Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа бо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Муҳамади 23-сола ва Мансури 19-сола, ду бародареро, ки дар Русия барои ҷашни арӯсиашон пул кор мекарданд, дар тобут ба Тоҷикистон оварданд.

Бародарон Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо сокинони ноҳияи Ёвон рузи 1-уми июн дар як садамаи нақлиётӣ дар марзи Қазоқистону Русия ҷон бохтанд. Ҷамшед Воҳидов яке аз наздикони фавтидагон ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо барои убури марз ба Қазоқистон рафта, дубора ба Русия бармегаштанд, ки ба фоҷиа дучор шуданд.

Ҷамшед Воҳидов гуфт, Муҳаммад баъди хатми мактаб дар коллеҷи ҳарбӣ таҳсил мекард, вале пас аз соли сеюм ва шароити сахти иқтисоди хонавода натавонист, таҳсилро ба анҷом расонад ва роҳ сӯи муҳоҷират гирифт.

Мансур Гурезов.
Мансур Гурезов.

Ӯ бо додараш Мансур ба муҳоҷират рафт ва дар Русия машғули корҳои гуногун буданд. Ҷамшед Воҳидов мегӯяд: “Пеш аз рафтанашон Муҳаммадро бо як духтар фотиҳа карда буданд ва интизори омаданаш буданд, ки туй кунанд. Онҳо дар Маскав кор мекарданд, барои убури марз ба Қазоқистон мераванд ва ҳангоми бозгашт ин ҳодиса рух медиҳад.”

Дар садамаи марговар дар марзи Қазоқистон бо Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд, ду тани дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик барои убури марз аз Қазоқистон ба Русия мерафтанд. Бинобар қонунҳои муҳоҷират дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ, маҷбуранд, ҳар се моҳ марзи ин кишварро убур кунанд.

Се нафар захмӣ

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии вазорат дар Русия, рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар баробари Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо, ҳамчунин Гулбаҳор Сулаймоноваи 55 - сола ҳалок шудааст. Ронандаи мошин Сулаймон Бораков ва мусофири дигар Мисқолов дар беморхонаи клиникавии шаҳри Самара қарор доранд.

Иброҳим Аҳмадӣ мегӯяд, вазъи ронанда мӯътадил ва Сайдаҳмад Мисқолов дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ аст. Аҳмадӣ гуфт: “Ҳоло ҷасадҳо дар сардхонаи шаҳри Самараи Русия нигаҳдорӣ мешавад. Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо диаспораи тоҷикон дар Самара ҷасади бародаронро эҳтимол ҳамин рӯз аз Маскав тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон равон мекунанд”.

Ҷасади ду бародар дар ҳоле ба ватан оварда мешавад, ки хонаводае дар деҳаи Обшорони ноҳияи Шаҳритус ҷасади духтари 20-солаи худ Уғулой Замоноваро ба хок супурд. Рӯзи 2-уми июн дар интернет видеое нашр шуд, ки дар он дар бораи як садамаи марговари нақлиётӣ дар марзи Қазоқистон бо Русия ва ҳалокати як зану як духтари тоҷик дар ин садама хабар дода мешавад.

Иброҳим Аҳмадӣ.
Иброҳим Аҳмадӣ.

Нафаре ки садамаро наворбардорӣ кардааст мегуфт 5 нафар, аз ҷумла ду кӯдак дар мошини тамғаи "Лада - Приора”, дучори садама шудаанд ва ду нафар ба ҳалокат расида, се тани дигарро ба бемористон бурдаанд. Дар видео шиносномаи зани фавтида нишон дода мешуд, ки ба Уғулой Замонова сокини ноҳияи Шаҳритуc тааллуқ дошт.

Собира Маҳмадҷонова раиси маҳаллаи Обшорон, дар ноҳияи Шаҳритус гуфт Уғулой Замонова шаш моҳи пеш арусӣ карда, баъдан ҳамроҳ бо шавҳараш барои кор ба Русия рафта буд. Ӯ рӯзи 1-уми июн бо мошин аз Русия тавассути Қазоқистон барои дидорбинии волидон ба Тоҷикистон меомад. Яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Уғулой дар батнаш тифли семоҳа дошт ва намедонанд, ки ҳодиса чӣ хел рух додааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт, дар ин садама ҳамроҳ бо Уғулой Замонова сокини ноҳияи Шаҳритус, як зан ва ду марду як кӯдаки дигар ҳам буданд, ки шахсияти онҳо номаълум боқӣ мондааст. “Дар ҳудуди вилояти Самара ин садама сабт нашудааст. Ба эҳтимоли зиед ҳодиса дар ҳудуди Қазоқистон рух додааст. Дар видео ҷомадонҳои калони пур низ дида мешавад, ки эҳтимол онҳо бо мошин ба ватан мерафтанд”- гуфт Иброҳим Аҳмадӣ.

Меъёрҳои "маргбор" барои муҳоҷирони тоҷик

Маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар садамаҳои нақлиётӣ дар ҳолест, ки ҳануз тирамоҳи соли гузашта мақомоти Тоҷикистон аз Русия хостанд, ки мӯҳлати иқомати муҳоҷиронро то 180 рӯз ва мӯҳлати сабти номро то 30 рӯз тамдид кунад.

Худи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, дар сурати то 180 рӯз дароз кардани мӯҳлати иқомати муҳоҷирон дар Русия зарурат ба зуд-зуд убур кардани марз аз байн меравад. Ҳамидулло Каримов, як муҳоҷири тоҷик, ки солҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар акси ҳол фоҷиаҳо мисли маргумири муҳоҷирон дар садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми убури марзҳо як мушкил мемонад.

Ҳамидулло Каримов гуфт: “Ҳоло садамаҳо бисёр аст. Як сабабаш ин ки шояд муҳоҷирон ҳуҷҷати ронандагиро харидаанд, сабаби дуюмаш ин аст, ки онҳо роҳи дуру дарозро тай мекунанд хаста мешаванд. Аз тарафи дигар дар роҳҳои марзӣ мошинҳои калони боркаш зиёд аст, ки рондани мошин дар ин гуна роҳҳо осон нест.”

Мақомоти вазорати меҳнат мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион нафар барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд. Аз ин ҳисоб ба гуфтаи онҳо 13 дарсадашонро занон ташкил медиҳанд. Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Бархе аз ин муҳоҷирон ба асари беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳо дар ҷои кор, ҳамла, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ба ҳалокат мерасанд.

Айни замон ҳукумати худи Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки дар дохил ҷойҳои корӣ намесозад ва иқтисоди кишварро пойбанди пули муҳоҷирон кардааст. Соли гузашта Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Созмони Милал гуфт, Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG