Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод: "Агар як гурӯҳ, қавм ё ҳизб ҳама чиро гирад, донед, ки ҷанг мешавад"


Залмай Халилзод
Залмай Халилзод

Намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон гуфт, Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи худ метавонад, "афғонҳоро ба сулҳ ташвиқ кунад". Залмай Халилзод афзуд, Амрико намехоҳад "кредити сулҳи Афғонистон"-ро инҳисор ё "монополия" кунад ва ҳама, аз ҷумла Тоҷикистон, бояд дар раванди сулҳ шарик бошанд.

Тоҷикистон солҳо боз ба ҳалли низоъ дар Афғонистон таъкид мекунад ва гуфтушунидро роҳи ҳалли муносиб медонад. Байни ду кишвар 1400 километр марз аст ва Тоҷикистон ҳарчи зуд ба эътидол омадани вазъи Афғонистонро "яке аз омилҳои аслии субот ва тақвияти амният дар минтақа" мешуморад.

Намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон рӯзи 27-уми июн дар як нишасти хабарӣ аз мавзеъгирии Душанбе дар умури минтақа ситоиш кард. "Тоҷикистон, ба назари ман, тарафдори кӯшишҳои мост, ки дар Афғонистон сулҳ биёяд. Нигарониҳое ҳам дорад, ки ба ҷо аст, вале барои он нигарониҳо ҷавобҳое ҳам ҳаст," -- гуфт Халилзод. Вале ин мақоми амрикоӣ шарҳ надод, ки нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон чӣ аст.

Залмай Халилзод гуфт, ба Тоҷикистон омадааст, то дар бораи кӯшишҳои Амрико барои сулҳи Афғонистон ба мақомоти тоҷик иттилоъ диҳад ва пешниҳодҳои онҳоро шунавад. "Амрико бо Русияву Чин дар масъалаи сулҳи Афғонистон ба созиш расидаанд ва Иёлоти Муттаҳида умед дорад, кишварҳои дигар шомили ин тафоҳум мешаванд. Нақши Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳаётӣ аст", - гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон ва созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар аз гуфтушуниди сулҳ байни Амрико ва Толибон ва бе ҳузури худашон нохушнуданд. Залмай Халилзод то имрӯз дар Қатар бо гурӯҳи Толибон шаш даври музокироти сулҳи Афғонистонро гузарондааст. Интизор меравад, рӯзҳои наздик даври дигари ин гуфтугӯҳо оғоз шавад.

Намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон дар Душанбе гуфт, Толибон метавонанд бар асоси мувофиқа бо ҳукумат ва афғонҳои дигар ҷузъи ҳукумати ояндаи Афғонистон бошанд. Ба таъкиди Халилзод, Амрико иродаи қавӣ дорад ва мехоҳад, ки ҷанги Афғонистон хотима ёбад. Чун ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ҷанги Афғонистон солҳост, идома дорад ва кишвараш мехоҳад, бо хатми ин ҷанг харҷи аз 30 то 50-миллиарддолларии худро кам кунад.

Ин мақоми амрикоӣ дар нишасти хабариаш дар Душанбе таъкид кард, ки музокироти сулҳи Афғонистон "бояд ҳамашумул бошад", то ҳама худро дар он ояндаи Афғонистонро бубинанд. Халилзод мегӯяд, дарси ӯ аз омӯзиши вазъи Афғонистон дар чиҳил соли ахир ин аст, ки агар як гуруҳ хост, ҳама қудратро бигирад, пас ҷанг сар мезанад.

"Агар як гуруҳ ё як қавм ё як мазҳаб ва ё як ҳизб бихоҳад, ҳама чизро ба дасти худ бигирад ва бо истифода аз қудрат дигаронро аз саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дур кунад, ҷанг натиҷааш аст. Ин таҷрибаи 40-сола аст,”- таъкид кард ӯ

Намояндаи вижаи Амрико гуфт, кишвараш дар интихоби шахси аввал дар Афғонистон ҳеҷ нуқтаи назар надорад ва инро кори дохилии афғонҳо меҳисобад. Вай ҳамзамон афзуд, "намояндагони ҳама қавмҳо дар Афғонистон, бо шумули паштуҳо, тоҷикон, ҳазора ва узбакҳо бояд дар назди қонун ҳуқуқи баробар дошта бошанд".

Залмай Халилзод гуфт, талошаш ин аст, ки кишварҳои бонуфузи минтақа ва қудратҳои ҷаҳониро мутақоид кунад, ки сулҳ дар Афғонистонро ба манфиати худ бубинанд ва дар идомаи ҷанг суд наҷӯянд. Ба ақидаи намояндаи вижаи Амрико, ҷанги Афғонистон роҳи пешрафти ҳамсоя бахусус кишварҳои Осиёи Марказиро мушкилтар месозад. Чун онҳо наметавонанд аз роҳи кӯтоҳ ба бозорҳои калон бирасанд.

Намояндаи вижаи Амрико ба масъалаи берун рафтани низомиҳои кишвараш аз Афғонистон ҳам ишора кард ва афзуд, будан ё набудани онҳо дар Афғонистон ба шароит дар ин кишвар рабт дорад. Дар айни замон Залмай Халилзод мегӯяд, ваъдаҳои дар ҷараёни гуфтугӯи сулҳи Афғонистон дода амалӣ нашаванд, онҳо низ ба ваъдаҳои худ пойбанд намемонанд.

Залмай Халилзод барои гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик шоми 26-уми июн вориди Душанбе шуд. Сафири пешини Амрико дар Афғонистон ва Ироқ, моҳи сентябри соли гузашта роҳбари тими махсуси Департаменти давлатии Амрико дар умури гуфтушуниди сулҳу оштӣ бо Толибон таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG