Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

600 сомонӣ ҷарима – барои танқид аз роҳҳои пурбарфи Хоруғ


Акс аз бойгонӣ. Хоруғ, моҳи январи соли 2019

Як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз саривақт тоза нашудани кӯчаҳои Хоруғ аз барф хабар дод ва 600 сомонӣ ҷарима шуд. Мақомоти вилоят рӯзи 5-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Идрис Ҷонмаҳмадов дар ҳаққи кормандони идораи коммуналии Хоруғ “маълумоти нодуруст додааст”.

  • Худи Ҷонмаҳмадов нахост, ки дар бораи қазияааш суҳбат кунад. Вале коршиносон чунин шеваи посухгӯии мақомот ба эрод ва танқиду нуктагирии сокинонро ҳарчи тангтар шудани қаламрави озодии баён дар Тоҷикистон медонанд.
Агар роҳбар дар ҳақиқат хоҳииши ислоҳи камбудҳоро дорад, ба ҳама маълумоти танқидӣ ҳамчун имконият нигоҳ мекунад. Аммо вақте барои танқид таъқиб мекунанд, ингуна роҳбар на таҳаммули танқидро дорад ва на мақсади беҳтар кардани ҳаёти ҷомеаро.

“Танқидро қабул дорем, аммо...”

Интиқоди Идрис Ҷонмаҳмадов аз вазъи роҳҳои пурбарфи Хоруғ моҳи феврали имсол ва дар авҷи барфрезии шадид дар вилояти Бадахшон ба "Фейсбук" роҳ ёфт. Танқиди Ҷонмаҳмадов асосан аз он буд, ки идораи коммуналии Хоруғ саривақт кӯчаҳои шаҳрро аз барф тоза намекунад.

Меҳмон Аловиддин, раиси Додгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи сешанбе дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "Идрис Ҷонмаҳмадов ба хотири ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот шуд", аммо аз шарҳи бештари парванда худдорӣ кард.

Мақомоти вилояти Бадахшон, нашри "маълумоти нодуруст"-ро сабаби асосии ҷарима шудани Идрис Ҷонмаҳмадов медонанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, гуфт, танқиди Ҷонмаҳмадов барои саривақт тоза нашудани роҳҳои Хоруғ аз барф "асос надошт".

Имсол дар Бадахшон барфи зиёд борид ва дар баъзе минтақаҳо тарма фаромад
Имсол дар Бадахшон барфи зиёд борид ва дар баъзе минтақаҳо тарма фаромад

"Дар ҳукумати вилоят аз танқиди кор ҳарос надоранд, вале танқид ҳам бояд асос дошта бошад", - афзуд ӯ.

"Ба ҷойи танқид бел гирифта, барфро тоза кунед"

Зоҳиран мақомоти вилояти Бадахшон мисли дигар мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон шарҳу тафсири корбарони шабакаҳои иҷтимоиро аз наздик пайгирӣ мекунанд. Рӯзи 1-уми марти имсол сухангӯи раиси Бадахшон ба интиқоди яке аз корбарони "Фейсбук", ки ӯ ҳам аз роҳҳои пурбарфи Хоруғ танқид карда буд, вокуниши сахт нишон дод.

Ин корбар бо номи "Узум Пе Эл" бо гузоштани чанд акс аз роҳҳои Хоруғ навишт, "як бор ба ҳолати феълии Хоруғ нигаред. Воқеан, ҳам вазъият чунин аст. Дар ҳукумат ҳар рӯз маҷлису забондарозист. Ба онҳо ҳафт трактор фиристоданд, аммо аз онҳо дарак нест. Ҳамин хел маймунбозӣ намефорад".

Мақомоти вилояти Бадахшон дар вокуниш ба ин корбар навиштанд, ки ба ҷойи "гапҳои беҳуда белро гиреду кумак кунед. Оё Шумо ингуна таълимотро надидаед ё ба ғайр аз танқид кардан дигар коре надоред?"

"Танқид кунем ё хомӯш бошем?"

Пахши назари интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмадҳои он солҳои ахир як мавзӯи ҷиддӣ шудааст. Бо густурда шудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон онҳо ба як майдони баҳси мушкилиҳои ҷомеа табдил шуданд. Дар ин миён корбароне зиёданд, ки мегӯянд танҳо ба хотири интиқод аз ҷойи кор маҳрум шуданд ва ё ҷазои дигар гирифтанд.

Малика Сангинова
Малика Сангинова

Ҳафтаи гузашта Малика Сангинова, китобдори собиқи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шикоят карда буд, ки ба хотири нигоштаҳояш дар шабакаи "Фейсбук" дар донишгоҳ чанд дафъа муҳокима шудааст. Ӯро барои "гапи ганда" дар ҳаққи донишгоҳ ва нашри маводи динӣ муттаҳам кардаанд. Ҳоло ин китобдори собиқ барои риоя накардани қоидаи либоспӯшӣ аз кор ронда шудааст.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, муҷозоти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба хотири интиқод аз кори мақомот як амали нодуруст ва маҳдуд кардани озодии баён аст.

Блогнавис ва фаъоли иҷтимоӣ Рустам Гулов гуфт, "агар роҳбар дар ҳақиқат хоҳииши ислоҳи камбудҳоро дорад, ба ҳама маълумоти танқидӣ ҳамчун имконият нигоҳ мекунад. Аммо вақте барои танқид таъқиб мекунанд, ингуна роҳбар на таҳаммули танқидро дорад ва на мақсади беҳтар кардани ҳаёти ҷомеаро".

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Қонунгузории Тоҷикистон ҷонибдорӣ ё тарғиби ақидаҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҷиноят эътироф мекунад. Аммо аз рӯи қонун таъқиб барои танқид манъ аст ва касе набояд ба хотири гуфтани камбудӣ ҷазо гирад.

Дар гузашта матбуот дар бораи чанд ҳодисаи ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Тоҷикистон барои "лайк" гузоштан ваё паҳн кардани навиштаву видеоҳои мазмуни ифротидошта хабарҳо пахш кардаанд. Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо – боздошту зиндонӣ шудани як фаъоли "Фейсбук" аз ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров буд.

Худоёров соли 2018 бо ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии "Салафия" ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Наздикони Худоёров ин иттиҳомро қотеона рад карда мегӯянд, вай ба хотири интиқодаш аз мақомоти ноҳияи Рашт зиндонӣ шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG