Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Русия. Роҳи тоҷикон ба бозори кори Қатар боз шуд


Тоҷикистон ният дорад, то панҷ моҳи дигар роҳи муҳоҷиронро ба бозори кори Қатар боз кунад. Ин имкон пас аз имзои созишнома миёни Тоҷикистону Қатар дар бораи танзими нерӯи корӣ фароҳам шудааст.

Созишнома, ки ҳудуди се сол боз аз тарафи ҷонибҳо баррасӣ мешуд, рӯзи 3-юми феврал дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, миёни Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва ҳамтои қатарияш Юсуф бин Муҳаммад-ал Усмон Фахру ба имзо расид.

Қатар дар сармоягузории чандин лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва сохтмони маҷмааи "Диёри Душанбе" саҳм дорад.

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, созишномаро барои интиқоли корҷӯёни тоҷик ба Қатар ва дарёфти бозори нави корӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, "дар ин самт баъзе расмиёт боқӣ мондааст, ки ба зудӣ ҳал мешаванд".

"То моҳҳои май-июни ҳамин сол умедворем расмиёти дохилӣ анҷом ёфта, кор амалан сар мешавад", - афзуд ӯ.

Баҳром Самадов, як масъули вазорат гуфт, манзур аз расмиёти дохилидавлатӣ, тасвиби созишнома дар порлумонҳои ду кишвар аст. Ӯ афзуд, ҷалби коргарон на аз тариқи ширкатҳои хусусӣ, балки тавассути Оҷонсии таъмини кор дар вазорати меҳнат ва бар асоси тақозои кордиҳандагони Қатар роҳандозӣ мешавад.

Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

"Дар назар аст, шаҳрвандон бар асоси шартномаи байни коргар ва корфармо, ки тибқи қонуни Қатар оид ба меҳнат танзим мегардад, кору фаъолият намоянд. Қатар дархостҳои худро барои қабули муҳоҷирон пешниҳод мекунад, мо мебинем ва бар асоси он шаҳрвандонро омода карда, мефиристем", - гуфт ӯ.

Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, дар созишнома ҳамчунин пешбинӣ шудааст, қабл аз сафар, муҳоҷирони кории тоҷик бо мусоидати корфармои қатарӣ забони арабӣ меомӯзанд. Баҳром Самадов афзуд, созишнома танҳо интиқоли коргаронро аз Тоҷикистон ба Қатар пешбинӣ кардааст ва қабули муҳоҷирон аз ин кишвари арабӣ дар назар нест.

Дар созишномаи мазкур, аз пардохти ҳаққи роҳкиро то суғурта, таъмини ҷойи хоб, шароити хуби корӣ ва дар ҳолати маҷруҳ шудан ё фавтидани коргар ҷубронпулӣ аз тарафи корфармо пешбинӣ гардидааст.

Қатар дар соли 2022 мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст.
Қатар дар соли 2022 мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст.

Дар соли 2022 Қатар мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол аст, дар ин муддат дар Қатар бояд варзишгоҳу меҳмонхонаҳо ва иншооти зиёди зерсохторӣ бунёд шавад. Масъулини вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ мегӯянд, ҳадаф доранд, дар баробари дигар намуди хизматрасониҳо, мутаххасисону коргарони тоҷикро дар иҷрои тарҳҳои Қатар барои баргузории Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол низ ҷалб намоянд.

"Вобастагии муҳоҷирони тоҷик ба Русия кам хоҳад шуд"

Коршиносон мегӯянд, боз шудани роҳи муҳоҷирати корӣ ба Қатар, ки яке аз кишварҳои сарватманд ва ниёзманд ба нерӯи корӣ ба ҳисоб меравад, то ҳадде вобастагии муҳоҷирони тоҷикро аз Русия кам хоҳад кард. Русия кишвари аслии кору даромади муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад ва ҳар сол тахминан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба он кишвар мераванд.

Абдулло Қодирӣ, коршиноси тоҷик, ки муҳоҷирати кориро омӯхтааст, мегӯяд, бо вуҷуди он ки кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Қатар осон нахоҳад буд, аммо дар шароити феълӣ Тоҷикистонро зарур аст, аз низоми якқутбии муҳоҷирати корӣ ба низоми чандқутбӣ табдил гардад. Ӯ иброз дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба иқлим, боду ҳаво ва вижагиҳои фарҳангиву иҷтимоӣ барои тоҷикон кор дар Қатар чандон осон нест.

"Бояд ба масъалаи таъсири ақида ва мазҳабҳои дигар дар ин кишвар диққати махсус дода шавад, ки муҳоҷирон ба ҳар гурӯҳҳо напайванданд. Масъалаи ҳимояи нақзи ҳуқуқ ва сатҳи забондонии муҳоҷирон низ бояд ба назар гирифта шавад. Дар қадами аввал муҳоҷирони мо метавонанд, дар бахши сохтмону ронандагӣ кор кунанд", - афзуд Абдулло Қодирӣ.

Сармояҳои Қатар дар иқтисоди Тоҷикистон

"Диёри Душанбе" яке аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Қатар дар Тоҷикистон мебошад.
"Диёри Душанбе" яке аз тарҳҳои муҳими иқтисодии Қатар дар Тоҷикистон мебошад.

Қатар, аз кишварҳои хурди сарватманди арабӣ аз Тоҷикистон 2 ҳазору 400 километр дур аст. Тоҷикистону Қатар дар кишварҳои якдигар сафорат доранд. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қатар соли 1994 барқарор шуда, нахустин сафари президенти Тоҷикистон ба Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифтааст.

Қатар дар сармоягузории чандин лоиҳаҳои муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва сохтмони маҷмааи "Диёри Душанбе" саҳм дорад.

Тавофуқи ба роҳ мондани муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 дар доираи сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар ҳосил шудааст. Он замон миёни ду давлат дар маҷмӯъ 8 санади ҳамкорӣ имзо шуда, мавзӯи интиқоли нирӯи кори Тоҷикистон ба ин кишвар яке аз тавофуқоти аслӣ буд.

Бозорҳои кор дар хориҷ барои муҳоҷирони тоҷик

Кишварҳои дигаре, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, ҳамчун алтернативаи муҳоҷирати кории тоҷикон истифода баранд - Кореяи ҷанубӣ ва Иморати Муттаҳидаи Араб ҳастанд. Ба иттилои масъулини вазорати меҳнат, созишномаи интиқоли муҳоҷирони корӣ миёни Тоҷикистону Иморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст.

Созишнома миёни Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ то ҳол ба имзо нарасидааст. Масъулини вазорати меҳнат иброз доштанд, ки баъди мувофиқаи созишномаи мазкур дар вазорату идораҳои кишвар, он ба ҷониби Кореяи ҷанубӣ ирсол шуда ва ҳоло мақомоти кишвар посухи ин кишварро интизоранд.

Солона садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд.
Солона садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд.

Ба бозори кори Тоҷикистон солона 40 ҳазор нафар изофа мешавад ва бештар аз 60 дар сади аҳолии кишвар мардуми қобили кор ба ҳисоб мераванд. То соли 2016 тақрибан 6 миллион нафар аз аҳолии кишвар қобили кор будаанд ва бисёре аз онҳо ҷавонон ҳастанд, ки бар асоси меърёҳои байналмилалӣ "сарвати бебаҳо" ба ҳисоб мераванд. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар ин солҳо натавонистаанд, теъдоди афзояндаи нерӯи кориро бо ҷойи кор таъмин кунанд ва барои ҳамин заъф пайваста танқид мешаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ соли 2017 бо нашри як гузориши фарогир дар бораи бозори кори Тоҷикистон навишт, "нерӯи кории Тоҷикистон сол ба сол меафзояд, вале теъдоди бисёр зиёди шаҳрвандони қобили кор берун аз бозори корӣ ҳастанд ва аз ин рӯ гаронтарин сарвати Тоҷикистон, яъне нерӯи инсонӣ дуруст истифода намешавад".

Дар ин гузориш омадааст, бисёре аз ҷавонони қобили кор, бахусус занон бекоранд ва ё кор меҷӯянд ва биноан дар рушди иқтисод саҳм намегиранд".

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG