Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васвасаи кор дар Аврупо корҷӯёни тоҷикро ба "дом" афтонд. ВИДЕО


Тақрибан 9 моҳ пеш шуморе аз сокинони Тоҷикистон бо умеди сафар ба Чехия ва кор дар ширкати мошинсозии "Шкода", бо созмони "Гардуна" қарордод бастанд ва барои рафтан то ин кишвари аврупоӣ аз 500 то 1300-долларӣ ҳам пардохт намуданд. Вале то ба имрӯз натанҳо ба Чехия нарафтанд, балки маблағи худро пас гирифта наметавонанд.

Масъулони ширкати "Гардуна", ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Васлав Скоҳоутил, шаҳрванди Чехия, ба сокинони корҷӯи Тоҷикистон ваъда карда буданд, ки гурӯҳи аввал бояд 30-юми июни соли 2018 ба Аврупо сафар кунанд.

Афроди огоҳ мегӯянд, пайдо кардани ҷойи кори қонунӣ дар Чехия ҷараёни соддаву осон нест.

"На билет доданд, на виза"

Акбар Саидов, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз довталабони кор дар Чехия, рӯзи 5-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар он рӯз (30-юми июн) бояд тақрибан 30 нафар ба ин кишвари аврупоӣ мерафтанд. Ба қавли ӯ, ҳатто билетҳои фармоишшударо ба онҳо нишон дода буданд, аммо баъдан лағв карданд. Ба коргарон гуфта шудааст, ки ин ширкат муҷаввиз (литсензия) надорад ва баъд аз дарёфти он, коргаронро ба Чехия мебарад.

Ба гуфтаи коргарон, масъулони ширкати "Гардуна" барои ором кардани мардум ҳатто шуморе аз муҳоҷиронро барои гирифтани виза аз сафорати Чехия, ба Тошканд бурданд. Ба нақли Акбар Саидов, "аммо ин афрод на виза гирифтанд ва на ба сафорат роҳашон доданд. Билохира, фаҳмидем, ки ҳамааш дурӯғ будааст ва ягон кори моро пеш набурданд".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба мардикорони тоҷик дар Чехия кор ваъда карда, пулашонро аз худ намуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

То се ҳазор евро - маош?

Васвасаи кор дар Чехия бо маоши калон рӯз дар миён сокинони корҷӯи Тоҷикистонро ба сӯи ширкати "Гардуна" ҷалб кардааст. Теъдоди муштариёни ширкат ҳамарӯза меафзуд ва муштариён омода буданд, ки ҳатто бо пули қарзи бонкӣ, роҳхати ин ширкатро ба даст оранд.

Баҳодур Холдоров, сокини ноҳияи Данғара мегӯяд, аз ҷумла ба онҳо ваъда карда буданд, ки дар Чехия бо музди аз 2800 то 3000 евро кор хоҳанд кард. Боварии сокинон ба ширкати "Гардуна" ҷиҳати муҳоҷирати корӣ ба Чехия аз он бештар шуда буд, ки масъулони ширкат муҷаввиз ва ё литсензияи фаъолият дар самти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дарёфт карда буд.

Ба қавли сокини Душанбе Садриддин Ҷумъаев, масъулини ширкати "Гардуна" итминон доданд, ки хориҷиҳо дар ширкати онҳо кор мекунанд ва барояшон даъватнома мефиристанд. Онҳо ба коргарон гуфтаанд, ки "мо аз ҳукумати худамон литсензия гирифтем, ҳамааш қоидавӣ аст".

Тақрибан 40 ҳазор доллари корҷӯёнро гирифтаанд

Ширкати “Гардуна” бо ваъдаи кори дусола дар Чехия, аз сокинони Тоҷикистон маблағ ситондааст. Дар ниҳоят, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон алайҳи шаҳрванди Чехия Васлав Скоҳоутил ва ду масъули ширкати "Гардуна", ки аз 37 шаҳрванди Тоҷикистон 32 ҳазор доллар ва беш аз 100 ҳазор сомонӣ гирифтанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Як корҷӯи тоҷик.
Як корҷӯи тоҷик.

Ду масъули ширкати "Гардуна", ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ҳоло боздошт шудаанд, вале Васлав Скоҳоутили чех фирор кардааст. Афроди фиребхӯрда мегӯянд, дар асл шумораи шаҳрвандоне, ки ба доми фиреби масъулони ширкати "Гардуна" афтидаанд, 230 нафар ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Далер Абдураҳмонов, тарҷумони додгоҳии муқими Чехия, ки аз ҷараёни коргузорӣ ва даъват барои таҳсилу кор дар ин кишвар огаҳ аст, мегӯяд, пайдо кардани ҷойи кори қонунӣ дар Чехия ҷараёни соддаву осон нест.

Масъулони ширкати "Гардуна" дар ҳоле бо ваъдаи таъмини кор дар Чехия аз шаҳрвандон маблағ гирифтаанд, ки Тоҷикистон бо ин кишвар шартнома барои муҳоҷират надорад. Тоҷикистон феълан бо Русия, Қазоқистон, Белорус ва Қатар шартнома дар бораи таъмини ҷойи кори шаҳрвандонро ба тасвиб расондааст.

XS
SM
MD
LG