷасур мегӯяд, азбаски пуле барои бозгашт ба хонаи падари аслиаш надошт, қарор кард аз ҳисоби мардикорӣ маблағ ба даст оварда, ба Узбекистон баргардад. Дар сари роҳ дар шаҳри Ҳисор бо марди бегонае шинос шуд ва хидмати мардикорӣ пешниҳод кард. Ин мард ҳам пешниҳодро пазируфт ва ӯро ба ҳавлиаш дар деҳаи Сайёд бурд.

Баробари расидан, ба таъкиди Ҷасур, шиносномаашро аз даст гирифт ва дар кунҷи хонааш ҷой дода, супориш дод, корҳои ҳавлӣ ва андоваи деворро анҷом диҳад. Ҳашт моҳи зиндагӣ дар хонаи Нӯъмон Мирзоев, сокини деҳаи Сайёдро Ҷасур хеле “сангин” ва “маҷбурӣ” меномад. Мегӯяд, барои кор “пул намедод”, “ғизои кофӣ надошт” ва гӯиё шиносномааш ҳам тамоми ин муддат дар дасти соҳиби хона буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

8 моҳ зиндагии як сокини Узбекистон дар Тоҷикистон. Истисмор буд ё..?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00

Даъвое, ки Нӯъмон Мирзоев комилан қабул надорад. Худи Мирзоев дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми июн гуфт, воқеан, Ҷасур Амиров дар хонаи ӯ зиста, корҳои фармудаашро иҷро мекард. “Вале ба ҳеч сурат будубошаш маҷбурӣ набуд ва касе паспорташро ҳам нагирифтааст”, - шарҳ дод ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, танҳо баъди арзёбии тамоми паҳлӯҳои мавзӯъ ба қароре мерасад, ки кӣ гунаҳкор асту кӣ бегуноҳ.

Мақомот: Санҷиш идома дорад

Дар ҳоле ки санҷидани ҳақиқати ҳарфҳои ин ду ҷониб мушкил аст, корро Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ шурӯъ кардааст. Ба иттилои Фирдавс Истамов, як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҳақиқат, сокини шаҳри Тирмиз ҳафтаи гузашта ба ин раёсат омада, аз саргузаштҳои талхи худ дар Тоҷикистон шикоят кардааст. Истамов гуфт, ходимони идора аллакай бо Ҷасур Амиров, Нӯъмон Мирзоев ва раиси маҳаллаи Сайёд сӯҳбатҳо анҷом дода, баёноташонро гирифтаанд.

Феълан ҳеҷ тасмим дар заминаи боз шудани парвандаи ҷиноӣ гирифта нашудааст. Фирдавс Истамов гуфт, "санҷиши ибтидоӣ нишон дод, ки сокини Ҳисор Нуъмон Мирзоев ин бачаро ба манзилаш оварда, ба камбуд роҳ додааст. Ҳоло санҷиш идома дорад ва санадҳо дар наздиктарин рӯз ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод карда мешавад."

"Ҷасурро мисли писарам нигоҳубин кардам"

Нӯъмон Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан ҳам аз рӯи қазияи Ҷасур чанд дафъа ба пурсиш даъват шудааст. Вале ӯ пофишорӣ дорад, ки ҳеҷ кори баде накарда, “Ҷасурро мисли писари худ” нигоҳ кардааст. Мирзоев инро рад мекунад, ки бидуни хоҳиши Ҷасур ӯро дар манзилаш нигоҳ дошта, кор мефармуд ва шиносномаашро гирифта барнамегардонд.

Дар ҳоле ки ояндаи ин қазия ба тасмими пулис бастагӣ дорад, модари Ҷасур – Дилфуза Алиқулова ҳамоно дар Туркия ба сар мебарад. Ӯ рӯзи 15-уми июн дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, маҷбур шуд бар асоси билети аз пеш харидааш моҳи октябри порсол барои кор ба Туркия равад. Ӯ гуфт, дар ин кишвар аз роҳи нигоҳубини пиронсолон маблағ ба даст меорад.

Вай гуфт, пеш аз тарки Тоҷикистон карданаш ба Ҷасур таъкид кард, ки ба Тирмиз баргардад, вале вақте аз дур истода саргузаштҳои ӯро фаҳмид, барояш пул фиристод. "Ҷасурро гуфтам, ки зуд ба Тирмиз баргард, ки муҳлати визаат тамом мешавад, вале пул надошт. Падарандараш ӯро аз хона ронд ва дар хонаи як сокини Ҳисор кор мекард. Барои онки зуд ба Узбекистон баргарадад, 400 доллар фиристодам, баъдан боз 50 доллар равон кардам, лекин пулро ба вай надодаанд. Мехоҳам зуд бачаам ба Тирмиз баргардад", - афзуд ӯ.

Чанд суоли бе посух

Ҷасур Амиров гуфт, тамоми муддате, ки дар хонаи Нуъмон Мирзоев буд, гӯиё соҳибхона ӯро намегузошт ба берун равад ва “метарсонд, ки ба куҷое наравад боз бармегардонад”. Тайи 8 моҳ Ҷасур дар манзили Мирзоев бидуни сабти доимӣ зиндагӣ кардааст.

Ҷасур Амиров мегӯяд, тайи тақрибан як ҳафтае, ки аз манзили соҳибхонааш рафтааст, дар кӯчаҳо ва гоҳ дар масҷид ва гоҳе дар хонаи мардум ба сар мебарад. Шиносномаи ӯ, ки ногаҳон дар кисааш пайдо шуд, ҳоло дар дасти маъмурони милиса аст. Худи ӯ гуфт, мехоҳад ба сафорати Узбекистон ҳам аз рӯи қазияаш муроҷиат карда, аз онҳо низ кумак бихоҳад.

Қазияи Ҷасур Амиров, ҷавоне аз хонаводаи нодор, суолҳои беҷавоби зиёд дорад. Аз ҷумла, нақши падару модар, шеваи ба хонаи як марди бегона ворид шудану 8 моҳ зиндагӣ кардани ӯ, мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдор қарор нагирифтанаш дар тамоми ин муддат - аз он пурсишҳоест, ки феълан посухи онҳоро пайдо кардан душвор аст. Мақомоти милисаи Тоҷикистон гуфтанд, танҳо баъди арзёбии тамоми паҳлӯҳои мавзӯъ ба қароре мерасад, ки кӣ гунаҳкор асту кӣ бегуноҳ.

XS
SM
MD
LG