Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимон дар чорроҳаи зиндагӣ. Кӣ бояд дасти онҳоро бигирад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қонунгузории Тоҷикистон ҳимоят аз кӯдакони ятимро ҳатто баъди берун шудан аз хонаи ятимон ҳам кафолат медиҳад. Аммо дар таҷриба наврасон хеле зиёд дар ҳошияи ҷомеа тани танҳо бо мушкилоти худ қарор мегиранд.

  • Раванди вориди ҷомеа шудани ин қишр хеле дардовар пушти сар мешавад. Агар ба ин ё он шева барои рӯзгузаронӣ ҳадди ақал маблағе пайдо кунанд, вале мушкили надоштани хона ҳамеша то поёни зиндагӣ дунболагири онҳост.
Пас аз синфи 9 амалан касе ба ҷобаҷо кардани ин кӯдакон сару кор намегирад. Мо талош мекунем, ки ба ҳамин кор машғул шавем

Бидуни ҷойи мушаххаси зист

“Баъди хатми мактаб ҳеч гуна дастгирие накарданд. Дар ятимхона мо бо чизҳои омода, чаҳор бор хӯрок ва кор кардан аз рӯйи тартиби муайяншуда одат карда будем. Вақте таҳсилро хатм кардем, ҳатто наметавонистем чизи содае барои худ бипазем. Кор пайдо кардан бисёр мушкил буд, хулоса, барои зиндагии мустақилона омода набудем. Дар се моҳ як бор барои мо 120 сомонӣ нафақа медоданд, ки ба зӯр барои баъзе чизҳо мерасид. Лаҳзаҳои аввал ҳатто маҷбур шудем пеши сарошпази ятимхона биравем ва аз ӯ маҳсулот гадоӣ кунем, то чизе барои худ бипазем”, - нақл кард сокини 26-солаи Душанбе Марина Бутирская рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Падару модари Бутирская, замоне ки ӯ 10 сол дошт, фавтидаанд. Ин духтари хешу табор ва пуштибоне ятими кул мемонад. Аз он замон ба баъд ятимхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе барояш хона гашт. Баъдан литсейи сайёҳӣ ва хидматро соли 2012 бо тахассуси “ошпаз-қаннод” хатм намуд.

Ҳарчанд эътироф мекунад вазъияташ аз онҳое, ки аз интернат ҳамчун ятими кул фориғ шудаанд, бадтар нест, бо вуҷуди ин, надоштани ҷойи истиқомат ва қайд то ҳол барояш имкон пайдо кардани кори муносибро намедиҳад. Марина ҳоло довталабона ба дигар ятимони кул дар Ҷамъияти зистмуҳитии кӯдаконаи “Зумрад” маҳоратҳои пухтани шириниҳоро меомӯзад. Издивоҷ кардааст ва соҳиби ду фарзанд аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ин хонавода то кунун ҷойи қайд ва истиқомат надоранд.

“Ба президент нома навиштам, намедонам расид ё не, вале ҳеч посух нагирифтам. Ба шаҳрдории Душанбе ҳам муроҷиат кардам, вале дӯстҳоям гуфтанд, ки ҳеч кас ба ту чизе намедиҳад. Ҳоло амалан ноумед шудам”, - гуфт Марина.

Аз сарнавишти худ ва сарнавишти ятимони дигар дар мусоҳиба бо телевизиони “Настоящее время. Азия” навраси ятими дигари тоҷик Шамсиддин Мирзоев шикоят кардааст. “Мактаб-интернат ва хонаи ятимонро хатм мекунӣ, ҳамон тавр мемонӣ, мавқеъ меёбӣ ё не, касе ба ту таваҷҷуҳ намекунад”, - гуфтааст ин наврас. Ӯ аз мавҷудияти модари худ танҳо, ҳангоме ки дар синфи 8-ум мехонд хабар ёфт, вале вай як одами дардманду бехонаву дар будааст.

Мирзоев баъди мактаб-интернат техникум ва риштаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Бо вуҷуди ин, на ятимӣ, на доштани таҳсилоти олӣ натавонистанд сабаби пайдо кардани сарпаноҳ барои ин нафар шаванд. Соли 2010 ӯ ҳатто имкон пайдо кард, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи ошкорое дошта бошад ва дар бораи мушкилоташ нақл кунад. Дар ҳамин ҳол, бо гузашти 8 сол аз дидор бо раисҷумҳур, Мирзоев ҳанӯз ҳам на хона дораду на ҷойи қайд.

Дар коғаз якеву дар амал чизи дигар

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, давлат муваззаф аст, барои ятимон ва кӯдакони бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва ғайра тарбият мешаванд, пуштибонии иҷтимоии онҳоро кафолат бидиҳад. Онҳо метавонанд аз ин кафолат ҳатто баъди фориғ шудан аз хонаи кӯдакон бархӯрдор бошанд.

Муносибати давлат бо кӯдаконро қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” танзим мекунад. Ин меъёр таҳсили бепули кӯдакро дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии давлатӣ пешбинӣ менамояд. Худи ин мактабҳо вазифадоранд, ки ин кӯдаконро ба гунаи ройгон бо сару либоси мактабӣ, китобу ғизо ва ҷойи хоб таъмин кунанд.

Ба ҷуз ин, ба ятимони кул бояд то ба синни балоғат расиданашон дар ҳаҷми аз 156 то 234 сомонӣ, вобаста ба собиқаи кори волидонашон, нафақа пардохт шавад. Бо вуҷуди ин, вазъияти амалӣ аз он чи дар коғаз навишта шудааст, комилан фарқ мекунад.

Маргарита Войтова, раиси созмони муҳитзистии “Зумрад” солҳои зиёд аст, ба мутобиқгардонии ятимоне, ки аз мактаб-интернат фориғ шудаанд, кумак мекунад. Маркази ӯ ба кӯдакон шуғлҳои мусиқӣ, қаннодӣ, туризм ва ғайраро меомӯзонад. “Пас аз синфи 9 амалан касе ба ҷобаҷо кардани ин кӯдакон сару кор намегирад ва мо талош мекунем, ки ба ҳамин кор машғул шавем”, - мегӯяд Войкова. Ӯ норасоии молиявӣ ва набуди хонаро аз мушкилиҳои аслии кӯдакони ятим медонад.

Ба гуфтаи ӯ, аз надоштани хона кӯдакон наметавонанд қайди давлатӣ дошта бошанд ва дар байни замину осмон муаллақ мемонанд. “Дар хонаи ман алакай 5 нафар сабти ном шудаанд. Аз ин бештар имкон надорам, зеро барои ман ҳам метавонад мушкил эҷод шавад”, - эътироф мекунад Маргарита Войтова.

Мансабдорон посух надоранд

Дар қонуни мазкур вобаста ба ҷойи истиқомат гуфта мешавад, ки хатмкардаҳои хонаи кӯдакон ҳуқуқи худро барои соҳиби ҷойи истиқомат шудан аз он чи ки ба онҳо мерос гузошта шудааст, новобаста аз шакли моликияташ, ҳифз мекунанд. Барои ҳар касе, ки хона надорад, қитъаҳои замин ва қарзҳои боимтиёз барои сохтани хона ҷудо карда мешавад.

Дар ҳолати баръакс, аз ҷумла, дар масъалаи ба қайд гирифтани наврасони бехона дар қонун чизе пешбинӣ намешавад. Дар ҳамин ҳол як мақом дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод масъалаи таъмини ятимон бо хонаро баррасӣ намекунад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ниҳоди онҳо танҳо рӯйхати чунин қишри хатмкардаҳо омода ва ба Маркази миллии тестӣ фиристода мешавад, ки ҳангоми ворид шудани онҳо ба таҳсил вазъи иҷтимоияшон ба эътибор гирифта мешавад.

Дар вазорат ҳамчунин гуфтанд, ки масъалаҳои марбут ба хона одатан дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ баррасӣ мешавад. Аммо дар сурате ки шаҳрванд қайд ва ҷойи мушаххаси зист надошта бошад, бояд чӣ кор кунад, посух надоштанд.

Ҷомеаи байналмилалӣ талош мекунанд, ки...

Салоҳиддин Шамсиддинов, масъули барномаҳои ҳифзи кӯдакони ЮНИСЕФ-и Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин созмон лоиҳаҳои махсусеро, ки шомили ҳоли кор бо ятимони хатмкарда бошад, надорад. Ба гуфти ӯ, барои ин созмони мазкур ҳоло дар самти табдил додани хонаи кудаконе кор мебарад, ки он ҷо кӯдакони то 4-сола нигаҳдорӣ мешаванд.

“Тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки рушди мағзи сари кӯдак аз синни хеле поин шуруъ мешавад. Барои ин хеле зарур аст, ки дар ин мақтаи замонӣ кӯдак дар хонавода бошад ва мавриди ғамхорӣ қарор гирад, то дар вай дилбастаги пайдо шавад. Ба ин тартиб мо талош мекунем, ки қисман хам бошад афтидани кӯдакҳоро дар ҷойхои будубоши доимӣ ҷилавгирӣ кунем”, - таъкид намуд коршинос.

Коршиносон ва нозирони умур таъкид мекунанд, мавридҳои бомуваффақият мутобиқ шудан баъди ятимхона хеле кам ба назар мерасад. Қисман ин қишри одамон худро дурафтода маҳсуб мекунанд. Духтароне, ки хешу табор доранд бо амри тақдир соҳиби шавҳар мешаванд. Бачаҳо ба муҳоҷират мераванд.

Онҳое, ки ҳеч кас надоранд, барояшон хеле сахт аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расмии соли 2017 дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор кӯдаки ятим сабт шудааст, ки аз онҳо 2000 нафар на падар ва на модар доранд. Дар кишвар ба таври расмӣ 44 мактаб ва хонаи кӯдакон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG