Пайвандҳои дастрасӣ

"Мехоҳам додгоҳҳои мо кӯру кар набошанд". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз бо хости худи шумо пули муҳоҷиронро ҳисоб мекунем ва дар бораи бокирагӣ гап мезанем, ки тақдири садҳо духтарро "сӯзондааст".

Гузорише, ки дар бораи пули муҳоҷирон ҳамин ҳафта нашр кардем, муҳоҷиронро асабӣ кард, ки чӣ гуна онҳо аз Русия пул мефиристодаанд ва хоҳару модар ё бародари онҳо дар Тоҷикистон танбал мешудаанд.

Корбаре бо номи "Озодӣ" дар вебсайти мо навиштааст: "Ҳукуматдорон аз ҳисоби пули муҳоҷирон чунон танбал шудаанд, ки кори муфиде барои пешрафти давлат ва зиндагии хуби халқ кардан намехоҳанд."

Корбари дигаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ киноя задааст: "Ҳамаи муҳоҷирон гунаҳкоранд, танбаланд, бекорхӯҷаанд. Ҳар нуқсе дар ҷумҳурӣ мешавад, айби муҳоҷир аст. Айби муҳоҷирон аст, ки Тоҷикистон кишвари ақибмонда аст, чунки пули кам мефиристанд. Муҳтарам вакилон қонуне қабул кунед, ки кадом муҳоҷире пули камтар мефиристад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад."

Корбаре ба номи "Коргар" гуфтааст: "Агар муҳоҷирон як сол ба Тоҷикистон пул нафиристанд, чӣ мешавад? Аниқ – одамхӯрӣ. Бо 500 сомонӣ чӣ тавр рӯзгорро пеш барем?"

Шумораи нави "Озодӣ Онлайн"-ро дар ин ҷо бинед:

"Чаро касе аз "бокирагӣ"-и писарон намепурсад?" Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Баҳодур Мирзоев дар Фейсбук навиштаст, "дар воқеъ, мардум намехоҳанд, кори ҳалол кунанд ва як сабабаш пули муҳоҷирон аст."

Мавзӯи ҷанҷолии дигаре, ки шумо хостед дар борааш суҳбат кунем, сарнавишти Идимоҳ Шерова, духтари 19-сола аз Данғара аст, ки баъди арӯсӣ шавҳараш ӯро нодухтар номида, бо таънаву маломат рондааст. Идимоҳ мегӯяд, тӯҳмат аст ва мехоҳад, додгоҳ шаъну эътиборашро барқарор кунад.

Саъдулло Асоев дар "Инстаграм" навиштааст, "агар айби духтар ҳам бошад, шавҳараш ҳақ надошт, ки ӯро урён карда, ба навор гирад ва видеоро ба дигарон фиристад. Танҳо ҳамин кори писар бас аст, ки ӯро ба ҷавобгарӣ кашанд."

Таҳмина Саъдуллоева ҳам дар "Инстаграм" навиштааст, "домод ҳаққи чунин рафтор бо духтарро надошт ва барои ин кораш бояд ҷавоб гӯяд. Ба духтар далериву сабр мехоҳам ва мехоҳам додгоҳҳои мо кӯру кар ва ба сарнавишти духтар бепарво набошанд."

Умедҷони Аҳмадзода дар "Фейсбук" пурсидааст: "Чаро касе аз бокирагии писарон намепурсад? Ин чӣ ҳамоқат аст. Аз духтарон талаб мекунем, вале худамон магар фариштаем? Мо бояд шарм дорем."

"Дориюш Мап" дар "Инстаграм" тавсия додааст, ки ба писарону духтарони тоҷик дарси тарбияи ҷинсӣ бидиҳанд. "Тарбияи ҷинсӣ бениҳоят муҳим аст. Бояд дар мактабҳо фаҳмонанд, ё падару модар фаҳмонанд. Ман намефаҳмам барои чӣ бокирагии духтарро дар ҷомеаи мо ин қадар зарур меҳисобанд?", -- навиштааст ӯ.

Агар гуфтание доред, ба мо нависед, дар Вайбер Вотсапп Телеграм, Имо ва ё вебсайти Радиои Озодӣ. То дидор дар барномаи дигар.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Соҳибкорони тоҷик аз низоми андоз шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
XS
SM
MD
LG