Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқоисаи нархи маҳсулот дар оғоз ва охири моҳи Рамазон. ВИДЕО


Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзҳои охири моҳи Рамазон ба бозорҳои пойтахт рафтанд, то бубинанд, ки вазъ чӣ гуна аст.

Дар моҳи Рамазон беш аз 20 гӯштфурӯш дар пойтахт ҷарима шуда, қисме огоҳӣ гирифтаанд.

Ин соҳибкорон "барои риоя накардани қоидаҳои тиҷорат”, “фиреби муштариён” ва “гаронтар фурӯхтани гӯшт” муттаҳаманд. Вале тоҷирон мегӯянд, ки афзоиши нарх ба онҳо ҳеч рабт надорад ва қимат дар бозори чорво ин вазъро пеш овардааст.

Якбора камчин ва гарон шудани нархи гӯшт дар оғози моҳи Рамазон боис ба нигаронии аксар сокинони пойтахт шуд. Харидорон аз он шикоят карданд, ки гӯштфурӯшон дар моҳи Рамазон нархи гӯштро боло мебаранд ва ё гӯшти хуб намедиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Муқоисаи нархи маҳсулот дар аввал ва охири Рамазон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

​Дилшод Қурбонов, сардори бахши зиддиинҳисории шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар моҳи Рамазон бо ташаббуси шаҳрдорӣ ҳудуди 200 тонна гӯшт бо нархи арзон дар бозорҳо фурӯхта шуд.

Вале мушоҳида мешавад ин чораҳо низ натавонистаанд вазъро дар бозор пурра танзим кунанд ва харидорон аз кори тоҷирони гӯшт дар моҳи Рамазон розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, нархи гӯшти нисбатан хуб ҳамоно дар бисёре аз гӯштфурӯшиҳо 43-45 сомонӣ ва бештар аз он аст.

Фарид Норов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми май гуфт, гӯштфурӯшон дар баъзе аз нуқтаҳо бо қимати 40 сомонӣ гӯштро савдо мекунанд, аммо миқдори зиёди равған ва ё устухонро ба он илова мекунанд.

Афзоиши воридоти маҳсулоти махсусан полезӣ ва меваҳо, шиддати қимати болои ин навъи маҳсулотро дар бозорҳои Душанбе ба фарқ аз оғози моҳи шарифи Рамазон камтар кардааст. Тоҷирон сабаби то андозае поин шудани нархи маҳсулоти полезӣ ва меваҳоро ба фарорасии мавсими ҷамъоварии ин маҳсулот рабт медиҳанд.

Дилшод Сафаров, тоҷир дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло 1 кило гелос аз 7 то 11 сомонӣ, зардолу 3-4 сомонӣ ва донаи ҳандалак аз 3 то 5 сомонӣ, ба фурӯш гузошта мешаванд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин тоҷири тоҷик, то чанд рӯзи пеш як дона ҳандалак дар бозор 20-25 сомонӣ ва як кило гелос 20-25 сомонӣ буд.

Қимати дигар маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла орду равған, пиёзу картошка, шакар ва тухм дар муқоиса ба оғози моҳи Рамазон тақрибан бетағйир мондааст.

Сокинон нигаронанд, ки дар 1-2 рӯзи қабл аз Иди Фитр тоҷирон бо истифода аз фурсат нархи ҳама маҳсулот, аз меваву полезиҳо сар карда то шириниву обҳои ранга ва шарбатҳоро боло мебаранд.

XS
SM
MD
LG