“Мероси Масъуд муқовимат дар ҳама заминаҳо чӣ фарҳангӣ, чӣ низомӣ ва чӣ дипломатӣ барои як Афғонистоне буд, ки ҳама худро дар он бубинанд, на ин ки сарзамин дар инҳисори як гуруҳе қарор бигирад. Мо мебинем, ки арзиши ин мерос дар ин чаҳор сол чӣ қадар боло рафтааст”,-гуфт раиси Бунёди Масъуд.
Маҳфили Ҳафтаи шаҳид ва гиромидошт аз 24-умин солгарди шаҳодати Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳ Масъуд фармондеҳи номдори ҷиҳод ва муқовимати Афғонистон алайҳи шӯравии вақт ва ҳукумати аввали Толибон дар Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе бо ҳузури шуморе аз наздикони Масъуд, вазирони ҳукумати пешин, намояндагони маҷлис, дипломатҳо, фарҳангиён ва муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон баргузор шуд.
Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки бояд ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд ва сиёсатмадорони Афғонистон ихтилофоти сиёсиро як сӯ бигузоранд, зеро “чатри Қаҳрамони миллӣ як чатрест, ки касе дар ин росто мухолифат надорад” ва метавонад ҳамаро ҷамъ бисозад.
“Имрӯз ҳазорон ҷилд китоб дар кишварҳои мухталиф роҷеъ ба ин шахсият навишта шуда. Дар ҳар яке аз кишварҳо ҷавонону хоҳарони мо мардуми Афғонистон, ақвоми мухталиф, бидуни ин ки барояш ангеза ё самту сӯйе дода бошанд, аз пулу миконоти худ истод мешаваду ин рӯро таҷлил мекунад ва тасвири зебои Қаҳрамони миллиро бо ифтихор ба синаи худ мезананд”,-гуфт Ағбар.
Ин дар ҳолест, ки бо бозгашти Толибон ба сари қудрат таҷлил аз шахсият ва мактабу мероси Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон қатъ шудааст. Ин тасмим расман шарҳ дода намешавад, вале бархе аз маҳофил Масъудро низ яке аз ҷангсолороне мешуморанд, ки дар тахриби Кобул даст доштааст. Толибон аз оғоз ба ин шахсият мухолиф будаанд ва мақбараи ӯро низ дар Панҷшер вайрон карданд, ҳарчанд баъдан маҷбур ба бозсозияш шуданд.
Фазлаҳмади Маънавӣ, вазири пешини адлияи Афғонистон мегӯянд, бояд аз ормони шаҳидони Афғонистон, ки ба хотири озодии сарзамини худ ҷангидаанд ҳимоят кард ва мероси онҳоро, ки ҳоло ҳукумати Толибон дар хатар андохтааст, ҳифз намуд.
“Ҳар ҷо фикри золимонае вуҷуд дошта бошад, истодагарӣ, муқовимат ё ба таъбири ом – ҷанг воҷиб аст. Чун инсон падидаест озод, бояд озод зисту зиндагӣ кунад. Ва истод шудан, ба таъбири дигар, ки мо муқовимат мегӯем, дар баробари ба асорат кашидани инсон, фарз аст”,-таъкид кард ин намояндаи ҳукумати собиқи Афғонистон.
Имсол ба фарқ аз се соли гузаштаи ба қудрат расидани Толибон, маҳфили ёдбуди Масъуд ва посдорӣ аз Ҳафтаи шаҳид дар Душанбе бошукуҳтар таҷлил шуд. Дар баробари чеҳраҳои сиёсиву фарҳангӣ, духтарони донишомӯзи мактаби “Сомониён”-и Сафорати Афғонистон низ бар пояи аксу тандиси Масъуд гул гузоштанд, ки дар Афғонистон бо қарори амири ҳукумати Толибон дари мактаб ба рӯяшон баста шудааст.
Сафораи Афғонситон дар Душанбе танҳо намояндагии дипломатии Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказист, ки то кунун дар ихтиёри фиристодаи ҳукумати пешини Афғонистон мондааст. Ҳарчанд дар борабари ин ниҳоди дипломатӣ Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ борҳо иддао кардааст, ки зери назари ҳукумати Толибон дар Кобул кор мекунад.
Гуфтугӯ