Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон қимати табобат боло меравад. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон то чанд ҳафтаи дигар нархи хадамоти тиббӣ боло меравад. Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, гароншавии баъзе маҳсулот онҳоро водор кард чунин тасмим бигиранд. Аммо сокинон ва ба хусус қишри ниёзманд мегӯянд, аз ҳоло хабари боло рафтани нархи табобат онҳоро нигарон кардааст.

"Вазорат: Қарори 600 дигар мешавад"

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ зимни як нишасти хабари боло рафтани нархи табобат дар кишварро тасдиқ карданд. Сайидалӣ Ҳафизов, сардори Раёсати банақшагирӣ ва будҷаи соҳаи тандарустии Вазорати тандурустӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, нархи хадамоти тиббиӣ аз 10 то 15 дарсад гарон хоҳад шуд.

Хабари боло рафтани нархи табобат сокинони оддиро сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар бисёр ҳолат барои табобат охирин маблағашонро сарф мекунанд ва гарон шудани нарх онҳоро ба мушкилиҳо тоза рӯбарӯ мекунад.

Ҷаноби Ҳафизов зарурати ин амрро ба боло рафтани қурби асъори хориҷӣ ва сатҳи таваррум рабт дод. Ӯ гуфт, "айни ҳол як қисми маводҳои сарф аз дигар давлатҳо ворид мешаванд. Қурби асъори асъори хориҷӣ ва сатҳи таваррум баланд рафта истодааст". Ба қавли ин масъули Вазорати тандурустӣ, баъди тасдиқи нархномаи нав, он дар тамоми беморхонаҳо ҷорӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон расман табобат бепул аст, вале амалан аз рӯи нархномаи муқарраркардаи ҳукумат тибқи қарори 600-ум анҷом мегирад. Қарори 600 ё нархномаи арзиши хизматарасонӣ дар Тоҷикистон бори ахир соли 2014 тағйир ёфта буд. Дар Вазорати тандурустӣ бовар доранд, ки давоми чор сол зарурате ба вуҷуд омадааст, то нархҳо тағйир ёбанд.

"Нарх баланд равад маҷбурем назди табиби мардумӣ равем"

Хабари боло рафтани нархи табобат сокинони оддиро сахт нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар бисёр ҳолат барои табобат охирин маблағашонро сарф мекунанд ва гарон шудани нарх онҳоро ба мушкилиҳо тоза рӯбарӯ мекунад.

Саидбек Носиров, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, вақте мардум ҷойи кори аниқ надоранд, боло бурдани нархи табобат чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳамсарашро барои табобат ба шаҳри Душанбе овардааст. Мегӯянд, нархи табобат дар беморхонаҳо ҳоло ҳам барои ӯ гаронӣ мекунад.

"Халқ ҷойи кор надорад, пул нест боз аз куҷо пул ёфта маблағи изофаро пардохт кунем? Худи ман ҳеҷ ҷой кор намекунам, хайрият фарзандҳо ҳастанд ва аз Русия каму беш пул мефиристанд. Нарх дар ҳоли ҳозир ҳам қиммат аст. Як томография 400 сомонӣ шудааст, боз агар ҷарроҳӣ кунед, чанд баробар зиёдтар маблағ медиҳед",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Тоҷикистон худро давлати иҷтимоӣ муаррифӣ кардааст ва бахши тандурустӣ яке аз ду соҳаи ҳифзшавандаи будҷа ба ҳисоб меравад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳатто дар ҳолати ихтисори будҷа, маблағи ин бахш коҳиш намеёбад. Инчунин ҳамасола як қисми назарраси будҷа барои бахши тандурустӣ ҷудо мешавад. Соли равон аз будҷа барои бахши тандурустӣ беш аз якуним миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар Тоҷикистон нархи хадамоти тиббӣ гарон мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:04 0:00

Сокинон бо такя ба ин мегӯянд, дар шароите, ки ҳамаи нархҳо дар бозор баланд шуда, даромадашонро беқурбтар мекунад, беҳтар буд нархи табобат бетағйир монад. Баъзе мусоҳибони мо мегӯянд, бо гароншавии нархи табобат, маҷбуранд роҳҳои дигари табобатро ҷӯё шаванд.

Аз ҷумла Хайринисо Мусоева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, агар нархи табобат дар беморхонаҳо боз ҳам боло равад, маҷбуранд ба назди табиби халқӣ раванд. Мусоева мегӯяд, аз ҷойи зисташ ба шаҳри Душанбе келинашро барои табобат овардааст ва умедвор аст, ки бо нархи камтар метавонад ӯро дармон кунад.

"Мардум бояд донанд, ки маблағашон дар куҷо сарф мешавад"

Боло рафтани нархи табобат дар беморхонаҳо ягона мушкиле нест, ки шаҳрвандон аз он шикоят мекунанд. Чандин ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, хароҷоти онҳо барои табобат танҳо бо маблағи муайяншудаи расмӣ анҷом намеёбад.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, ба ҷуз маблағи расмӣ, маҷбуранд боз ба дасти табибон маблағи алоҳида бидиҳанд. Дар акси ҳол ба гуфтаи онҳо, метарсанд, ки табибон беморони онҳоро хуб нигоҳбин намекунанд. Коршиносон низ бо ишора ба ин вазъ мегӯянд, набуди шаффофият дар беморхонаҳои Тоҷикистон аз мушкилиҳои аслӣ ба ҳисоб меравад.

Шамсиддин Қурбонов, коршиноси соҳаи тибб ва директори Маркази хусусии тибби "Насл" мегӯяд, беҳтар аст нархи расмии табобат ҳамасола тағйир ёбад, то "дурғя, серӯягӣ” аз байн равад. Ба қавли ҷаноби Қурбонов, мардум бояд бидонанд, ки маблағи супурдаи онҳо барои кадом корҳо сарф мешаванд.

"Дар овезаҳои нарху наво як нарх аст, мардум мераванд ҳам дар хазина пул месупоранд ва боз ҳатман берун аз он барои қаноат кардани табибон дигар маблағ сарф мекунанд. Ин раванд бояд шаффоф бошад, мардум ва ҳам табибон огоҳӣ дошта бошанд. Ин бояд як системае бошад, доимо ивазшаванда ва бисёр самараноку шаффоф дар пеши назари мардум. Ба мардум гуфтан лозим аст, ки маблағи онҳо барои кадом корҳо сарф мешавад",-хулоса кард Қурбонов.

Шамсиддин Қурбонов, коршиноси соҳаи тиб.
Шамсиддин Қурбонов, коршиноси соҳаи тиб.

Шамсиддин Қурбонов афзуд, вақте ҳамаи маблағи табобат расман ба будҷаи беморхона ворид шавад, пас маоши табиб ҳам боло меравад ва ҳам "системаи пуштипардагӣ" аз байн меравад.

Нархи табобат дар Тоҷикистон борҳо мавриди баҳсу интиқодҳо қарор гирифтааст. Азҷумла Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд қаблан гуфта буд, ҳатто барои як ҷарроҳӣ аз сокинон аз 7 то 8 ҳазор доллар пурсида мешавад. Ӯ гуфта буд, "инҷо Япония не-ку. Духтур ҳам аз куҷо – Япония ё Америка? Мардуми бечора аз куҷо 7-8 ҳазор доллар пул меёбад? Агар муносибати табибон хуб бошад, бемор зудтар сиҳат меёбад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG