Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падараш дар бораи фоҷиаи Лола дар Амрико: "Ошиқи ҳамдигар буданд." ВИДЕО


Лола Ғуломова

Падари Лола Ғуломова, зани 45-солаи тоҷик, аз кушта шудани духтараш дар шаҳри Вашингтони Амрико баъд аз ду рӯзи ҳодиса хабар ёфтааст.

Зариф Ғулом, ҳуқуқдон ва узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набуди имкони молӣ, наметавонад, барои видоъ бо духтараш ба Иёлоти Муттаҳида равад. "Хабар надорам, ки чӣ гузаштааст. Духтарам Ҳадя ба ман занг зад ва гуфт, худро ба даст гиред, чунин фоҷиа рӯй додааст. Ба ман гуфтанд, гӯиё садамаи нақлиётӣ шудааст", -- гуфт ӯ.

Аз фоҷиа дар хонаводаи Лола Ғуломова ва шавҳари 51-солаи ӯ Ҷейсон Риф рӯзи 8-уми июн рӯзномаи "Вашингтон Пост" хабар дод. Ба навиштаи рӯзнома, зани тоҷикро шавҳараш дар шаҳри Вашингтон куштааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мусоҳиба бо падари Лола Ғуломовае, ки дар Амрико кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

​Рӯзнома навишт, Ҷейсон Риф баъди бо чанд тир куштани ҳамсар, худкушӣ кардааст. Ҳарду дар муассисаҳои марбут ба равобити хориҷии Амрико кор мекардаанд ва фоҷиа замоне рух дод, ки қарор буд, рӯзи 7-уми июн онҳо дар додгоҳ аз ҳам ҷудо шаванд.

Аз ин ҷуфт ду духтари ноболиғ -- яке 9 ва яке 12-сола -- мондааст. Ҳоло дақиқ нест, сарнавишти баъдии духтарони Лола чӣ мешавад ва онҳо зери парастории кӣ қарор хоҳанд гирифт. Вале хоҳар ва модари ӯ тасмим доранд, ки барои видоъ бо Лола Ғуломова ба Амрико раванд.

Зариф Ғулом гуфт, Лола фарзанди дуввуми оила буд ва ҳанӯз аз 7-солагӣ ба омӯзиши забони англисӣ оғоз кард. Падар мегӯяд, то замони бузургу мустақил шудани Лола, ӯ дар тарбияи духтараш ширкат дошт, вале баъдан аз ҳамсараш ҷудо шуд ва Лолаву 4 фарзанди дигар ҳамроҳи модар монданд.

"Баъд аз хатми мактаб чанд муддат дар як созмони байналмилалӣ кор кард ва баъд ба донишгоҳи Бруклин дохил шуд. Иқтисоди байналмилалиро хонд. Аввал дар Бонки Ҷаҳонӣ кор мекард", -- нақл кард ӯ.

Зариф Ғулом
Зариф Ғулом

Ба гуфтаи падар, Лола қабл аз дохил шудан ба донишгоҳи Бруклин се сол пайиҳам ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ҳуҷҷат супорид, вале ноком шуд. Замони таҳсил дар соли саввуми як донишгоҳи Душанбе барои таҳсил дар Амрико муваффақ шуд ва ин сафар ҳам ба карйераву зиндагии нави ӯ дар ин кишвари бузург оғоз бахшид.

Бо шавҳараш замони донишҷӯӣ шинос шуда, бар пояи ишқу муҳаббат издивоҷ кардаанд. Падар мегӯяд, вақте дар як тамоси телефонӣ Лола ба ӯ аз тасмимаш барои издивоҷ бо ҷавони хориҷӣ хабар дод, чандон хушҳол нашуд. "Урфу одат ва анъанаҳоро барояш фаҳмондам. Гуфт, худат ба мо озодона рафтор карданро омӯзондӣ. Дар Вашингтон тӯй карданд. Дар тӯяшон сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон иштирок карда буд".

Бори охир Лола ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш 4 сол қабл ба Тоҷикистон омада будааст. Зариф Ғулом бо ёдоварӣ аз сафарҳои духтару домодаш ба Душанбе ва вохӯрӣ бо онҳо гуфт, зиндагии хубе доштанд ва бо ҳам хушбахт буданд. Лола баъди издивоҷ бо шавҳараш дар чанд кишвари дунё, аз ҷумла Ҳиндустону Русия ба сифати намояндаи тиҷоратии Амрико кор кардааст.

Лола Ғуломова
Лола Ғуломова

​Бино ба навиштаи расонаҳо, мушкил дар муносибати Лола бо шавҳараш баъди соли 2015 шурӯъ шуд. Азми Лола Ғуломова барои кори чаҳорсола дар Белград, ки мехост духтаронашро ҳам бо худ барад, хашми шавҳарашро барангехтааст. Аммо Зариф Ғулом, падари Лола ба ин фарзия, ки баҳси домоду духтараш гӯиё сари масъалаи корӣ сар задааст, бовар надорад.

Чун ба гуфтаи ӯ, онҳо як умр бо талаботи корӣ ба муддатҳои тӯлонӣ дар кишварҳои мухталиф зиндагӣ мекарданд ва дар байнашон нофаҳмӣ набуд. "Чандин сол аз якдигар ҷудо кор мекарданд. Масалан, шавҳараш дар Миср буд, духтарам дар Бомбай кор мекард. Вале якдигарро дӯст медоштанд ва мефаҳмиданд".

Лола Ғуломова ҳарчанд бо падар робита телефонии зиёд надошт, пайваста ба ӯ кӯмаки молӣ мекардааст. "Масалан, ҳангоми таҷлил аз 70-солагиам ба ман пул фиристод. Як драммаро ба саҳна мегузоштам, маблағ даркор шуд, фиристод. Вай ҳама вақт ба ман дасти ёрӣ дароз мекард" - мегӯяд Зариф Ғулом.

Лола Ғуломова замони наврасӣ ду сол дар ансамбли рақсии "Зебо" ҳам фаъолият доштааст ва баъди пош хӯрдани ин даста тарки рақс кард. Вале ба нақли падар, дар чорабиниҳои мухталиф дар Амрико ӯ баъзан рақси тоҷикиро муаррифӣ мекард.

Ба гуфтаи наздикони хонавода, як хоҳари Лола, ки дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунад, дар робита ба ин қазия ба Вашингтон даъват шудааст. Модар ва хоҳари хурдии Лола ҳам рӯзҳои наздик ба роҳ мебароянд.

Ҳоло дар интернет маъракаи ҷамъоварии маблағ барои духтарони Лола Ғуломова низ ҷараён дорад. Дар се рӯзи гузашта садҳо нафар барои ояндаи онҳо кумак кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG