Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Се сол манъи вуруд барои нақзи қоидаи роҳ". Парвандаи як муҳоҷири тоҷик дар додгоҳ


Додгоҳе дар Русия аризаи як шаҳрванди Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифт, ки қарори полисро дар бораи ихроҷаш аз ин кишвар ғайриқонунӣ медонад. Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 10-уми июн баргузор хоҳад шуд.

Полис шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Рустамҷон Сариковро ба нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ айбдор медонад ва се сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардааст. Вале худи ӯ қарорро ғайриқонунӣ мешуморад, чун ба гуфтааш, "беасос ва ба зарари хонавода аст". Сариков аз соли 2012 боз дар Русия кору иқомат дорад.

Вакили мудофеи шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, қарори додгоҳ ҳуқуқи ҳамсари Сариковро поймол мекунад, ки "дар сурати ихроҷи шавҳар, бидуни ғамхорӣ ва кумаки иҷтимоӣ мемонад".

Дар номае ба додгоҳи ноҳияи Смолинскии шаҳри Санкт-Петербург, Сариков ва вакили дифоаш гуфтаанд, дар қарори ихроҷи ӯ аз Русия ба муддати солҳои 2017 то 2020 "шароит ва паёмадҳои қарор барои ин хонавода ба эътибор гирифта нашудааст"

Ҳамсари Сариков – Виктория Вербитскаяи 22-сола аз қавми лӯлӣ буда, ба қавли вакили дифоъ Олга Тсейтлина, ба ҳимоят ниёз дорад. Ин зан дар ҷое кор намекунад ва дар сурати аз Русия ихроҷ шудани шавҳар, бояд танҳо бо тарбияи писари сесола ва духтари навзодаш машғул шавад.

"Ихроҷ танҳо барои нақзи қоидаи роҳ қобили қабул аст"?

Мутахассиси Маркази зидди табъизи "Мемориал" Стефания Кулаева дар посух ба Радиои Озодӣ гуфт, "набояд монеи зиндагии Рустамҷон Сариков дар Русия шаванд. Ӯ дар ин кишвар ҳамсар ва ду фарзанд дорад. Дар сурати ғайр, банди 8-уми Эъломияи ҳуқуқи башари Аврупо оид ба зиндагии оилавӣ нақз мешавад. Чанд парванда бар асоси ҳамин банд дар додгоҳҳо пирӯз шудааст. Дар парвандаҳои ҳамсони гузашта додгоҳи Страсбург мегӯяд, қарори фаврии манъи зиндагӣ набояд қабул шавад, чунки вазъияти оилавии ӯ ба эътибор гирифта нашудааст".

Дар идома Кулаева гуфт, ҳамсари Сариков як зани таҳсилнодида ва ҷавон буда, дар вобастагии молӣ аз ҳамсараш қарор дорад. "Илова ба ин, соҳиби касб нест ва аз қавми лӯлӣ мебошад. Ин қавм дар ҷомеаи Русия мавриди табъиз аст, чунки ҳатто ба таҳсил дастрасии маҳдуд доранд".

Стефания Кулаева мегӯяд, Сариков "таҳсилкардаи мактаби русӣ ва як шахси бомаърифат буда, дар ҷомеаи Русия мутобиқ шудааст, тавони дарёфти даромад дар Петербургро дорад ва ба ҳамсараш дар ҳама кор, аз ҷумла тарбияи фарзандон кумак карда метавонад".

Ин мутахассиси маркази "Мемориал" афзуд, аз кишвар ихроҷ кардани шахс танҳо барои нақзи қоидаи роҳ "ғайри қобили қабул аст" ва ин меъёр дар қонуни Русия "аз ҳад беш бераҳмона аст". "Мемориал" вуҷуди рӯйхати "сиёҳ"- муҳоҷиронеро, ки барои ҳодисаҳои хурди маъмурӣ бояд ихроҷ шаванд, "дорои хусусияти ғайриқонунӣ" меномад.

Боздошт бе огоҳии қаблӣ

Рустамҷон Сариков зодаи Тоҷикистон ва сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) буда, дар мактаби русӣ таҳсил кардаст. Соли 2012, ба гуфтааш ба Русия барои корҷӯӣ рафт ва ҳамингуна дар он кишвар монд. Эътироф мекунад, ки дар ташвиши кору даромад дар бораи санадҳо зиёд фикр намекард ва танҳо замоне дар бораи қарори ихроҷаш аз Русия бохабар шуд, ки ходимони полиси роҳ ӯро тирамоҳи соли 2018 барои тафтиши санадҳояш нигоҳ доштанд.

Рустамҷон Сариков рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо он замон бохабар шуд, ки раёсати умури дохилии шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград соли 2017 бо як қароре ӯро дар нақзи муқарарроти маъмурии Русия айбдор карда, қарори ихроҷ шуданаш аз кишварро ба мӯҳлати се сол содир кардаанд.

Сариков мегӯяд, ӯ ҳеҷ огоҳии хаттӣ ва расмӣ дар ин замина дарёфт накардааст ва бар асоси ҳамин, бо ёрии вакили дифоъ аз болои қарори полис ба додгоҳи маҳаллӣ шикоят кард.

Рустамҷон Сариков мегӯяд, барои ӯву хонаводааш ихроҷ аз Русия паёмадҳои баде хоҳад дошт. Дар муддати 7 соли зиндагӣ дар Русия ӯ бештар дар бахши сохтмон таҷриба андӯхтааст ва мегӯяд, бо назардошти ин мехоҳад ба донишгоҳ дохил шуда, дар риштаи сохтмон таҳсил кунад.

Маҳрумияти 200 ҳазор сокини Тоҷикистон аз сафар ба Русия

Ба гуфтаи коршиносон, қазияи Сариков ягона нест. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор сокини Тоҷикистон аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд. Аксари онҳо қурбонии муқаррароти сангини маъмурӣ шудаанд, ки барои напардохтани қарзи истифодаи телефони мобил ваё дар ҷои иҷозанашуда қарор додани мошин парвандаашон "сиёҳ" шудааст. На ҳамаи ин муҳоҷирон метавонанд сари вақт барои ҳимояи ҳуқуқи худ ба вакили дифоъ муроҷиат кунанд.

Соли 2017 мақомоти Русия афви ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷикро эълон карданд ва беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистанд, ҳузури худро дар Русия қонунӣ созанд ва ё барои кору таҳсил баргарданд.

Русия барои беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон макони аслии кору даромад ва пешбурди зиндагиашон шудааст ва бозгашти маҷбурӣ ба ватан ваё ихроҷ маънои бекор ва бемузд монданро дорад.

Форуми Фейсбук

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG