Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани 81-сола аз пули нафақааш дар Роҳи Нав пул сохт. ВИДЕО


Сайрамбӣ Мирзоева дар байн
Сайрамбӣ Мирзоева дар байн

Як зани 81-сола дар вилояти Хатлон бахше аз пули нафақаашро, ки чанд сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ, яке аз фарзҳои дини ислом, ҷамъ оварда буд, дар сохтмони пул ё купрӯки маҳаллаашон сарф кард.

Мунтақидон мегӯянд, аслан ӯҳдадории иҷтимоии давлат аст, ки дар маҳалҳо барои мардум роҳу купрӯк ва майдонҳои варзишӣ ва мактабу чойхона созад, аммо онро ба дӯши сокинон бор кардааст.

Сайрамӣ Мирзоева ба сохтмони пул дар деҳаи Роҳи Нави ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ 6 ҳазор сомонӣ, муодили шашсад доллари амрикоӣ дод. Вай гуфт, чанд вақт пеш ба дарди пой гирифтор шуд ва аз сафар ба Макка худдорӣ намуд.

Ин сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар оғоз ҳамагӣ 30 сомонӣ ва ҳоло ҳар моҳ 250 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар "хазинааш" дар маҷмуъ чӣ қадар пул дошт ва ҳоло бо харҷи шаш ҳазор сомонӣ, чӣ миқдор мондааст. Аммо гуфт, тасмим дорад, ки дар корҳои хайри дигар иқдом кунад.

"Фикр кардам, ки хуб аст, пулро дар кори хайр сарф кунем. Аввал сохтмони пулро оғоз кардем. Бовар дорам, ки ҳамин ҳам савоб аст ва Худо мепазирад", - гуфт ӯ рӯзи 7-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Як зани 81-сола аз пули нафақааш дар Роҳи Нав пул сохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Вай дар се рӯз як дафъа барои назорати кори купрӯксозон меравад. Дар маҳалла мехоҳанд, як пули одамгузар ва як пули мошингузар созанд. Саймуддин Торонов, сокини деҳаи Роҳи Нав ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пулҳо роҳро то маркази ноҳия то ду километр наздик мекунад. "Ҳамчунин, барои хонандагон хуб шуд, ки аз роҳи наздик ба мактаб мераванд", - афзуд ӯ.

Баҳром Мирзоев, писари Сайрамӣ Мирзоева, тақрибан бист сол боз маоши хонаводаашро аз муҳоҷират дар Русия меёбад. Сохтмони хонаҳояш низ нотамоманд ва бо расидани фасли баҳор ният дорад, ки боз ба Русия рафта, пул кор кунад ва дару деворашро ба тартиб дарорад.

Пуле, ки аз пасандози Сайрамбӣ Мирзоева дуруст мекунанд
Пуле, ки аз пасандози Сайрамбӣ Мирзоева дуруст мекунанд

Вале, бо ин ҳол, аз тасмими модараш пуштибонӣ кард. Вай гуфт, "ин пул барои садҳо сокини деҳа хидмат мекунад. Ҳар вақте аз рӯи он мегузаранд, ҳатман модарамро ба ёд меоранд ва дар ҳаққаш сухани нек мегӯянд. Иқдоми худаш буд ва мо ҳам не нагуфтем."

Сайрамбӣ Мирзоева корҳои хайрро аз воҷиботи динӣ медонад. То сохтани купрӯк ӯ чанд дафъа барои мардум гов кушта, гӯшташро ройгон тақсим кардааст.

Ин сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ 21 тифл ба дунё овардааст ва аз онҳо фақат 4 писар ва 5 духтар зинда монданд. Ҳоло набераву абераҳои зиёд дорад. Ӯ ба ин назар аст, ки хайрот ба тақдири одам таъсир дорад ва бештар наздикон ва худи ӯро хушбахт мегардонанд.

Барои Сайрамбӣ Мирзоева вазифаҳои динӣ ва масъулияти инсонӣ маънии муштарак доранд.

Баҳром Мирзоев
Баҳром Мирзоев

Дар Тоҷикистон бо ташвиқи мақомот бархе аз сокинон бо харҷи пасандозҳои шахсии худ корҳоеро ба мисли таъмри мактаб, тармиму асфалтпӯш кардани роҳ ва ё сохтмони пул ва кашидани хатти об иҷро мекунанд.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ дар гузашта бо тавсияву ташвиқи мақомот аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф карданд. Аммо мунтақидон мегӯянд, аслан ӯҳдадории иҷтимоии давлат аст, ки дар маҳалҳо барои мардум роҳу купрӯк ва майдонҳои варзишӣ ва мактабу чойхона созад, аммо онро ба дӯши сокинон бор кардааст.

XS
SM
MD
LG