Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯ шиканҷа шудааст" Муҳокимаи Диловар Гулов дар Душанбе. САДО, ВИДЕО


Диловар Гулов.
Диловар Гулов.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасии парвандаи Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистонро шурӯъ кардааст.

Вакилони мудофеи Диловар Гулов мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт ва ҳабси пешакӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон дар латукӯби Дилшод Нарзуллозода, як корманди пулис гумонбар дониста мешавад.

Муҳокимаи писари Гул Шералӣ дар Душанбе шуруъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

"Диловар Гулов шиканҷа шудааст"

Абубакр Қулматов, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 9-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар курсии айбдорӣ Диловар Гулов танҳо аст ва парванда алайҳи се рафиқаш қатъ шудааст. Ба қавли ҷаноби Қулматов, рӯзи 8-уми октябр бояд мурофиаи дуввуми Диловар Гулов баргузор мешуд, аммо бо сабаби наомадани ҷониби ҷабрдида ба мурофиа, муҳокимаи баъдӣ ба рӯзҳои оянда мавқуф гузошта шуд.

То ба ҳол маълум нест, ки мақомоти интизомӣ дар мавриди иддаои шиканҷа шудани Диловар Гулов чӣ назар доранд.

Вакили мудофеи Диловар Гулов афзуд, алайҳи зерҳимояаш бо қисми сеюми моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ ё "авбошӣ дар ҳолати хавфнок", парванда боз шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба Гулов то ҳафт соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо вакилони мудофеи Диловар Гулов ба бегуноҳии ӯ исрор карда мегӯяд, зерҳимояш мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

"Ин ҳамааш гапи дурӯғ аст. Ин туҳматҳоро чӣ хел тасдиқ карданд? Баръакс, нисбат ба кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва нисбати худи ҷабрдида қисми маводҳои истеҳсолот алоҳида ҷудо карда, тафтиш идома дорад. Барои овардани шиканҷа ва дигар ҳолатҳои кор ҳастанд, ки ҷузъиёташро гуфта наметавонам, қисми маводҳои ҷудо шудагӣ аст. Шиканҷа нисбати Диловар ва рафиқонаш сурат гирифтааст", - гуфт Абубакр Қулматов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мурофиаи Диловар Гулов ба таъхир гузошта шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Абубакр Қулматов афзуд, феълан вазъи саломатии Диловар Гулов дар боздоштгоҳ хуб буда, мурофиаш низ ба шакли боз баргузор мешавад. То ҳол маълум нест, ки мақомоти интизомӣ дар мавриди иддаои шиканҷа шудани Диловар Гулов чӣ назар доранд.

Ҳодисаи латту кӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл сар зад.

Диловар Гулов (аз чап) ва Дилшод Нарзуллозода (аз рост).
Диловар Гулов (аз чап) ва Дилшод Нарзуллозода (аз рост).

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Табибони шифохонаи Қарияи Боло қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Нарзуллозода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

"Додситонӣ латту кӯби Диловарро таҳқиқ мекунад"

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иддаои латту кӯби Диловар Гулов феълан аз сӯи додситонӣ таҳқиқ мешавад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Гулов дар ин замина ба мақомоти дахлдор шикоят кардаанд

Сухангӯи ВКД афзуд, танҳо санҷиши мунсифона ва беғаразона муайян мекунад, ки иддаои латту кӯби Диловар Гулов асос дорад ё не.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Диловар Гулов дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисоб карда, аммо гуфтааст, ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода бо айби худи ӯ сар зад.

Диловар Гулов - сари забони расонаҳо

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон.
Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон.

Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст. Аммо наздикони Гулов борҳо ба бегуноҳии ӯ исрор карда, ӯро қурбонии “шикор”-и мақомоти умури дохилӣ хонда буданд.

Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ дар бораи писараш Диловар гуфта буд, "мумкин аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст."

Қазияи боздошти Диловар Гулов давоми се моҳи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баррасӣ шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди Гул Шералӣ будани ӯ ишора мекарданд, ки дар ниҳоят дигарон дар латукӯби милиса “гунаҳкор” мебароянд ва Диловар озод хоҳад шуд. Аммо зоҳиран мақомоти умури дохилӣ корро ҷиддӣ гирифтаанд ва писари собиқ Вазири энержии Тоҷикистон феълан дар ростои аз 5 то 7 соли зиндон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG