Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ирсоли боз 5 ҳазор нерӯи амрикоӣ ба Ховари Миёна


Патрик Шанаҳан, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифоъ бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико

Дар пасманзари афзоиши танишҳо дар равобит бо Эрон, Вазорати дифои Амрико дархости низомиён барои ирсоли ҳазорҳо нерӯи ҳарбиро ба Ховари Миёна мавриди баррасӣ қарор додааст.

Хабаргузориҳои Reuters ва Associated Press ин хабарро бо такя ба манбаъҳои худ дар миёни мақомдорони Амрико нашр кардаанд. Ба навиштаи манбаъҳои Reuters, сухан дар бораи ирсоли то 5 ҳазор ва бар пояи манбаи Associated Press - то 10 ҳазор нерӯи низомӣ меравад.

Ҳарду оҷонсӣ гуфтаанд, тасмиме дар ин замина ҳанӯз гирифта нашудааст, вале ин дархост аллакай дар баррасӣ аст. Reuters навишт, мақомҳое, ки ба шарти фош нашудани ном сӯҳбат кардаанд, гуфтанд, Фармондеҳии марказии Амрико чунин дархосте ирсол кард, вале маълум нест, то куҷо Вазорати дифоъ онро қонеъ мекунад.

Равобити миёни Эрон ва Амрико як сол пеш, баъди аз созиши ҳастаии соли 2015 берун шудани Вашингтон бад шуд. Созише, ки миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон имзо шуда буд, аз Ҷумҳурии Исломӣ тақозо мекунад, ки дар ивази бекор шудани таҳримҳои иқтисодӣ фаъолиятҳои ҳастаиро коҳиш медиҳад.

Баъди он ки бо тасмими президент Доналд Трамп Амрико аз ин созиш берун шуд, Вашингтон тирамоҳи гузашта дубора таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба Эронро барқарор кард.

Моҳи ҷорӣ Амрико ҳузури низомии худро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод ва гуфт, ин иқдом дар вокуниш ба таҳдидҳо аз сӯи аз Эрон гирифта мешавад, ки боис ба эҷоди нигарониҳо аз эҳтимоли шурӯи низои мусаллаҳона шудааст.

Пентагон аз ҷониби фармондеҳиҳои амрикоӣ дар саросари ҷаҳон ҳар сари чанд вақт дар заминаи ирсоли нерӯву муҳимоти ҷангии бештар дархост дарёфт мекунад. Бисёр вақт ин дархостҳо рад мешаванд. Яке аз мақомот гуфт, ин навбат дархости ирсоли нерӯҳои иловагӣ бо ҳадафҳои дифоӣ фиристода шудааст.

Пентагон дархости шарҳ додани ин хабарҳоро рад кард. Ребекка Ребарих, сухангӯи Пентагон, рӯзи 22-юми май гуфт, "бар пояи сиёсати дарозмуддат, мо мавзӯи нақшаҳои амалии оянда ва ҳам дархости нерӯҳоро шарҳ намедиҳем ва дар ин замина тахмину гумонзанӣ намекунем."

Ҳамчунин маълум нест, ки оё кадом дархости фаврие дар ин замина ба Кохи Сафед фиристода мешавад ё на.

Хабари дархости ирсоли 5 ҳазор нерӯи иловагиро нахуст оҷонсии Reuters нашр кард. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, дар бораи вуҷуди таҳдидҳои воқеӣ аз Эрон ба зидди нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва манфиатҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна иттилоъ доранд. Вале Амрико далели дурустии ин иддаоро пешкаш накард.

Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед дар шарҳи танишҳои миёни Эрону Амрико дар ҳузури журналистон рӯзи 22-юми май гуфт:

Сара Сандерс
Сара Сандерс

"Ҳамонгуна президент Трамп гуфтааст, ӯ дар фикри ҷанг бо Эрон нест. Мо хостори тағйир рафтори онҳо ҳастем. Хости мо ин аст, ба аъмоли баде, ки давоми даҳсолаҳо ба кор мебаранд, хотима дода шавад. Мо медонем, ки фишори зиёд натиҷа медиҳад ва шумо инро дар намунаи иқтисоди дар ҳоли рукудашон мебинед ва шумо хоҳед дид, ки баъди ин чӣ хоҳад шуд. Мо ҳамоно ҳама гузинаҳоро рӯи миз нигоҳ медорем."

Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Амрико Патрик Шанаҳан ҳам рӯзи 21-уми май ба матбуот гуфт, ки маъмурияти Трамп дар фикри ҷилавгирӣ аз тавсеаи хушунатҳо аст.

"Масъала сари боздоштан аст, на ҷанг. Мо ҷанг карданӣ нестем", -- гуфт Шанаҳан дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон дар ҳузури қонунгузорони амрикоӣ ва котиби давлатӣ Майк Помпео.

Шанаҳан гуфт, дар ҳоле ки Ховари Миёна хеле зиёд мавриди ҳадафи Эрон қарор дорад, тадбирҳои “боздоранда”-и Пентагон роҳи “ҳамлаҳои эҳтимолӣ болои амрикоиҳо”-ро мегирад.

Низомиёни Амрико ҷараёни истиқрори киштиҳои ҳавопаймобарро дар Ховари Миёна суръат бахшида, моҳи май бомбафканҳо ва мушакҳои “Патриот”-ро дар минтақа ҷой доданд.

Ҳафтаи гузашта манобеи Амрико гуфтанд, ки бовар доранд Эрон ҷангҷӯёни ҳусӣ дар Яман ва ё гурӯҳҳои ҷангии шиамазҳаби воқеъ дар Ироқро ташвиқ мекунанд, ки ба киштиҳои нафткаши Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамлаҳо анҷом диҳанд.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 22-юми май гуфт, насли ҷавони Эрон шоҳиди суқути тамаддуни Исроил ва Амрико хоҳад шуд. Трамп таҳдид кардааст, ки дар сурати ҳамлаи Эрон ба манфиатҳои ИМА дар Ховари Миёна, “бо нирӯи азиме” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG