Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ду соли марги Каримов. Тоҷикистону Узбекистон шарики стратегӣ шуданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Порлумони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро тасвиб кард. Ин созишнома моҳи августи имсол дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд. Тоҷикистон бо Русияву Чин ва Қазоқистон низ шарики стратегист.

Узбекистон барои сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои зебои Тошканд замин ҷудо кард. Муомилоти мазкур одилона аст.

"Додугирифт ба тақрибан 200 млн доллар расид​"

Зоҳир Саидзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр дар порлумон гуфт, созишнома ба рушди муносибатҳои Душанбеву Тошканд, ки “марҳилаи мушкилро паси сар кардаанд”, сабаб хоҳад шуд. Ӯ гуфт, дар нуҳ моҳи имсол додугирифт миёни ду кишвар ба тақрибан 220 миллион доллар расидааст.

“Ҳадафи созишнома устувор намудани муносибатҳо аст, ки таъриху тақдири муштарак доранд. Тасвиби мувофиқатнома ба манфиати миллии Тоҷикистон созгор аст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки тарафҳо ба густариши ҳамкориҳо омодаанд”, - афзуд ӯ.

1,2 гектар замин барои сохтмони сафоратҳо

Олимҷон Бобоев
Олимҷон Бобоев

Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва узви Маҷлиси Намояндагон, гуфт, қаблан ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқии порлумон ба ин тарҳи созишнома баҳои мусбат додаанд.

Дар ҳамин рӯз порлумони Тоҷикистон барои ҷудо кардани қитъаи замин ба сохтмони намояндагиҳои дипломатии Узбекистон дар Душанбе низ ризоият дод. Ин замин аз 1,2 гектар иборат буда, дар наздикии сафорати Русия, дар ҳудуди шаҳраки дипломатии Душанбе ҷойгир буда ва барои 49 сол ба истифодаи Узбекистон дода шуд.

Зоҳир Саидзода, муовини вазири умури хориҷӣ гуфт, дар иваз Узбекистон ҳам барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд барои 49 сол 1,2 гектар замин ихтисос додааст.

Ӯ гуфт, ҳангоми ҷудо кардани замин барои сохтмони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Тошканд ва намояндагиҳои Узбекистон дар Душанбе усули баробарӣ риоя шудааст.

"Муомилаи мазкур одилона аст"

Гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон
Гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон

“Узбекистон барои сафорати Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои зебои Тошканд замин ҷудо кард. Муомилоти мазкур одилона аст. Тибқи мувофиқи ҳосилшуда дар шаҳри Тошканд маҷмаи биноҳои намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд мегардад”, - афзуд ӯ.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин созишномаҳо баёнгари он ҳастанд, ки ду тараф нақшаи дарозмуддати ҳамкориро доранд.

Тоҷикистону Узбекистон дар замони раёсати Ислом Каримов беш аз бист сол равобити тира ва мушкил доштанд. Ин равобит тирамоҳи соли 2016, баъди даргузашти Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев оддӣ шуд.

Зимнан, дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Дар соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид.

Президентҳои ду кишвар баҳори имсол дар Душанбе эълон карда буданд, ки мехоҳанд ин рақамро ба як миллиард доллар расонанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG