Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодагони Тоҷикистон дар бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ


Нобасомониҳои солҳои навадуми Тоҷикистон на танҳо раванди таърихи кишварро таҳти таъсир қарор дод, балки сарнавишти ҳазорон инсонро низ дигар кард. Хелеҳо аз кишвар берун рафтанд.

Миёни фирориён даҳҳо афроди соҳибистеъдоде буданд, ки дар кишварҳои дуру наздик барои худ хонаи нав ёфтанд ва то кунун барои пеш бурдан рӯзгори худ берун аз ватан кор мекунанд.

Дар канори Бишкек, дар яке аз маъруфтарин бозорҳои Осиёи Марказӣ – "Дордой" хабарнигори Радиои Озодӣ бо зодагони Тоҷикистон вохӯрд, ки кишварро дар солҳои 90-ум тарк кардаанд.

Аз фирорӣ то тоҷир

Абдусамад, як сокини шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), ки дар Бишкек ба сар мебарад, мегӯяд, дар соли 1992 онҳо дар оғоз ба Узбекистон рафтанд ва пас аз як соли зиндагӣ дар онҷо, тасмим гирифтанд, ки ба Қирғизистон кӯч банданд.

Пештар теъдоди савдогарон аз Тоҷикистон, ки дар бозори "Дордой" кор мекарданд, ба гуфтаи соҳибкорон, хеле зиёд буд, вале бо суст шудани савдо, ҳамаи онҳо худро аз ин кор берун кашиданд.

Ҳамроҳ бо писараш наздик ба 24 сол мешавад, ки ӯ дар бозори "Дордой" кор мекунад. Абдусамад тиҷорати худро аз фурӯши лимон дар бозор шурӯъ кард ва баъдан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, ки онҷо нахустин сармояҳои худро барои тиҷорати нав ба даст овард.

Абдусамад мегӯяд, як сол дар сохтмонҳо кор кард ва пули муайяне ба даст оварду ба ин ҷо баргашт -- ниме аз пулро маҷбур шуд ба хона бифиристад, бо ними дигар ҳамин кореро, ки ҳоло машғули он аст, оғоз кунад.

Ҳоло дар "Дордой" ӯ як контейнери калонеро ба иҷора гирифтааст ва пойафзоли варзишӣ мефурӯшад. Молро аз Чин ворид мекунад ва дар бозор ба ҳамкасбонаш аз Тоҷикистону Қазоқистону Узбакистон ва Русия ба тиҷорат машғул аст.

"Пештар мо тамоми моли худро ба таври яклухт барои савдогарони кишварҳои наздиктар мефурӯхтем, ҳоло савдо суст аст, ночор мешинему чаканафурӯшӣ мекунем",-бо нигаронӣ мегӯяд Абдусамад. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз ҳама мушкилоти тиҷораташ, ӯ тасмим надорад, ки корашро тарк кунад. Абдусамад аз солҳо ба ин тараф шиносномаи қирғизиро соҳиб шудааст ва ҳар сол барои хабаргирии пайвандонаш ба Тоҷикистон меравад.

Бо диплом дар бозор

"Ба Бишкек ман дар соли 1996 омадам, зеро ин ҷо бародари ман кору зиндагӣ мекард. Ба ҷуз ин, мо бисёр вазъи шадиди иқтисодӣ доштем ва бояд ба ягон роҳе зиндагӣ мекардем",- хотироташро варақ мезанад Музаффар Давлатмамадов, зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон.

Ӯ низ 14 сол аст, ки дар бозори "Дордой" савдогарӣ мекунад. Таҳсил дар Донишгоҳи сохтмону меъмории Қирғизистон ва ба даст овардани дипломи иқтисоддон, ба гуфтаи Музаффар, он замон барояш дурнамои хосеро бозгӯ накард. Зеро дар кишвар бӯҳрони сартосарӣ вуҷуд дошт ва пайдо кардани кори хуб осон набуд.

Баъди хонадор шудан, ӯ бо ҳамсараш тасмим гирифт, ки корро дар бозор оғоз кунад. "Он замон дар кишвар на ба ҳама муяссар мешуд пули хубе ба даст биоварад, вале дар бозор ин имконпазир буд. Он замон дар баробари мо духтурон, номзад ва докторҳои илм низ кор мекарданд. Агар бар асоси ихтисос кор мекарданд, ҳеч вақт мисле, ки дар бозор пул меёфтанд, фоида дарёфт намекарданд",-нақл мекунад ин соҳибкор.

Тайи ин ҳама солҳо ӯ ба Қирғизистон аз Чин либоси занона ворид мекунад ва мефурӯшад.

Болотарин қуллаи тиҷорат дар давоми 14 соли кор, ба гуфтаи ин тоҷир, солҳои 2003-2010 буд, ки савдогарон даромади зиёде аз ҳисоби фурӯши мол ба ҳамкасбони тоҷику қазоқу узбаку русашон ба даст меоварданд.

"Баъди пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ, савдо бисёр суст шуд. Феълан тақрибан савдо нет. Гап сари ин аст, ки ҳоло дар бозор талабот нисбат ба матоъҳои маҳаллӣ бештар аст. Молҳое, ки мо аз Чин меоварем, наметавонанд аз нигоҳи нарх бо маҳсулоти маҳаллӣ рақобат кунанд. Ба ҷуз ин, дар ин авохир дарёфти раводиди Чин бисёр мушкил шудааст",- шарҳ медиҳад Давлатмамадов.

Музаффар ҳам ҳар сол мисли Абдусамад ба Ватан меравад, то падару модар ва наздиконашро хабар бигирад. Ӯ ҳоло шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтааст. Ояндаи худ ва фарзандонашро ӯ марбут ба Қирғизистон медонад.

Пештар теъдоди савдогарон аз Тоҷикистон, ки дар бозори "Дордой" кор мекарданд, ба гуфтаи соҳибкорон, хеле бештар буд, вале бо суст шудани савдо ҳамаи онҳо аз ин кор худро берун кашиданд. Бозори "Дордой" бузургтарин бозори Осиёи Марказӣ дониста мешавад ва нуқтаи муҳими тиҷорат байни Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахши осиёии Русия мебошад.

Бар асоси тадқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2009 дар ин бозор ба таври мустақим ва ғайримустақим ҳудуди 150 ҳазор нафар машғули кор буд ва гардиши солонаи бозор тақрибан 3 млрд долларро дар бар мегирифт. Савдогарони Тоҷикистон ҳам аксаран колоҳои худро аз ин бозор харидорӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG