Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён ба камияш 14 пулисро дар марз бо Тоҷикистон куштанд


Шоҳроҳи Тахор
Шоҳроҳи Тахор

Дар пайи ҳамлаҳои Толибон ба чанд постгоҳи амниятӣ дар шимоли Афғонистон дастикам 14 пулиси марзбон кушта ва 6 тани дигар нопадид шуд. Дар ин бора мақомоти Афғонистон рӯзи 28 июн ба радиои Озодӣ хабар доданд. Ба гуфтаи Сунатулло Темур, сухангӯи волии вилояти Тахор, дар ҳамлаҳои шаби гузашта, ки дар ноҳияи Чоҳиоби вилояти Тахор ҷараён гирифт, чанд нафари дигар захм бардошт.

Ҷангҷӯёни мусаллаҳ баъди расидани нерӯҳои амниятии ҳукумати Афғонистонба ҷойи ҳодиса таҷҳизот ва мошинҳои ҷангиро бо худ бурданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт. Дар ин бора сухангӯи гурӯҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иддао кардааст. Ноҳияи Чоҳиоб дар наздикии марзи Тоҷикистон ва 80-километрии пойтахти Тахор ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG