Дар чанд ҷумла
"Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони дигар барои пирӯзии Русия ҳаводорӣ карданд"

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ширкат дар расми кушоиши бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ва ҳам тамошоби бозии Русия ва Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргашт. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президент “бо шавқ” бозии пурҷӯши нахустин дар чаҳорчӯби Ҷоми ҷаҳониро, ки бо ҳисоби 5 бар сифр ба фоидаи Русия анҷомид, тамошо карду шабонгоҳ ба Тоҷикистон баргашт. Дар ин сафар президентро раиси Кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш Адҳам Абдуллозода ҳамроҳӣ мекард.
Вай гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва аксар дигар меҳмонҳои Ҷоми ҷаҳонии президент Путин барои мунтахаби Русия тарафдорӣ карданд. “Танҳо валиаҳди Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон барои мунтахаби кишвараш тарафдорӣ мекард, вале ӯ ҳам дар охир ноумед ва ғамгин рафт”, гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Бозии нахустинро дар варзишгоҳи Лужникии Маскав инчунин президентони Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Беларус ва дигарҳо тамошо карданд, ки дар маҷмӯъ аз тахминан 20 кишвари шарики Русия намояндагӣ карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Саудӣ барои "Роғун" ва роҳи ҳалқавии Кӯлоб $130 млн дод

Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод. Дар ин бора рӯзи 3 июл сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин замина рӯзи панҷшанбе мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон Ал-Маршад баргузор шуд ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин бунёд мавзӯи асосии гуфтугӯҳо будааст.
Манбаъ менависад, ки раҳбарияти Тоҷикистону Фонди саудии рушд “маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об”-ро баррасӣ карданд.
Тоҷикистон то чанд соли пеш дувумин кишвари бузурги кӯмакгиранда аз Маркази имдодии Шоҳи Саудӣ дониста мешуд. Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.
Додгоҳ ба USAGM дастур дод, ки пули моҳи июни Радиои Озодиро бипардозад

Ройс Ламберт, як додраси ноҳиявӣ дар Амрико рӯзи 2-юми июл ба Оҷонси байнулмилалии расонаҳои Амрико ё USAGM дастур дод, ки буҷаи моҳи июни Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро фавран дар ихтиёри ин расона гузорад.
Дар ҳукми худ додрас Оҷонсиро муваззаф кард, то маблағҳое, ки аз ҷониби Конгресс ба ин расона ҷудо шудаанд, барои моҳи июнро бипардозад.
Ин додрас гуфтааст, "USAGM тасмими музокира бо Радиои Озодиро надорад ва ҳеҷ гоҳ маблағҳои Конгрессро бидуни дахолати додгоҳ пардохт намекунад".
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июл 75-умин солгарди нахустин пахши озмоишии худро ҷашн мегирад.
Рӯзи 14-уми март имсол USAGM ҳудуди 75 миллион доллар буҷаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро барои моҳҳои март-сентябри соли 2025 боздошт.
Ин кор пас як дастури президент Доналд Трамп анҷом шуд, ки фармон дода буд харҷи кори ҳафт идора, азҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо коҳиш дода шавад.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин корро "ғайриқонунӣ" хонд ва алайҳи USAGM иқдоми қонунӣ кард.
Парвозҳо миёни Душанбе ва Машҳад оғоз мешаванд

Дар назар аст, шурӯъ аз фардо, 4-уми июл парвозҳо аз Душанбе дар масири Машҳади Эрон аз сар гирифта шаванд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии эронии "Varesh Airline" хабар доданд.
Аз ин ширкат гуфтанд, дар ҳоли ҳозир парвозҳо танҳо ба шаҳри Машҳад буда, ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳо ба самти Теҳрон кай барқарор мешаванд. Қарор аст парвозҳо ба Машҳад ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода шаванд.
Дар пайи даргириҳо миёни Исроилу Эрон, парвозҳо дар фазои Эрон қатъ шуда буд. Ба шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, пешниҳод шуда буд, ки бо дарёфти раводиди Туркманистон тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.
Дар Тошканд намояндагии Euronews ифтитоҳ шуд

Бунгоҳи хабарию телевизионии Euronews дафтари намояндагии худро дар шаҳри Тошканд ифтитоҳ кард. Дар ин бора рӯзи 1 июл дафтари матбуоти ВКХ Узбекистон дар саҳифаи телеграмаш хабар додааст.
Дар хабар омадааст, ки “Euronews – яке аз расонаҳои боэътибори ҷаҳонӣ расман дар Тошканд боз шуд. Ин ҳодисаи муҳим баёнгари боз ва омода будани Узбекистон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аст ва шарики боэътимод будани он кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ намоиш медиҳад”.
Дар изҳороти расмӣ инчунин аксҳое аз маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии ин расона нашр шудааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, Euronews дар Тошканд як намояндагии Осиёи Марказии ин телевизион мешавад ва бештар дар мавзӯъҳои фарҳангу туризм барномаҳо таҳия хоҳад кард. Ҷузъиёти дигар феълан нашр намешавад, аз ҷумла ин ки оё дар Тоҷикистон ҳам дафтари намояндагӣ боз мекунад ё на.
Euronews як шабакаи бисёрзабонаи телевизионии Аврупо буда, қароргоҳаш дар шаҳри Лиони Фаронса ҷойгир аст. Барномаҳои онро, ки дар бораи ҳаводиси ҷаҳон ва кишварҳои ҷудогона, аз ҷумла Русия ва Украина ҳам мавод таҳия мекунад, тавассути маҳвора ва ҳам шабакаи YouTube дар интернет дидан мумкин аст.
Марги ду низомии рус дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи гузашта ду шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд, яке ба гуфтаи мақомот худкушӣ кардааст, дигарӣ дар тасодуф ҷон додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода имрӯз хабар дод, ки Дамир Менклиеви 39-сола, корманди пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон “рӯзи 1-уми июл дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти Лучоб” дар ноҳияи Рӯдакӣ худро ба дор овехтааст.
Сабабҳои худкушӣ маълум нест ва қазияро мақомот таҳқиқ мекунанд. Аз ин пештар ҳамин кумита эълон кард, ки Вадим Сиганов, сарбози пойгоҳи мазкур рӯзи 26-уми июн ҳангоми параплансаворӣ дар ноҳияи Варзоб ба замин афтода, ҷон додааст.
Ҷасади ӯро наҷотбахшони тоҷик аз як макони душворгузари кӯҳӣ пайдо карда ба хонаводааш супурдаанд. Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии он кишвар дар хориҷ аст ва дар он тақрибан 7 000 сарбоз хидмат мекунанд.
Боздошти як сокини Душанбе барои рондани мошин ба сӯи милиса

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ронанда хабар дод, ки мошинро ба тарафи кормандони милиса ронда, "аз зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият истифода бурдааст".
Дар хабарномаи ин ниҳод аз рӯзи 2 июл омадааст, ки Аҳлиддин Одинаев дар "Бозори Корвон"-и Душанбе мунтазам қоидаҳои ҳаракатро вайрон намуда, дастури кормандони ҳифзи ҳуқуқро нодида мегирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсӣ пас аз тафтиш ӯро боздошт карданд. Айни ҳол, ӯ дар ҳабси пешакӣ аст ва пулис алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, таҳқиқ давом дорад.
Назари худи ронанда ва наздиконаш ба ин қазия маълум нест.
Дар гузашта ҳам дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар мавридҳои ба тарафи кормандони милиса рондани мошин аз сӯи ронандагон, рух дода буд.
Дар як моҳ беш аз 230 ҳазор муҳоҷир аз Эрон ба Афғонистон бозгаштаанд

Созмони байналмилалии муҳоҷират эълон кард, ки дар моҳи июни имсол беш аз 230 ҳазор афғон аз Эрон ба Афғонистон баргаштаанд, ки аксари онҳо ба таври маҷбурӣ ихроҷ шудаанд.
Ин раванд дар ҳафтаҳои ахир шиддат гирифтааст, зеро Эрон барои ҳамаи муҳоҷирони бесанади афғон барои берун рафтан аз он кишвар то 6 июл муҳлат додааст.
Бо ин ҳол, Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯяд, ки шумори ихроҷшудаҳо ҳатто пеш аз фаро расидани муҳлати муқаррарашуда ҳам боло будааст.
Ба гуфтаи сухангӯи ин созмон, байни 1 то 28 июн 234 ҳазор нафар ба Афғонистон баргаштаанд ва аз оғози сол то кунун 691 ҳазор афғон баргаштаанд, ки 70 дарсади онҳо ба зӯрӣ берун карда шудаанд.
Дар бархе рӯзҳои ҳафтаи гузашта, шумори бозгаштаҳо ба 30 ҳазор нафар дар рӯз расидааст.
Пешниҳоди Трамп ба бозбинии имтиёзҳои ширкатҳои Маск

Дар идомаи баҳсҳои лафзии миёни президенти ИМА ва раҳбари кулли ширкати Tesla, рӯзи 1 июл Доналд Трамп пешниҳод кард, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency - DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад. Изҳороти Трамп баъди он садо дод, ки Маск қонуни нав дар бораи андозҳову хароҷотро интиқод намуд.
Саҳмияҳои Tesla дар фурӯшҳои муқаддамотӣ 5% нархашонро аз даст доданд. Мухолифатҳои миёни Трамп ва Маск метавонад ба тиҷоратҳои яке аз сарватмандтарин шахсони сайёра осеби ҷиддӣ расонад.
Оҷонсии Рейтерс менависад, вазорати нақлиёти ИМА дар қабули қарори эҷоди роботакси аз ҷониби ширкати Tesla нақши муҳим дошта, инчунин SpaceX-и Маск бо қарордодҳои федеролӣ бо арзиши 22 миллиард доллар амалӣ мешавад.
Трамп дар Truth Social навишт: “Илон беҳтарин кӯмакпулиҳои давлатиро назар ба ҳар як инсони дигар дар сайёра ба даст меорад ва бидуни ин ёронаҳо, Илон шояд ҳама мағозаҳояшро баста ба Африқои Ҷанубӣ баргардад. Дигар мушаку маҳвораҳо парвоз нахоҳанд кард ва мошинҳои электронӣ истеҳсол намешаванд ва кишвари мо САРВАТИ зиёде захира хоҳад кард. Шояд ҳам DOGE ба ин чизҳо нигоҳи амиқе бикунад? ПУЛИ ЗИЁДЕ САРФА ХОҲАД ШУД!!!”.
Баҳси миёни президенти ИМА ва соҳибкори маъруф аввали моҳи июн шурӯъ шуд. Он замон Илон Маск зидди қонуни нав баромад, ки онро таҳлилгарон ҳам барои 3 триллион доллар хароҷоти иловагиаш интиқод карданд. Баъди як муддат хомӯш шудани баҳсҳо Маск рӯзи шанбе дубора қонунро танқид кард ва онро “харобкорона” номид. Ду рӯз баъдаш ба таъсиси ҳизби наве даъват намуд.
Интиқоди ахир дар муносибатҳои ду дӯсти наздик шикофи ҷиддие эҷод кардааст ва маълум нест, ки то куҷо танқидҳои Маск ба аъзои Конгресс дар қабули қонуни нав таъсиргузор хоҳад шуд.
16 соли ҳабси сокини Узбекистон барои иштирок дар ДОИШ

Додгоҳе дар Узбекистон сокини 46-солаи вилояти Қашқадарёро бо иттиҳоми иштирок дар чандин созмони мамнӯи террористӣ ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Санаи содир шудани ҳукм нашр намешавад, вале ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, тафтишот гуфтааст, фаъолиятҳои ғайриқонунии Обид Сафаров аз соли 2013, замони таъсиси ба истилоҳ созмони динию ифротии “Ҷиҳодчилар” дар Қашқадарё шурӯъ мешавад.
Баъди ин ӯ ба узвияти “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Шохаи Хуросони Давлати исломӣ” (ДОИШ) шомил шуда, бо мақсади ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯён чандин бор аз хоки Русия, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон ва Покистон убур кардааст.
Яке аз иттиҳомҳое, ки ин шаҳрванд содир кардааст, иштирок дар ҳамлаи мушакии болои шаҳри Тирмиз дар соли 2022 мебошад. Он вақт аз хоки Афғонистон ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Узбекистон панҷ мушак партоб шуд ва ба моликияти сокинони маҳаллӣ осеб расонид. Сафаровро январи соли 2025 дар Покистон боздошт ва ба Узбекистон истирдод карданд.
Худи маҳкумшуда дар додгоҳ гуноҳашро қисман эътироф кардааст. Ӯро аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла терроризм, харобкорӣ, сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ, иштирок дар ташкилоти мамнӯъ ва паҳн кардани маводи экстремистӣ маҳкум карданд.
Дар Русия симкортҳои хориҷиҳои сабтиномнашударо қатъ мекунанд

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июл дар Русия иртиботи мобилии хориҷиҳоеро, ки аз санҷиши биометрӣ нагузаштаанд, қатъ мекунанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе пойгоҳи иттилооти давлатии “Минцифры” хабар додааст.
Ин муассиса гуфтааст, ки аз аввали соли ҷорӣ созиш бо ширкати мухобиротиро танҳо он шаҳрвандоне метавонанд имзо кунанд, ки дар Низоми ягонаи биометрӣ (Единая биометрическая система - ЕБС) сабтином шуда бошанд.
Дар ин ҳолат ҳар як нафар метавонад то 10 симкорти телефонӣ ҳам дошта бошад. То имрӯз, ба иттилои ин пойгоҳ, 2 миллион хориҷӣ аз рӯи қоидаи нав сабтином шудааст. Агар як шаҳрванди хориҷӣ ин талаботро нодида гирифт, бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ мешавад, аз ҷумла, ба мӯҳлати се моҳ ё бештар аз он иртиботи мобилиашро қатъ мекунанд.
Дар Русия шурӯъ аз 1 январ фурӯши симкортҳо ба хориҷиҳо сахттар шуд. Дар вазорати рушди рақамӣ инро ба мубориза бо қаллобон ва дорандагони симкортҳои машкук рабт медиҳанд. Соли 20024 Роскомнадзор беш аз 9 миллион адад симкортҳои хориҷиҳоро масдуд кард.
Баъди ин 6 миллион нафар аз сабтиноми дубора гузаштанд. Дар маҷмӯъ дар Русия 13 миллион хориҷӣ симкорти телефонҳои мобилро дорад.
Ҳушдор аз гармои тоқатфарсо дар Тоҷикистон

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани ҳавои гарми тоқатфарсо то марзи 50 дараҷа дар кишвар ҳушдор додааст.
Дар иттилоияе, ки Идораи обуҳавошиносӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки аз рӯзи 3-ум то 7-уми июл ба сабаби ворид шудани анбӯҳи ҳавои гарм, дар вилояти Хатлон ҳарорат аз 42 то ба 47 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад ва шарқи кишвар ҳам, ки умдатан ҳарорати муътадил дорад, мардум ҳам бояд аз гармии то 42-дараҷаӣ дар сояҳо паноҳ баранд.
Ба гуфтаи Идораи ҳавошиносӣ, ҳарорати баланд метавонад, зудтар пиряхҳоро дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон об карда, сабаби сар задани селҳои пиряхӣ ва баланд шудани сатҳи рӯдхонаҳо дар Бадахшону Суғд шавад.
Аз ин ҷиҳат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба аҳолӣ тавсия додааст, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, то аз хатари селу обхезӣ эмин бимонанд.
Нархи талоқ дар Тоҷикистон боло рафт

Нархи талоқ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад. Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро вакилони Маҷлиси намояндагон ворид карданд.
Қарор аст баъди тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур ва як моҳ пас аз нашри расмӣ, он мавриди амал қарор гирад.
Аз ин ба баъд, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон, ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон ба андозаи 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи суд бошад, ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, боҷ ситонида хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир нархи талоқ дар Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн солҳост, ки аз мавзӯъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.
Як зан дар Фархор 4 кӯдакашро ба дарё андохтааст

Як зан дар ноҳияи Фархор рӯзи 30 июн чаҳор кӯдакашонро ба дарёи Сурхоб андохтааст.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон субҳи 1 июл ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дирӯз ин занро зинда, аммо ҷасадҳои ду кӯдакашро мурда берун оварданд. Дар КҲФ гуфтанд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои ду кӯдаки дигар идома дорад.
Феълан маълум нест, ки фарзандони ин зан чанд сол доштанд ва чаро вай даст ба ин кор задааст.
Шоми 30 июн корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани аксу наворҳо хабар доданд, ки дар деҳаи Қизисуи ноҳияи Фархор як зан ҳамроҳи чаҳор фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохтааст. Дар наворҳои фиристода дида мешуд, ки мақомот дар дарёи Сурхоб ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, модари ин кӯдакон боздошт ва нисбаташ тибқи моддаи 104, қисми дуи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда боз шудааст.
Тафтиши ин парвандаро додситонии ноҳияи Фархор пеш мебарад.
Озарбойҷон ҷашнвораи Русияро бекор ва ду "ҷосуси ФСБ"-ро боздошт кард

Вазорати фарҳанги Озарбойҷон хабар дод, ки дар посух ба фишору таъқиби озарбойҷониҳо дар Русия ҳамаи маҳфилҳои консертӣ, намоиш ва дигар барномаҳои муштарак бо Русия дар Боку бекор карда шуданд.
Пештар Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, 27-уми июн дар ҷараёни рейди пулиси Русия "ду озарбойҷонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд." Ба гузориши расонаҳо, зиёд аз 50 зодаи Озарбойҷон дастгир шудаанд. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон 29-уми июн хабар дод, ки кордори Сафорати Русияро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ додааст.
Рӯзи 30-юми июн пулиси Озарбойҷон дар як рейд дафтари хабаргузории русии “Спутник Озарбойҷон”-ро тафтиш ва ду нафарро дар ин ҷо бо гумони онки кормандони Хадамоти амнияти Русия ё ФСБ ҳастанд, боздошт намуд. Расонаҳои озарӣ навиштанед, қаблан шумораи кормандони ин бунгоҳ аз 40 то 1 нафар коҳиш дода шуданд. Сомонаи Report менависад, қатъи назар аз қарори барҳам додани ин бунгоҳ, он корашро идома додааст.
Дар пасманзари сард шудани равобити Маскав ва Боку, намояндагони порлумони Озарбойҷон аз ширкат дар ҷаласаи порлумонӣ дар Думаи давлатии Русия низ худдорӣ карданд.
Мақомот садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро шарҳ доданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти тасодуфи маргбор дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳро эълон кард, ки дар натиҷаи он 7 нафар ҷон доданд. Ҳодиса 28-уми июн рух дода, дар бораи он аввал Радиои Озодӣ хабар дода буд.
Дар баёнияи расмии ВКД аз рӯзи 30-уми июн омадааст, дар пайи ин сонеҳа 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар захмӣ шудааст. Ду нафар аз қурбониён шаҳрвандони Узбекистон ва панҷ каси дигар аъзоёни як оила, аз шаҳри Истиқлоли Тоҷикистон ҳастанд. Яке аз ҳалокшудагон 8 ва дигарӣ 15-сола будааст.
Ба қавли вазорат, сабаби садама, ба ақиби мошини дигаре бархӯрдану аз роҳаш хориҷ шудани мошини Муҳаммадӣ Холбоев, шаҳрванди Узбекистон будааст. Дар ин ҳодиса, ки дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ рух дод, ду ноболиғи дигар яке 8 ва дигарӣ 15-сола захм бардошта, бемори бистарӣ шудаанд.
Ин фалокат дуввумин садамаи мудҳиши маргбор дар вилояти Суғд дар тӯли камтар аз як моҳ аст. Рӯзи 29-уми май дар як садамаи шабеҳи дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш нафар ҷон бохтанд. Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар чунин садамаҳо ҷон медиҳанд ва садҳо каси дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Беътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат, роҳҳои нимавайрон, суръати баланд аз сабабҳои асосии маргумир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.