Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти муҳоҷире, ки сарашро бурида дар бухорӣ партофтанд, маълум шуд. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шахсияти як муҳоҷири тоҷик, ки се рӯз пеш дар ноҳияи Ленини вилояти Волгогради Русия сарашро бурида ва дар бухорӣ партофтанд, маълум шуд. Масъулони Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ӯ Саидҷон Холерови 51-сола аз ноҳияи Шаҳринав аст".

Як корбари Радиои Озодӣ аз шаҳри Иркутск ба Радиои Озодӣ навишт, ки Саидҷон Холёров сокини деҳаи Пахтакори ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав аст ва 4 фарзанд доштааст.

Аз мақомот хостанд, наздикони Саидҷонро пайдо кунанд

Саидаҳмад Маҳмадов – раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград – гуфт, талош доранд ки тавассути мақомоти интизомии кишвар наздикони муҳоҷири кушташударо пайдо кунанд. "Бояд бо онҳо маслиҳат кард, ки ҷасадро ба ватан интиқол диҳем ва ё дар ҳамин ҷо дафн кунем", - афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ба омӯзиши ҳодисаи қатли ин муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгогради Русия оғоз кардаанд.

Ҳодисаи буридани сари муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Ленини вилояти Волгогради Русия рӯзи 4-уми декабр рух дод. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди узбектабори Русия гумонбар аст. Ному насаби ӯ эълон нашудааст. танҳо гуфта мешавад, ки 36 сол дорад.

“Ҳамагӣ ду ҳафта дар ферма кор кардааст”

Раиси Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград мегӯяд, Саидҷон Холёров ба нигоҳубини чорвои калон машғул буд ва 15 рӯзи пеш барои кор ба як фермаи ноҳияи Ленин омада буд. "Ҳама санадҳояш аз рӯи қонуни Русия дуруст будааст. Ӯ 7 моҳ дар дигар минатқа чӯпонӣ мекард. Вақте мардуми онҷо дигар чорвояшонро ба чаро надоданд, рӯзи 20-уми ноябр барои кор ба фермаи ноҳияи Ленин омадааст. Ҳамагӣ ду ҳафта дар инҷо кор кардааст”, - гуфт Маҳмадов.

Раиси Ҷамъияти тоҷикони Волгоград афзуд, гумонбар дар қатли муҳоҷири тоҷик баъди панҷ рӯзи омадани Саидҷон Холёров ба ферма барои кор қабул шуда буд.

Эълони шахсияти муҳоҷире, ки дар Волгоград бераҳмона кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Саидаҳмад Маҳмадов, гумонбар шаҳрвандии Русияро дошта, аз тарафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Волгоград дастгир шудааст. Кумитаи тафтишотӣ дар Волгорад рӯзи 6-уми декабр гуфт, ки ӯ пурра ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Аз ин пеш Евгений Вистропов, масъули Кумитаи тафтишотии вилояти Волгогради Русия ба расонаҳо гуфта буд, ки "вазъи равонии вай солим арзёбӣ намешавад".

“Сарашро дар бухорӣ мепартояд, танашро зери коҳ мекунад”

Дар бораи қатли муҳоҷири тоҷик нахуст сомонаи "НовостиВолгоград.ру" хабар дод. Ин нашрия навишт, куштори бераҳмона дар деҳаи Бахтияровкаи ноҳияи Ленини вилояти Волгогради Русия, дар як корхонаи чорвопарварӣ рух додааст.

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Волгоград дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса аз онҷо шуруъ шуд, ки шаби 3-юми декабр муҳоҷири тоҷик бо ҳамтои узбекаш баҳс карданд.

  • “Субҳи 4-уми декабр баҳси онҳо давом мекунад ва гумонбар аввал Саидҷон Холёровро бо корд ба ҳалокат расонда, сипас сарашро мебурад ва ба дохили бухорӣ мепартояд. Ҷасадашро дар зери коҳ пинҳон мекунад. Дар ин бора ба як ҳамкори русаш гап мезанад. Бегоҳи рӯзи 4-уми декабр мақомот гумонбарро боздошт мекунанд.”

“Дар Русия гӯронем ё ба Тоҷикистон фиристем”

Роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Волгоград мегӯяд, ҷасади муҳоҷири кушташудаи тоҷик феълан дар сардхонаи ноҳияи Ленини ин минтақа нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфт, то ҳол наздикони муҳоҷири кушташударо пайдо накардаанд, то дар бораи ба Тоҷикистон фиристодан ё дар Русия дафн кардани ҷасад аз онҳо иҷоза бигиранд.

Саидаҳмад Маҳмадов афзуд, Саидҷон Холёров бори ахир як ҳафта пеш бо писараш, ки ӯ ҳам муҳоҷир будааст, вохӯрда, пулҳояшро ба ӯ додааст.

Феълан, тибқи иттилои расмӣ то 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ба Русия мераванд. Пулҳои фиристодаи онҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаашон то 40 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

  • Агар наздикони ин муҳоҷири кушташударо медонед, ба мо хабар диҳед ва аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграм ва ё Вотсапп. Шумораи моро дар телефони худ ҳифз кунед: +420 724 053 959
XS
SM
MD
LG