Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Раҳмон ошӯб дар зиндонҳоро дар Созмони Милал шарҳ дод

Намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ба баррасии гузориши Тоҷикистон дар бораи риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва маданӣ шурӯъ карданд.

Арзёбии гузориши Тоҷикистон дар шаҳри Женева дар нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал идома дорад ва имрӯз дар он ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳоеро анҷом додааст.

http://webtv.un.org/live-now/watch/126th-session-human-rights-committee/5708683354001

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва раиси ҳайат бо муаррифии ҳайат гуфт, ки ҳукумат ҳамеша барои иҷрои тааҳудоти байналмилалиаш барои риояти ҳуқуқи инсон таваҷӯҳи хоса дорад.

Аммо нишаст дар замоне сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён ва ҳуқуқи динӣ пайваста танқид мешавад.

Юсуф Раҳмон дар бораи мубориза бо шиканҷа сӯҳбат кард ва гуфт, ки ҳамаи ҳуқуқи муттаҳамон ҳангоми бозпурсӣ риоят мешавад ва касе ҳақ надорад, бо муттаҳам бадрафторӣ кунад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи мазҳабӣ гуфт, ки қонунҳо ба ҳар кас ҳақ медиҳад, пайрави ҳаргуна дин бошанд ва ё ба дине эътиқод надошта бошад. Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон бештар аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ ва бештар аз 70 созмони динӣ сабти ном шудааст.

Юсуф Раҳмон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ касеро маҷбур накардаанд, ки ришашро бигирад ва ё риш намонад. Аммо чунин гузоришҳо зиёданд ва чандин нафар гуфтаанд, ки милисаҳо ба онҳо амр додаанд, ки ришашонро бигиранд.

Додситони кулл гуфт, ки гузоришҳо дар бораи "аз сари занон кашидани ҳиҷоб" асос надоранд. Айни замон худи мақомот гуфтаанд, ки бо заноне, ки либоси динӣ мепӯшанд, корҳои "фаҳмондадиҳӣ" мегузаронанд.

Бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи мушкил шудани фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ Юсуф Раҳмон гуфт, ки ҳеҷ гуна монеае дар роҳи онҳо гузошта нашудаанд.

Юсуф Раҳмон гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломиро барои он бастанд, ки дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ нақш дошт.

Юсуф Раҳмон дар бораи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм суҳбат кард ва гуфт, ки ду тарҳи қонун дар ин замина таҳия мешавад.

Суханронии Юсуф Раҳмон хотима ёфт. Айни замон Фотин Пазартис, узви кумита сӯҳбат мекунад. Ӯ гуфт, баъзе аз масоили мояи нигаронӣ доранд ва дар идомаи ҷаласа матраҳ мекунанд.

Ӯ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки додрасҳои кишвар бо назардошти бандҳои Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ қарор содир мекунанд, аммо ҳеҷ гуна мисоли мушаххасе оварда нашудааст.

Фотин Пазартис аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон на ҳамаи бандҳои аҳдномаро риоят мекунад. Ӯ зиндонӣ кардани Зайд Саидовро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба дархостҳои Созмони Милал дар бораи ӯ бепосух гузоштааст.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноат ва тоҷири шинохтаро бо гуноҳҳои сангин ба зиндон маҳкум карданд, ҳарчанд худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст.

Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд. Вазири собиқро дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум карданд.

Фотин Пазартис аз ҳукумати Тоҷикистон пурсид, ки оё ҳукумат азм дорад, ки ҳукми қатлро комилан аз байн бардорад. Суоли дигар дар бораи вазъи зиндонҳо ва боздиди созмонҳои ғайриҳукуматӣ буд. Суханронии Фотин Пазартис ба поён расид.

Навбатро ба Марсиа Кран доданд, ки намояндаи Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз Канада аст. Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон доир ба муборизаи ҳукумат бо ришвахорӣ пурсид, ки чӣ чораҳо меандешанд. Фасоду ришвахорӣ ба эътирофи худи мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон амиқ реша давонидааст ва ба амнияти миллии кишвар таҳдид мекунад.

Ӯ аз ҷумла аз мақомот пурсид, ки чӣ гуна онҳоеро, ки дар бораи фасод ришва гузориш медиҳанд, муҳофизат мекунанд.

Марсиа Кран ҳамчунин хост, ки доир ба ҷазо гирифтани онҳое омори расмӣ пешниҳод кунанд, ки барои табъиз дар заминаи нажодӣ, ҷинсӣ ва дигар ангезаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Марсиа Кран аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон табъизи ҳамҷинсгароён зиёд аст ва гуфт, ки "онҳо гузориш мегиранд, ки ин аққалиятҳои ҷинсиро озор медиҳанд, бо онҳо бадрафторӣ мекунанд." Ӯ гуфт, мехоҳанд, мақомот ҷавоб бидиҳанд, ки барои монеъ шудан ба табъизи аққалиятҳои ҷинсӣ чӣ кор анҷом хоҳанд дод.

Марсиа Кран аз таҳияи феҳрасти ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомот хост, ки шарҳ бидиҳанд, ки чаро чунин феҳрасте таҳия шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2017 гуфт, феҳрасти 370 ҳамҷинсгароро таҳия кардаанд, ки ба қавли вазорат, ба сабаби “гурӯҳи осебпазир” буданашон сабти ном шуданд.

Василка Санчин намояндаи кумита аз Словения, ки зимоми суханро бар даст гирифт, масъалаи бастани вебсайтҳо ва дастнорас кардани Интернету хадамоти мобилро матраҳ кард. Ӯ гуфт, мехоҳад, ҳайати Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ бидиҳад.

Ӯ дар бораи маргу мири зиндониён дар Тоҷикистон сӯҳбат кард ва аз мақомот хост, шарҳ бидиҳанд, сабаби марги онҳо чӣ будааст. Василка Санчин дар бораи маргу мири сарбозони тоҷик пурсид ва гуфт, гузориш гирифтааст, ки 19 сарбози тоҷик дар чанд соли гузашта дар артиш ҳалок шудаанд.

Василка Санчин аз ҳайати Тоҷикистон хост, ошӯбҳои маргбор дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдатро шарҳ бидиҳанд.

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони Ваҳдат 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд. Моҳи октябри соли гузашта дар ошӯби зиндони Хуҷанд 23 маҳбус ва ду нозири маҳбас кушта шуд.

Ядҳ Бен Ашӯр намояндаи кумита аз Тунис ба масъалаи муборизаи Тоҷикистон бо терроризм дахл кард. Ӯ гуфт, дар қонунҳо мафҳумҳои "терроризм" ва "ифротгароӣ" васеъ ҳастанд ва ба мақомот имкон медиҳанд, аз онҳо сӯистифода кунанд.

Ӯ гуфт, мехоҳад ин иддаоҳоро шарҳ бидиҳанд, ки ин ду мафҳум барои саркӯб ва маҳдуд кардани озодии баён ва дигар ҳуқуқи бунёдӣ истифода мешавад.

Намояндаи Тунис гуфт, ки онҳо гузориш гирифтаанд, ки дар Тоҷикистон шиканҷа барои эътирофи иттиҳом истифода мешавад ва аз ҷумла намояндагони мухолифонро ҳам барои эътирофи муттаҳам шиканҷа кардаанд.

Ядҳ Бен Ашӯр гуфт, ки онҳо гузориш гирифтаанд, ки мухолифони давлати Тоҷикистон аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ шиканҷа шудаанд.

Баъди хотимаи суханронии намояндаи Тунис, Шулчӣ Фуруя намояндаи Ҷопон сӯҳбат кард ва аз ҳайати Тоҷикистон дар бораи тадбирҳояшон барои решакан кардани хушунати хонаводагӣ пурсид. Ӯ гуфт, чаро дар Тоҷикистон парвандаҳо барои ҷабру зулм ба зидди занон бисёр кам аст.

Шулчӣ Фуруя дар бораи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, гузоришҳои зиёд гирифтаанд, ки бо вуҷуди манъ будани бисёрзанӣ ин зуҳурот васеъ паҳн шудааст. ​ Ӯ аз ҳайати Тоҷикистон хост, ки ин масъаларо шарҳ бидиҳанд ва ҳамчунин бигӯянд, чӣ қадар духтарони 17-солаи тоҷик бо ризоияти додгоҳ издивоҷ кардаанд.

Баъди ин ҳама суол ба ҳайати Тоҷикистон 15 дақиқа вақт доданд, то бо посухҳо баргардад.

Юсуф Раҳмон баъди баргашт ба минбар дар бораи ошӯбҳои зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, ки 30 зиндонӣ аз ҷумла аъзои созмони ифротии "Ансоруллоҳ" се посбонро гаравгон гирифта куштанд ва аз талаби маъмурони зиндон барои таслим шудан сарпечӣ карданд. Ӯ гуфт, маъмурони амниятӣ маҷбур шуданд "ин террористҳоро нобуд кунанд."

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки барои мубориза бо шиканҷа барномаи махсуси маҳви ин зуҳурот қабул шудааст, ки иҷрои он аз имсол шуруъ шудааст.

Ӯ гуфт, дар се моҳи имсол онҳо 6 шикояти расмӣ аз истифода шиканҷа бо муттаҳамон гирифтаанд.

Юсуф Раҳмон дар бораи бастани вебсайтҳои хабарӣ ва ё маҳрум кардани мардум аз дастрасӣ ба онҳо посухи кӯтоҳе дод ва гуфт, агар чунин коре шуда бошад, пас бар асоси қонун будааст ва ба аҳдҳои байналмилалии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Додситони кулл дар посух ба суоли намояндаи Ҷопон дар бораи бисёрзанӣ гуфт, ки дар кишвар барои ин кор ҷазо таъйин кардааст.

Юсуф Раҳмон дар масъалаи феҳрасти ҳамҷинсгароён гуфт, ки чунин феҳрасте вуҷуд надорад, "ва ман намедонам, ки шумо ин маълумотро аз куҷо гирифтед." Аммо ин маълумот дар маҷаллаи "Қонуният" маҷаллаи Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуда буд.

Юсуф Раҳмон дар масъалаи монеъ шудан ба сафари хешовандони мухолифони давлат ба хориҷ гуфт, ки онҳо чунин коре накардаанд ва онҳо ҳақ доранд, ба берун сафар кунанд. Аммо мухолифони давлат мегӯянд, ки мақомоти амниятӣ намегузоранд, ҳамсар ё хешовандони дигари онҳо ба хориҷ ба назди онҳо биёянд.

Ба суолҳо дар бораи таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар Тоҷикистон муовини раиси Оҷонси омор гузориш дод ва гуфт, ки барои муқобила бо зӯроварӣ бо занон корҳои зиёде анҷом додаанд. Ӯ гуфт, ки дар соли 2018 тақрибан 50 нафар барои зӯроварӣ дар оила ҷазо гирифтаанд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлия дар бораи шароити зиндонҳо ва шароити нигаҳдории зиндониён суҳбат кард ва гуфт, ки маблағгузории зиндонҳо дар солҳои ахир ду маротиба зиёд шудааст.

Ӯ гуфт, ки дар чаҳор муассисаи ислоҳӣ ҷойҳои мулоқоти зиндониён бо хешовандон сохта шудаанд. Шаҳноза Нодирӣ гуфт, тарҳи бунёди зиндони нав дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ мувофиқа мешавад.

Намояндаи Тоҷикистон гуфт, ки як барномаи баландпарвозонаи ислоҳоти низоми додгоҳӣ омода шудааст ва ҳоло дар баррасии ҳукумат қарор дорад. Ӯ дар бораи иҷоза додан ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои тафтиши зиндонҳо гуфт, ки онҳо хостаанд, боздидҳо бар асоси қонунгузории Тоҷикистон сурат бигирад, аммо кумита ба ин дархост посух надодааст.

Намояндаи вазорати адлия дар бораи издивоҷи духтарони 17-сола ҳам суҳбат кард ва гуфт, ки соли 2014 додгоҳҳо ба издивоҷи бештар аз 1000 нафар иҷоза додаанд. Солҳои баъдӣ чунин издивоҷҳо камтар шуда ва дар соли 2018 ба 707 нафар расидааст. Имсол ба 200 духтар иҷоза додаанд, ки 18-сола нашуда шавҳар кунанд. Нишаст ба поён расид ва рӯзи 3-уми июл муколама идома мекунад.

Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва намояндаи созмони Human Rights Vision Foundation дар Ҳолланд қабл аз шуруи нишаст дар ҳузури намояндагони Созмони Милал суханронӣ кард ва гуфт: Таҳлил нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ қариб ҳамаи талаботи қисми сеюми Пакти ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон иҷро намешаванд. Ҳанӯз ҳам шиканҷа вуҷуд дорад ва бо гумонбаршудагон ба хотири беҳтар кардани нишондиҳандагони корӣ бадрафторӣ сурат мегирад, мавридҳои шиканҷа, ки расонаӣ шудаанд, таҳқиқ намешаванд ва ин ҳолат ба низоми кор табдил шудааст.

Ҷамшед Ёров ҳамчунин гуфт, бо баҳонаи мубориза бо ҷинояткорӣ озодӣ ва дахлнопазири одамон густариш ёфтааст, даъват ва бозпурсии шаҳрвандон, кофтукови манзилу дафтар, боздоштҳои муҳлаташон номаълум зиёд шудаанд. Ҳамчунин боздошту истирдоди ғайриқонунии шаҳрвандон бо ёрии мақомоти фосиди Русия, Туркия ва Украина ба шакле амалӣ гаштаанд, ки рабоиши одам дониста мешаванд. Додгоҳи чунин афрод бо нақзи ҳама гуна талаботи қонун ба амал меоянд.

Фишор ба наздикони мухолифон, маҳдуд кардани ҳуқуқи онҳо ба назар мерасад.

Коршиносон ба муколамаи ҳайати Тоҷикистон бо масъулини Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал назарҳои гуногун доранд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки рӯзи аввали гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро тамошо кард мегӯяд, ҳайати Тоҷикистон натавонист, ба ҳомиёни ҳуқуқи байнаалмилалӣ посухи қонеъкунанда бидиҳад.

Ба назари ҷаноби Ҳакимов, тамоми далел ва асосҳое, ки масъулини Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар назди ҳайати Тоҷикистон гузоштанд, асоснок буданд, вале ба гуфтаи ӯ посухҳои ҳайати Тоҷикистон воқеияти кишварро инъикос накард.

“Шиканҷа вуҷуд дорад. Вақте ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа камтар ба назар мерасад, бидуни шак дар муассисаҳои ислоҳӣ ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа ҷой надштанаш эҳтимол надорад. Посухҳои намояндагони расмии Тоҷикистон хусусияти расмӣ дошт ва воқеиятро ифода накард” - таъкид кард Ҳакимов.

Маҳини Даврон, рӯзноманигори тоҷик низ ба ин андеша аст, ки гузориши ҳайати Тоҷикистон ва посухҳояшон ба суолҳои намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башар СММ воқеиятҳо дар дохили кишварро инъикос намекард. Ӯ гуфт: “Мо медонем, ки дар қонунҳои Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва чизҳое, ки барои як ҷомеаи ҳуқуқбунёд лозим аст дарҷ шудааст, вале мутаассифона ин қонунҳо дар Тоҷикистон риоя намешавад.”

Ин рӯзноманигори тоҷик махсусан масъалаи озодии баёнро мисол овард, ки барои он намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башар аз ҳайати Тоҷикистон суол карда буд. Аз ҷумла Василка Санчин намояндаи кумита аз Словения зимни ироаи гузориши ҳайати Тоҷикистон масъалаи бастани вебсайтҳо ва дастнорас кардани Интернету хадамоти мобилро матраҳ кард.

Ӯ гуфт, мехоҳад, ҳайати Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ бидиҳад. Аммо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи бастани вебсайтҳои хабарӣ ва ё маҳрум кардани мардум аз дастрасӣ ба онҳо посухи кӯтоҳе дод ва гуфт, агар чунин коре шуда бошад, пас бар асоси қонун будааст ва ба аҳдҳои байналмилалии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Маҳини Даврон, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башар бояд дар назди ҳайати Тоҷикистон масъалаи дарёфти иттилоъро мегузоштанд, ки ба як мушкили аслии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Ба гуфтаи рӯзноманигори тоҷик, “умедворам, ки ҳомиёни ҳуқуқи СММ суолҳои бештаре хоҳанд кард ва ҷониби Тоҷикистонро ба чолиш хоҳанд кашид. Ба ҷойи суолҳои ҳукумат барои ин кор чӣ чораҳо андешидааст, бояд пурсанд, ки чаро шумо ин корро накардед? Яъне бояд чолишҳо сахтар бошанд то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.”

XS
SM
MD
LG