Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнами Сурайё: Ягон кӯдаки ятиму маъюбро сари роҳ нагузоред. ВИДЕО


Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, 37-солагии худро на дар тарабхонаву ҳалқаи ҳамкорон, балки бо шогирдони хонаи кӯдакони рақами дуи шаҳри Душанбе таҷлил кард. Тӯҳфаи зодрӯзиро 90 тифли ятиму бесарпаноҳ гирифтанд.

"Рӯзи беҳтарин буд"

Мо ба кӯдакон зиёд об намедиҳем. Мардуми мо мегӯянд, ки то 6-моҳагӣ ба тифлон об надиҳед. Ин хатост.

Шабнами Сурайё барои атфол як дастархони бошукӯҳе бо ғизову шириниҳо омода кард ва барои хушҳолии атфол рамзи қаҳрамонони афсонаҳоро ҳам даъват намуд. Шабнам дар ҳоле ки бархе кӯдаконро худаш хӯрок медод ва ба онҳо меҳрубонӣ мекард, гуфт, "ин беҳтарин ҷашни зодрӯзаш буд".

Шабнам рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, одат надорад зодрӯзашро ҷашн гирад: "Рости гап, чанд сол боз зодрӯзамро ҷашн намегирам. Имсол бо маслиҳати модарам Сурайё Қосимова, тағоям Сайёф ва бо кумаки дӯстам Хусравҷон фикр кардем, беҳтар аст, ин рӯзро бо ятимон таҷлил кунем. Ин рӯз барои ман беҳтарин рӯз буд."

"Ба кӯдакон бештар об диҳед"

Овозхони маъруф субҳи рӯзи 11-уми октябр меҳмони хонаи кӯдакон шуд ва чанд лаҳза барои атфол нақши модарро иҷро кард. Иззатуллои 4-моҳа бештар аз ҳама таваҷҷуҳи Шабнамро ба худ ҷалб намуд. Ӯ худаш ба ин тифл либоси нав пӯшонд, хӯрок дод ва сӯҳбат кард.

Ба нақли кормандони хонаи кӯдакон, Иззатулло аз модаре ба дунё омадааст, ки бемории руҳӣ дорад ва баъди таваллуд ба тарбияи хона-интернат гузошта шудааст. Шабнами Сурайё ба кормандони хонаи кӯдакон тавсия медод, ки ба Иззатулло ва кӯдакони дигар зуд-зуд об диҳанд, зеро ба гуфтаи ӯ ин барои сиҳатии атфол бисёр муҳим аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шабнами Сурайё зодрӯзашро дар хонаи кӯдакон таҷлил кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Шабнам, ки ба сафарҳои зиёди ҳунарӣ ба хориҷа меравад ва ҳамеша дар фикри саломатӣ ва зебоии худ мебошад, гуфт, дар Тоҷикистон мардум обро кам менӯшанд, дар ҳоле ки дар Аврупову Ғарб пайваста нӯшидани оби тоза одат шудааст: "Мо ба кӯдакон зиёд об намедиҳем. Мардуми мо мегӯянд, ки то 6-моҳагӣ ба тифлон об надиҳед. Ин хатост. Ҳама хориҷиҳо ба кӯдак тез-тез об медиҳанд."​

"Қаблан Садриддини Наҷмиддин омада буд"

Дар хонаи кӯдакони рақами 2 атфоли то 4-сола парасторӣ мешаванд. Аксарият бепарастору ятим ва гурӯҳе ҳам кӯдакони партофташудаанд. Кумаки афроди сарватманд ва шинохта ба афроди ниёзманду кӯдакони бепарастор дар иду маросими мазҳабию давлатӣ анъана шудааст. Аммо бори нахуст аст, ки як ҳунарманд ба баҳонаи зодрӯзаш ба кӯдакони ниёзманду бепарастор ҳам кумак ва ҳам маросиму тафреҳ ташкил кард.

Олима Низомиддинова, мураббии калони хонаи кӯдакони рақами ду гуфт, ташкили чунин чорабиниҳо барои кӯдаконе, ки дар муҳити пӯшида ва дур аз оғӯши модар тарбия мегиранд, бисёр муҳим аст.

  • "Онҳо дарк хоҳанд кард, ки дар дунё одамони меҳрубон кам нестанд. Шабнам хост, зодрӯзашро ҳамроҳи кӯдакон таҷлил кунад ва мо ҳам инро хуб қабул кардем. Аз овозхонҳо дар гузашта Садриддин Наҷмиддин ба аёдати кӯдакон омода буд. Дар маҷмӯъ, маъмулан дар иду ҷашнҳо мардуми саховатманд барои кӯдакон ҳамин хел ҷашнҳо ташкил мекунанд"

"Кӯдаконро напартоед"

Шабнами Сурайё бо навозандагонаш меҳмони атфоли ятим шуд ва барои кӯдакон чанд суруд ҳам хонд. Овозхоне, ки худ модари як фарзанд аст, кӯшиш мекард дар ин рӯз ҳама кӯдаконро ба оғӯш бигираду меҳрубонӣ кунад. Ӯ гуфт, дар зодрӯзаш орзу дорад дигар ягон кӯдак ятим намонад ва партофта нашавад.

Шабнами Сурайё бо кӯдакон
Шабнами Сурайё бо кӯдакон

"Ростӣ, ин кӯдаконро дидаму дилам чунон дард кард, ки... Орзу дорам, дигар ягон кӯдаки ятиму маълулро падару модарон сари роҳ нагузоранд. Хушҳолам, ки имрӯз бо инҳо ҳастам", - гуфт ӯ.

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, дар моҳи сентябр ба ҳаракати байналмилалии "Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил" пайваст. Ин барнома аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид сарпарастӣ мешавад ва Шабнам чанде пеш дар нишасти сатҳи баланд доир ба бемории сил дар Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк иштирок кард.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчун қосиди СММ муваззаф шудааст, ки то соли 2030 дар самти ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба сил саҳмгузор шавад. "Кӯшиш мекунам, барои кам шудани мавридҳои гирифторӣ ба сил ёрӣ кунам. Худо хоҳад, ҳар қадаре метавонам, кумаки худро дар ин самт мерасонам", - хулоса кард ӯ.

XS
SM
MD
LG