Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз ҳар 5 кӯдак дар Тоҷикистон як нафар аз камғизоӣ азият мекашад" ВИДЕО


Лучиано Калестинӣ
Лучиано Калестинӣ

Тоҷикистон дар ҳоле аз рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ҷашн мегирад, ки тибқи омори ахир беш аз 60 дарсади онҳо барои кумак ба хонавода кор мекунанд ва беш аз 80 дар сад намедонанд, чӣ ҳуқуқ доранд.

Лучиано Калестинӣ, раиси намояндагии Бунёди атфоли Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар бораи вазъи кӯдакон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вай пеш аз ҳама ба суолҳо дар бораи шароити беш аз 80 кӯдаки тоҷик, ки аз Ироқ оварда шудаанд, посух дод.

​Лучиано Калестинӣ рӯзи 30-юми май гуфт: “Аз ҳама ҷойи муносиб барои тарбия ва ба воя расонидани кӯдакон хонавода аст. Барои ҳамин, талош дорем, ки ин кӯдакон ба назди хешу табор ва бобову бибии худ баргардонда шаванд. Мефаҳмем, ки барои бибӣ ё бобоҳо парасторӣ ва таъмини 2-3 кӯдак мушкил аст. Вале ин масъаларо ҳам баррасӣ дорем, ки чӣ тавр ба онҳо кумаки молӣ кунем. Баргардонидани кӯдакон охири кори мо нест. Кори муҳими мо мутобиқ кардани онҳо ба муҳити солим ва тарбияи хуб аст. Кӯдакон пурра бояд ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Онҳо мумкин чанд сол аз мактаб қафо мондаанд. Бояд барномаҳоеро амалӣ кунем, ки онҳо бо ҳамсолони худ дар як синф хонанд."

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, бо кадом шева ваҳшату даҳшати ҷангро аз зеҳни ин кӯдакон мешавад дур кард? Чун пештар намояндаи як созмони ҷамъиятӣ гуфта буд, ки ба кӯдакон дар он ҷо ҳатто дарси ҳисобро бо шеваи хушунатомез омӯзондаанд.

Лучиано Калестинӣ: “Аксар кӯдаконе, ки аз Ироқ баргардонда шуданд, хеле хурданд. Шаст дарсади онҳо аз 5-сола поин ҳастанд. Кӯдакони хурдро ба муҳити осоишта мутобиқ кардан осонтар аст. Аз 30-35 кӯдаке, ки баргаштанд, хонандаи мактаб ҳастанд. Барои онҳо қабл аз ҳама ба мактаб баргардонидан ва идомаи таҳсил хеле зарур аст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар Тоҷикистон ҳар кӯдаки панҷум бо камбуди ғизо мувоҷеҳ будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Радиои Озодӣ: ЮНИСЕФ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон амалан чӣ талош мекунад ва ба кӯшишҳои ҳукумат дар ин самт чӣ баҳо медиҳад?

Лучиано Калестинӣ: “Дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Тоҷикистон бисёр корҳоро ба анҷом расондааст. Соли 1993 эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Омори маргу мири кӯдакон ду баробар кам шуд. Ҳоло аз миёни ҳар 1000 кӯдак 33 нафар мефавтанд. Қаблан дар кишвар аз миёни ҳар 1000 кӯдак то 100 нафар ба синни 5 нарасида мефавтиданд. Ин омор ҳам қонеъкунанда нест, вале дар муқоиса ба солҳои гузашта кам аст. Дастрасӣ ба таҳсил, ғизо ва оби тоза аз самтҳои муҳиме ҳаст, ки мо кӯшиш дорем, кор барем. Ҳамчунин кӯшиш дорем, ба мактаббачаҳо ёрӣ кунем, то муваффақона аз давраи зиндагии мактабӣ ба зиндагии мустақил гузаранд.”

Радиои Озодӣ: Тибқи омори Шумо, имрӯз чӣ қадар аз кӯдакони тоҷик дар бозори кор заҳмат мекашанд?

Лучиано Калестинӣ: “Соли 2016 дар ин мавзӯъ пажӯҳиш гузаронида шуд, ки тибқи натиҷаи он тақрибан 25 дарсади кӯдакони аз 5 то 17-сола ба ягон намуди кор ҷалб шудаанд. Аммо дар шароити Тоҷикистон ин бештар корҳое чун кумак ба хонаводаҳояшон аст. Ман дар Зеландияи Нав ба дунё омадаам ва дар хурдӣ ба хонавода ёрӣ мекардам. Вале коре буд, ки ба ман зарар намерасонд. Ягона тарси мо аз ҷалби кӯдакон ба корҳое ҳаст, ки барои онҳо бехатар нест ва ба таҳсили онҳо монеъ мешавад. Омори дигар оид ба наврасон, ки дар дасти ман аст, нишон медиҳад, тақрибан 66 дар сади кӯдаконе, ки берун аз шаҳр зиндагӣ мекунанд, ба ягон намуди кор ҷалб мешаванд. Мо бояд бештар омӯзем, ки ин корҳои осон аст ё сангин.”

Радиои Озодӣ: Дар робита ба зиндагӣ ва ҳуқуқи кӯдакони тоҷик пажӯҳишҳои нав анҷом додед ва вазъиятро чи гуна тасвир мекунед?

Лучиано Калестинӣ: “Мо ду пажӯҳиш гузарондем. Яке дар мавзӯи демография ва солимӣ аст. Бар асоси он мушаххас кардем, ки ҳоло ҳам кӯдакон аз камбуди ғизо азият мекашанд. Аз 5 кӯдак 1 кӯдак хӯроки кофӣ надорад. Ҳамчунин соли 2018 бо Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба ҳаёти наврасон пажӯҳиш анҷом додем. Аксар наврасон дар доираи ин таҳқиқот гуфтанд, дар зиндагӣ афсурдаҳоланд. Масъалаи дигар, ин хушунат буд. Ин тадқиқот, ки дар байни 4500 наврас гузаронида шуд, маълум кард, 43 дарсади пурсидашудаҳо дар чанд моҳи ахири зиндагиашон мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Онҳо ба хушунат дар кӯча ё аз сӯи ҳамсолон ё дар хонавода, аз сӯи аъзои хонавода ва ё дар мактаб рӯ ба рӯ шудаанд.”

Радиои Озодӣ: То ҷое медонем, соле пеш ЮНИСЕФ барои дастгирии фарзандони муҳоҷирон барномаеро роҳандозӣ кард. Ба куҷо расид?

Лучиано Калестинӣ: “Тақрибан 1 миллион кӯдак ҳастанд, ки ё падар ва ё модарашон дар муҳоҷиратанд. Вале на ҳамаи онҳо албатта ба кумак эҳтиёҷ доранд. Ҳамчунин ба кӯдаконе, ки ҳам кор мекунанд ва ҳам мехонанд, мо ёрӣ мерасонем, то ба имтиёзҳое, ки аз тарафи давлат пешбинӣ шудааст, дастрасӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр, норасоиҳое, ки ҳаст, меомӯзем, муайян мекунем ва метавонем барномаро дар сатҳи ҷумҳурӣ васеъ кунем.”

XS
SM
MD
LG