Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Тоҷикистон системаи кор нест, системаи фиреб ҳаст" ВИДЕО


Дар барномаи имрӯзи "Озодӣ Онлайн" назару андешаҳои Шуморо дар бораи се чиз ба ҳама мерасонем. Дар бораи пули муҳоҷирон, гум шудани онҳо дар Русия ва ид кардани кӯдакон дар Тоҷикистон.

Ҳатман гузориши Радиои Озодиро дар бораи мушкили муҳоҷирон дар интиқоли пул ба Тоҷикистон хондед, ки чӣ гуна рубл мефиристанд, аммо хоҳар бародар ё модарашон сомонӣ мегиранд.

Як корбари "Фейсбук" бо номи Худойдод Муртазозода дар ин бора навиштаааст, "дар Тоҷикистон системаи кор нест, балки системаи фиреб вуҷуд дорад."

Лола Зарирзаде, нафари дигар ба муҳоҷирон тавсия додааст, "корти бонкӣ бигиред. Доллар фиристодед, доллар медиҳанд, рубл фиристодед – рубл. Ва зиён намебинед.”

Яке дигар бо номи "Палангча Тигритса" навиштааст, "фақат Худо медонад, ки муҳоҷир чӣ гуна як тангаро бо хуни ҷигар кор мекунад."

Дар воқеъ, як корбари Радиои Озодӣ видеоеро фиристод ва ҳамин гуфтаро нишон дод.

"Фақат Худо медонад, ки муҳоҷир чӣ гуна пул меёбад" (Озодӣ Онлайн 2)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Дар бораи нопадид шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия, назарҳои зиёдеро аз Шумо дар "Инстаграм" гирифтем. Ду шарҳро меорем ва якеро "Бунёд 2010" навиштааст: "То кадом дараҷа тоҷик беқадр шудааст, ки ду одам гум шудааст ва мақомот даст намеҷунбонад."

Айни шарҳро Зебо Холматова навиштааст, "дар воқеъ, агар шаҳрванди кишвари дигаре нопадид шавад ва ё осеб бинад, онҳо ҳамаро ба по мехезонанд. Аммо тоҷики бечора ба касе зарур нест."

Дар ду рӯзи гузашта дар бораи иди Рамазону ид кардан баҳси зиёде буд, бахусус дар вебсайти Радиои Озодӣ.

Нафаре бо номи "Ҳофизи Шерозӣ" дар вебсайти мо дар бораи ид кардани кӯдакон гуфтааст: "Ба фикри ман, ид кардани кӯдакон ягон мушкил надорад ва ба талбандагӣ ҳам рабт надорад."

Корбари дигаре, ки номашро нагуфтааст, мухолифи ид кардани кӯдакон нест, вале аз ид кардани калонсолон хушаш намеояд. "Идгардаки калонсолон чӣ лозим? Имрӯзҳо мардум миллионҳо сомониро ба бод медиҳанд, вале ба шахсони мӯҳтоҷ як сомониро дареғ медоранд. Як маъракаи худнамоишдиҳӣ аст! Чӣ даркор ҳамин дастархони Шумо? 90 дар сади он вайрон шуда, ба қуттии ахлот меравад", -- гуфтааст ӯ.

Шумо чӣ мегӯед? Ҳамин дуруст аст, ё не. Нависед ё садоятонро сабт кунед, ё видеои худро мисли селфӣ ба мо фиристед, то дар барномаи дигар шуморо бинанду бишнаванд. То дидор дар барномаи дигар!

Бахши аввали барномаро дар инҷо бинед:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG