Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди "Амонатбонк" 25 моҳ нафақаи зани мурдаро гирифтааст


Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони бахши молияву бонкдорӣ аз қонуншиканӣ дар сохторҳои бонкӣ махсусан ёдовар шуд ва гуфт, ки санҷиши кори «Амонатбонк», як бонки давлатӣ дар даҳ соли гузашта (2009-2018) даҳҳо ҳолати азонихуд кардани нафақаҳои афроди фавтидаро ошкор кардааст. Ба гуфтаи президент, дар паи «беназоратӣ ва фориғболии шахсони масъул» бархе кормандони бонк ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа «дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтидаро ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд».

Яке аз ин қазияҳо – марбут ба парвандаи маъюби гурӯҳи дуюм, нафақахӯр Надежа Лебедева будааст, ки 1-уми ноябри 2012 вафот кардааст. Ба гуфтаи президент, дар давоми 25 моҳи баъди марги ин зан ҳам ба суратҳисоби нафақаи ӯ зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, аз ҷониби корманди “Амонатбонк” Э. Алифбеков бо истифодаи корти бонкии қалбакӣ тасарруф шудааст. Дар маҷмӯъ давоми даҳ соли гузашта дар «Амонатбонк» 235 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 151 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ва қариб 2 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ошкор шуд.

XS
SM
MD
LG