Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Искандари Хатлонӣ – марде аз сарзамини танҳоӣ. ВИДЕО


Ниҳолбӣ Носирова бо акси писараш Искандари Хатлонӣ
Ниҳолбӣ Носирова бо акси писараш Искандари Хатлонӣ

Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, дар ҳоле ки барои Радиои Озодӣ кор мекард, дар манзили иҷорааш дар Маскав ба қатл расид.

Инсоне, ки ҳаргиз бо овози баланд гап намезад, тундӣ намекард, тундхӯӣ намекард, чаро бо ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуд?

"Онҳо ба ҷазои худ расидаанд"

То кунун омилони қатли шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, пайдо ва муҷозот нашудааст.

Салими Аюбзод
Салими Аюбзод

"Фикр кардани онки то ҳанӯз қотилу қотилони ӯ озод ҳастанд ва аз ҳаво озод нафас мекашанд, дардовар аст. Ҳарчанд, фикр мекунам, ба ҷазои худ расидаанд. Барои онки қатли чунин фаришта ва ба чунин шеваи ваҳшиёна дар ҳеч дину ойин дуруст нест", - мегӯяд Салими Аюбзод, дӯст ва ҳамкори Искандари Хатлонӣ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Искандари Хатлонӣ – марде аз сарзамини танҳоӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:39 0:00

"Чӣ хел метавонӣ ба хонаи бародарат наравӣ?"

Мардони Муҳаммад, хабарнигори тоҷик, солҳои 90-ум бо Искандари Хатлонӣ дар бахши форсии Би-би-сӣ кор кардааст. Ӯ нақл мекунад, ки боре ба Маскав рафт ва дар ҳуҷраи иҷораи Искандари Хатлонӣ дар пойтахти Русия меҳмон шуд.

  • “Дар як утоқ худаш, ҳамсар ва духтараш ва як саги хеле калон мезистанд. Ҳар қадаре рад кардам, гуфт, ту чӣ хел метавонӣ ба Маскав биоӣ, вале ба хонаи бародарат наравӣ? Аз вазъи зиндагии вай огоҳ нашавӣ, бо хонаводааш ошно нашавӣ? Ин ҳеч мумкин нест.”
Мардони Муҳаммад
Мардони Муҳаммад

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев рӯзи 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод.

Падару модари Искандар омӯзгор буданд ва дар шаҳри Кӯлоб зиндагии хоксорона доштанд. Ӯ барои расидан ба орзуҳояш марҳилаи гуногуни равониро тай мекард ва баъзан ҳам эҳсоси кӯдакӣ бар сабр боло мегирифт.

"Дар шеъри нав Искандар муқаддам аст"

Меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ ӯро ба Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав бурд ва ин амр таҳаввулоте дар ҳаёти минбаъдаи ӯ ворид кард. Нахустин шеърҳои вай ҳанӯз дар айёми мактаби миёна дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.

Абдулҳамиди Самад
Абдулҳамиди Самад

Абдулҳамиди Самад, нависандаи тоҷик, охири солҳои 60-уми асри гузашта хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” буд ва шефтаи талошҳои адабии Искандари хурдсол шуд. “Аз ҳамаи инҳое, ки баъдтар шеъри наву сафед гуфтаанд, Искандар муқаддам аст”, - мегӯяд ӯ.

Истеъдоди Искандар аввал ба чашми модараш тофт. Модаре, ки дилдодаи адабиёт буд. Ниҳолбӣ Носирова мегӯяд, “яке аз забони модарӣ суол медодам ва агар намедонист, сурх мешуд. Баъд мегуфт, ки оча, ҳамон чизҳо дар кадом китобанд? Намеорӣ, бихонам.”

Нармӣ дар саҳнаи сиёсӣ

Искандари Хатлонӣ солҳои 80-ум тарҷумони мушовири раиси ҷумҳури Афғонистон буд ва дар Донишгоҳи Кобул дарс мегуфт. Соли 1989 бо хуруҷи артиши Шуравӣ аз ин кишвар берун рафт.

Искандари Хатлонӣ
Искандари Хатлонӣ

Баъдан ба ҳаракатҳои озодихоҳии тоҷикон пайваст. Аввалин маҳфили сиёсиро дар Тоҷикистон бо номи “Рӯ ба рӯ” таъсис дод. Искандари Хатлонӣ дар талошҳои сиёсиаш ҳам аз нармӣ кор мегирифт.

“То ҳозир аз марги Искандари Хатлонӣ дар ҳайрат ҳастам. Инсоне, ки ҳаргиз бо овози баланд гап намезад, тундӣ намекард, тундхӯӣ намекард, чаро бо ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуд?” – суол мегузорад Абдулҳамиди Самад.

Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ, назири “Парвоз” (1981), “Шукуфа” (1986), “Садои пои вожаҳо” (1988) ва “Кушоиш” рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмӯаи комил гирдоварӣ нашудаанд.

XS
SM
MD
LG