Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд сокини Ҳисор бо нишонаҳои сӯхтанӣ дар бемористон бистарӣ шуданд


Бар асари олудагӣ ба хуни говҳои бемор дар ҷамоати Ҷангалаки ноҳияи Ҳисор рӯзи шанбе 10 сокини маҳаллӣ дар бемористон бистарӣ шуда то 10 сентябр ду нафарашон аз бемористон ҷавоб шуданд. Мақомоти Идораи байтории ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ки ин афрод гирифтори бемории сӯхтанӣ – як навъ бемории гузаранда аз чорпои хонагӣ шудаанд.

Сокинони бистаришуда аз деҳаҳои Ҳуснобод ва Сайёди ҷамоати Ҷангалаки ноҳияи Ҳисор мебошанд. Ба иттилои расмӣ, баъди бозгашт аз чаро чанд гов аз по афтод ва ба ҳангоми талоши куштани ин чорпо чанд нафар ба хуни бемори чорпо олуда шуда ба бемористон муроҷиат кард. Говҳои аз по афтода ҳама кушта ва сӯзонда шуданд.

Олим Қаноатов, як корманди Идораи байтории ноҳияи Ҳисор рӯзи 10 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин говҳо эм нашуда буданд ва ҳамаи онҳое, ки даст ба хуни говҳои бемор задаанд, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Вай гуфт, гӯшти маризро ҳеҷ нафаре истеҳмол накардаст ва олудагӣ ба беморӣ танҳо дар паи тамоси даст ва хуни бемор рух дод.

Сангинмурод Раҷабмурод, раиси маҳаллаи деҳаи Ҳуснобод ва муовини мудири мактаби ҳамин деҳа гуфт, ки аз ҷумла се гов дар ҳамин деҳа кушта ва оташ зада шуд.

XS
SM
MD
LG