Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018: Коста – Рика – Сербия - 0:1


Сокинони Сербия бозиро тамошо доранд

Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Сербия дар бозии аввали гурӯҳи Е, ки имрӯз, 17-уми июн, дар варзишгоҳи «Самара Арена»-и шаҳри Самара баргузор шуд, бар тими миллии Коста – Рика бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгар Александар Коларов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум, ба ҳадаф расонд. Ӯ бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро моҳирона аз болои “девори сунъӣ” ба бурҷи “нӯҳгона” ворид кард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Сербия бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи Е мақоми аввалро касб намудааст. Бозии дигари даври аввали ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Швейтсария имшаб соати 23 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ростов Арена”-и шаҳри Ростови соҳили Дон барпо мегардад.

Дар даври дувуми гурӯҳи Е мунтахаби Коста – Рика 22-юми июн дар шаҳри Санкт - Петербург бо мунтахаби Бразилия ва дар ин рӯз дар шаҳри Калининград тими миллии Сербия бо тими миллии Швейтсария рақобат мекунанд.

Бозии аввали гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Мексика имрӯз дар варзишгоҳи "Лужники"-и Маскав соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ду бозии дигари имрӯз, 17-уми июн:

Гурӯҳи F. Олмон — Мексика. Маскав. Варзишгоҳи "Лужники". Оғози бозӣ – соати 20:00.

Гурӯҳи Е. Бразилия — Швейтсария. Ростови соҳили Дон. Варзишгоҳи “Ростов Арена”. Оғози бозӣ - соати 23:00.

Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG