Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дагихудо Дагиев: Тоҷикони бурунмарзӣ бояд бо ҳам иртибот дошта бошанд


Пажӯҳишгари тоҷик дар Бритониё бо иттифоқи муҳаққиқони дигари тоҷику хориҷӣ китоби наверо бо номи «Ҳуввият, таърих ва масъалаи миллӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро нашр кард, ки ба таҳқиқи мардуми сокини Помир (имрӯз сокинони Тоҷикистону Афғонистон ва Чину Покистон) бахшида шудааст. Ҳаммуаллифи дигари ин китоб Карол Фошер мебошад.

Ин китоби дуюми донишманди тоҷик аст, ки дар Лондон нашр мешавад. Соли 2013 нахустин таҳқиқоти Дагихудо Дагиев бо номи “Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” ҳам дар Лондон бо забони англисӣ нашр шудааст.

Дар мавриди ҳуввияти қавми помирӣ

Ин мардум гунаҳкор нестанд, ки имрӯз берун аз ҷуғрофиёи Тоҷикистон ҳастанд - дар кишварҳои Узбекистону Покистону Чин ва Афғонистон ҳастанд. Мо ҳатто то замони истиқлол намедонистем, ки дар Чин тоҷикон ҳастанд.

Дагихудо Дагиев: Ин китоб аслан дастоварди конфронси бузурги Осиёву Аврупо буд, ки соли 2014 дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор гардид. Дар онҷо як бахши пажуҳишӣ дар мавриди омӯзиши мардуми манотиқи Помир (помиршиносӣ) буд ва донишмандон дар ин замина маърӯзаҳои гуногун доштанд. Яке дар мавзӯи омӯзиши таърих буд, дигаре ҳуввият ва ҳамин тавр ҷуғрофӣ ва густаришу омӯзиши забонҳои ирони шарқӣ дар ин манотиқ. Мо вақте «Помир» мегӯем, ишора ба минтақаи ҷуғрофиест, ки дар шарқи ин кишвар ҷойгиранд ва дар ниҳоят ба кӯҳҳои Ҳимолой мепайванданд. Ва ҳамин тавр имрӯз мафҳуми Помирӣ ишора ба мардумест, ки дар доманаи ин манотиқи кӯҳи зиндагӣ мекунанд. Ин минтақа феълан байни чаҳор кишвар - Тоҷикистон, Афғонистон, шимоли Покистон ва Чин тақсим шудааст.

Китоб, чуноне ки ишора рафт, дар бахшҳои мухталиф марбути ин сарзамин ва мардуми муқимии он баҳс мекунад. Аз ҷумла, доир ба таърихӣ ҷуғрофии ин минтақа ва тақсимбандии замони импературиҳои Бритониё Кабир ва Шоҳигарии Рус, ки ба хотири таъмини бехатарии хеш тасмим гирифтанд, то ки кишвареро бо номи Афғонистон ҳамчун сипар (буфер) бунёд карданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин табартақсим бештар аз ҳама мардуми тоҷик зиён дид.

Радиои Озодӣ: Яъне ба таърихи тақрибан 2-3 аср пеш бармегардад?

Дагихудо Дагиев: Ду аср - аз авохири қарни 19 ва авоили қарни 20. Ин замоне буд, ки ду императорӣ на танҳо кишвареро бо номи Афғонистон бунёд карданд инчунин тарҳи марзу буми минбаъдаи ин сарзаминро низ кашиданд. Воқеият ин буд, ки ин ду императорӣ ҳеҷ таваҷҷуҳе ба таъриху фарҳанг, эътиқоду қавмият ва вазъи мардуми ин сарзамин надоштанд, ба ҷуз аҳдофи империалистонаи худхоҳи хеш. Имрӯз, ки мебинем, ҳам тааҷубовар ва ҳам аламовар аст, ки як қисм тоҷикон дар Тоҷикистон ва қисми дигар дар Узбекистону Афғонистон ва Чину Покистонанд. Ва аз ин ҳам дардноктараш он аст ки мо қариб равобити қавмӣ – фарҳангӣ бо ҳам надорем.​

Дагихудо Дагиев

45 сол дошта, 18 соли ахир дар Бритониё зиндагиву кор мекунад. Зодаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон аст. Солҳои 1990-1992 дар Душанбе дар факултаи таърихи донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ба Бадахшон баргашт. Cоли 1994 таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи Хоруғ идома дод. Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард ва соли 1999 дар Хоруғ ба барномаи мутолеоти исмоилии Khorog English Program пайваст. Баъд аз хатми барномаи омӯзишӣ, бар асоси имтиҳон, дар ҳайати панҷ донишҷӯи беҳтарин барои таҳсил ба донишгоҳи Омӯзиши Кишварҳои Шарқу Африқо (SOAS) роҳхат гирифт. Бо ихтисоси исломшиносӣ дар бахши магистратураи факултаи фалсафаи донишгҳои бонуфузи Оксфорди Бритониё таҳсил кардааст. Барои гирифтани унвони доктори илмҳои сиёсӣ ва фалсафӣ таҳсилро дар Донишгоҳи Коледжи Лондон идома дода, рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Демократикунонӣ дар кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ” дифоъ кардааст.

Бахши дигари китоб дар мавриди ҳуввияти қавми мардуми сарзамини Помир аст, ки имрӯзҳо дар расонаҳо баҳсу мунозира зиёд сару садо медиҳанд. Яке аз мавзӯҳои ҳассостарин дар ин раванд он аст, ки оё помириҳо тоҷик ҳастанд ё не. Дар ин баҳс китоби мазкур бар асоси сарчашмаҳои таърихӣ ва афкори донишмандон ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Ҷолиб ин аст, баъд аз мутолиаи ин сарчашмаҳо таърихӣ ва хотираву навиштаҳои донишмандон, саёҳони аврупоӣ ва инчунин ҷосусҳои инглису русҳо мусаллам мегадад, ки мардуми ин минтақа яъне Помир пеш аз оне ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари қавмӣ/миллӣ арзи вуҷуд кунад, худро тоҷик ва забонашонро тоҷикӣ меномиданд.

Онҳо хуб огаҳӣ доштанд аз мардумони манотоқи ҳамсоя, ба мисли Даврозу Ғарм, ки ин мардум ҳам худро тоҷик ва забонашонро форсӣ мегуфтанд. Ва аз онҳо форсивон ёд мекарданд, яъне мардумоне ки форсӣ мегуфтанд. Вале, мутаасссифона, баъд аз онки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари миллӣ арзи вуҷуд кард ва номи забони форсиро ҳукумати болшевикҳо тағйир ба тоҷикӣ кард, дигар мардуме, ки имрӯз дар ин минтақаи Помир сукунат доранд, иҷборан зарурат пеш омад, ки истилоҳи дигар барои ифодаи номи забони хеш ба кор бибаранд. Воқеан, дар ин кор саҳми русҳо бештар буд, аз ҷумла донишмандону сиёматмадорони рус тасмим гирифтанд, ки забонҳои шарқи иронии ин сарзаминро аз ин ба баъд бо номи «забонҳои помирӣ» ном бибаранд.

Аз ин ҷост, ки истилоҳи "Помир" ва "помирӣ" арзи вуҷуд кард. Вале чуноне ки зикр рафт, қабл аз бунёд Тоҷикистон ҳамчун кишвари қавмӣ/миллӣ дар ҳайати Шуравӣ, мардуми Помир худро тоҷик ва забони хешро тоҷикӣ мегуфтанд, ва забони имрӯзаи «тоҷикӣ» ро форсӣ гуфтанд ва аз ин мардум форсизабон ё форсивон мегӯфтанд, ки ҳанӯз ҳам афроди зиёде дар Бадахшон ёд доранд, ки падарбузургу модарбузургашон аз «тоҷик» забонҳои дигар манотиқи ҳамсоя форсивон мегӯфтанд. Ҳамчунин дар китоби тозанашр мақолаҳо перомуни забонҳои вахӣ, хатти роҳи абрешим дар Вахонзамин, тоҷикони Чин, Саид Мунир ва Саид Ҳайдаршо ва фаъолиятҳои сиёсӣ ва муборизаи онҳо, Носири Хусрав ва афкори фалсафии ӯ, Бадахшон зодгоҳи Зардушт, дар бар гирифтааст.

Тоҷикон - аз Тоҷикистон то Чину Покистон

Радиои Озодӣ: Ҳоло аз рӯи ҳисобҳои шумо дар замони имрӯз маконҳои зисти тоҷикон ва тоҷикзабонон дар кадом қаламрав аст ва шуморашон тахминан чӣ қадар ҳисоб шудааст?

Дагихудо Дагиев: Тоҷикон бештар дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистону Узбекистон, инчунин дар Афғонистон, Чин ва Покистон зиндагӣ мекунанд. Вале аз рӯи ҳисобҳое, ки солҳои ахир ба даст овардем, дар Покистон шояд тоҷикон аз ҳама бештар бошад.

Чунки дар шимоли Покистон ин мардум дар гузашта ҳамчун тоҷик ёд шудаанд, яъне забони фарҳангашон форсӣ буд ва аз дидгоҳи урфу одату суннату таърих бо мо пайвастагии ногусастанӣ ва хешу табори доштанд. Як гуруҳи дигари тоҷикон ҳастанд, ки бо номи свотиҳо муаррифӣ шудаанд ва солҳои охир сару садо баланд карданд, ки тахминан 13 миллион нафарро дар бар мегиранд. Ва онҳоро дар Покистони имрӯза аз дидгоҳи қавмӣ ҳамчун паштун номнавис кардаанд. Вале онҳо мегӯянд, ки паштун номи қавмест, ки тақрибан якчанд садсолаи ахир ҳамчун ҳуввияти қавми рушду нумӯъ ёфтааст ва ин ҳам бештар дар натиҷаи таъсири сиёсати мустамликдории инглис будааст, ки як қавмеро бо номи паштун ва кишвареро бо номи Афғонистон бунёд гузоштааст.

Аз назарпурсиҳо ва баррасиҳо дар Покистон шояд ҳудуди аз 20-30 миллион тоҷикон сукунат дошта бошанд. Тоҷикони Афғонистон, мутаассифона, баъд аз замони вуруди қушунҳои шӯравӣ то кунун ҳисоби дуруст нест. Вале аз рӯи тахмин дар Афғонистон 10-12 миллион тоҷикон ҳастанд ва шояд бештар аз он ҳам бошанд. Чунки зиёд тоҷикон дар ин кишвар гумноманд. Ҳамон тавре, ки дар замони Шӯравӣ тоҷиконро бо роҳи иҷборӣ узбек ном навис мекарданд, дар Афғонистон ҳам ҳукумати паштун чунин амалро раво дидааст.

Радиои Озодӣ: Яъне манзури шумо онҳое ҳастанд, ки худро тоҷик эътироф мекунанд?

Дагихудо Дагиев: Бале, эътироф мекунанд. Масалан, як қавме аст дар Афғонистон бо номи пашаӣ. Ин қавм дар гузашта ҳамчун тоҷик худро мешинохтанд, бо забони иронии шарқӣ суҳбат мекарданд. Вале имрӯз онҳо дар шиносномаҳо бо номи пашту сабти ном гардидаанд, ҳоло он ки ҳанӯз бештари онҳо форсиро ёд дорад ва аз падарбузургонашон мегуфтанд, ки "мо - тоҷикем". Имрӯз, мутаассифона, дар шиноснома пашту сабти ном шуданд. Ин сиёсат ҳанӯз дар Афғонистон дар авҷ аст. Ҳукумати имрӯзаи Афғонистон аз кулли мардуми ин кишвар мехоҳад, ки худро ҳамчун афғон сабти ном кунанд.

Дар Чин тоҷикон шояд аз 30 то 50 ҳазор нафар бошанд. Вале як гурӯҳе тоҷиконе бо номи суғдиҳо ҳастанд. Як нафари онҳо бо мо дар тамос аст ва мегӯяд, ки мо тақрибан 20-30 миллион ҳастем, вале мо суғдӣ ҳастем. Онҳо худро халқҳои эронинажод Чин медонанд, аммо, мутаассифона, ба ҷуз аз чанд афрод дигар мардум забони худро гум кардааст ва бо забони чинӣ ҳарф мезананд. Дар Узбекистон тахминан дар ҳудуди 10-15 миллион тоҷикон мебошанд. Мутаассифона, ҳукумати ин кишвар мисли ҳукумати Афғонистон ҳаргиз иҷоза надод, ки ташхисоти мушаххас дар ин маврид анҷом шавад.

"Ҷаҳонишавӣ мисли як сел ҳама чиро дар роҳи худ маҳв месозад"

Радиои Озодӣ: Чаро омӯхтани ин чизҳо дар ҷаҳони имрӯз муҳим аст? Бархе андешаҳое вуҷуд дорад, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дигар ин чизҳои ҷузъии мисли мансубияти милливу динӣ ба ҷойи дуввум мегузарад, талош барои ҳуввиятшиносӣ моро ба қафо мепартояд, дар ҳоле, ки мо бояд пешрафт кунем ва тоҷикон ба пешрафтҳои иқтисодӣ ниёз дорад. Мунаққидон мегӯянд, баҳси ҳуввият моро бештар даргири худамон мекунад. Ба чунин андешаҳо чӣ посух дода метавонед?

Дагихудо Дагиев: Мавзӯъ ин аст, ки мо метавонем ин суолро аз паҳлӯи дигар назар кунем. Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурат барои омӯзиши таъриху решаҳои қавмӣ ва фарҳангии хеш дорем. Чунки ҷаҳонишавӣ мисли як селоб аст, ки ҳама чиро дар роҳи худ маҳв месозад, вале агар дарки амиқ дар мавриди худшиносӣ, шинохти таърихиву решаҳои қавмии хеш дошта бошем, то ҷое метавонӣ истодагарӣ бикунем ва аз ҳастии хеш ҳамчун як қавм ки таъриху фарҳанги муштарак дорад, пуштибони кунем


Радиои Озодӣ: Шумо розӣ ҳастед, ки имкони чунин омӯзишҳои фарогир барои Тоҷикистони соҳибистиқлол тоза пайдо шудааст ва ҳанӯз бисёр масъалаҳо дар мавзӯи таъриху ҳуввияти миллӣ дуруст омӯхта нашудаанд?

“Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” соли 2013 дар Лондон нашр шуд
“Интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ. Миллатгароии сиёсӣ ва тағйирот дар Тоҷикистону Ӯзбакистон” соли 2013 дар Лондон нашр шуд

Дагихудо Дагиев: Ин мардум гунаҳкор нестанд, ки имрӯз берун аз марзи ҷуғрофиёи Тоҷикистонанд - дар кишварҳои мисли Узбекистону Покистон ва Чину Афғонистон ҳастанд. Мо ҳатто то замони истиқлол намедонистем, ки дар Чин ҳам тоҷикон ҳастанд. Дар Чин тақрибан шояд 10-20 миллион бошад аз руи ҳисобҳо. Ин бисёр муҳим аст. Муҳим аст, ки бидонем, ки торихи мо аз куҷо шуруъ мешавад ва дар кадом минтақаҳо тоҷикон ҳастанд. Мавзӯи иқтисодӣ бисёр муҳим аст. Иқтисод имрӯз мавзӯи калидӣ аст, вале иқтисод чизе аст, ки бештар ба ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати иқтисодии он марбут аст. Мисли мо, афроде, ки пажуҳишгари улуми иҷтимоӣ ва берун аз Тоҷикистон ҳастанд, имкони ин гуна барномаҳои иқтисодиро баррасӣ кардан хеле кам аст ва дар ин кор саҳму заҳмати ҳукумати кишвар ва самти сиёсати иқтисодии он муҳим аст.

Шинохту дарки қавми худ ва гузашта хеле муҳим аст. Барои онки Тоҷикистон ҳанӯз дар давраи гузариш аст ва дар пайи пошхӯрии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дубора зарурати омӯзишу шинохту решаҳои бунёди ҳуввияти қавмии тоҷикӣ пеш омадааст. Барои ин бисёр муҳим аст решаҳои худро хубтар биомӯзанду натиҷагирии дуруст кунанд ва инчунин як равобити хуб ва дурусти фарҳанги миёни тоҷиконе, ки берун аз марзу буми Тоҷикистон ҳастанд баррасӣ гардад.

XS
SM
MD
LG