Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгоҳи яке аз донишгоҳҳои Чимкентро ба нашъахона табдил додаанд


Маҷмаи варзишии донишгоҳи Чимкент ба паноҳгоҳи нашъамандон табдил шудааст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазири маориф ва илми Қазоқистон Ерболат Муҳамедҷон иттилоъ медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баъди кашфи ин паноҳгоҳ таҳқиқ шуруъ кардаанд.

Дар кадом донишгоҳ чунин паноҳгоҳ ошкор шуда ва кадоме аз масъулони донишгоҳ ба ҷиноят даст дорад, ҳоло хабар дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ки донишгоҳи мазкур хусусӣ аст. Ба навиштаи расонаҳо, дар толори варзиши донишгоҳ ҳам нашъа ва ҳам дигар навъи маводи мухаддир истифода мешуд.

Дар ҳоли ҳозир бо моддаи "Ташкил ва ё истифодаи паноҳгоҳ барои нашъамандон" парванда боз ва таҳқиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG