Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро дар Русия ҳаққи таксирониро аз муҳоҷирон мегиранд?


Русия. Акс аз соли 2018
Русия. Акс аз соли 2018

Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам онҳоро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум кардаанд. Волии вилоят гуфт, 82 дарсади мардум хостаанд, ки муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд.

Аз ин пеш мақомоти чанд минтақаи Русия, аз ҷумла Новосибирск, муҳоҷиронро аз ҳаққи рондани таксӣ ва кор дар дӯконҳои фурӯши шаробу тамоку маҳрум карда, ҳадафи онро таъмини амният номиданд.

"Ин хабарро фаҳмидем. Аксар таксиронҳо намедонанд, чӣ кор кунанд. Баъзеҳо рафтанд. Бисёриҳо ба ин фикранд, ки дигар дар ин ҷо имкони кор кардан нест. Ман ҳоло ба корам идома медиҳам. Дар тақдирам ҳарчӣ бошад, мебинам. Ҳоло касе маро боздошту тафтиш накардааст," – гуфт Карим, муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон.

Карим шаш сол боз дар Новосибирск таксӣ меронад. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷӯҳи пулиси рус аз аввал ба муҳоҷирон зиёд буд, аммо баъд аз ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав тафтишу назорат сахттар шуд.

"Қаблан дар роҳ манъ мекарданд ва агар санадҳо дуруст буд, зуд ҷавоб медоданд. Ҳоло ба шуъба мебаранд. Агар бегоҳ ба шуъба баранд, то субҳи дигар ва то омадани ҳамаи кормандон нигаҳ медоранд," – нақл кард ӯ.

Юсуфмуҳаммад Турдубоев, намояндаи ҷомеаи қирғизҳо дар Новосибирск, мегӯяд, маҳдудият ба шаҳрвандони Қирғизистон рабт надорад.

Ӯ афзуд: "Маҳдудият ба шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон дахл дорад, ки бо патент кор мекунанд. Вале нозирони роҳ ҳамаро нигоҳ медоранду мепурсанд: "рус нестӣ?", "чаро таксӣ меронӣ?" Вақте ронандаҳои моро манъ мекунанд, онҳо ба мо занг мезананд. Мо рафта мефаҳмонем ва қонунро ёдрас мекунем. Ҳолатҳое мешавад, ки муҳоҷиронро озод мекунем."

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар беш аз 10 шаҳру ноҳияҳои Русия, аз ҷумла дар вилояти Воронеж ва Камчатка ба наздикӣ ҷалби муҳоҷирон ба кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиронӣ манъ мешавад.

Мақомот дар вилоятҳои Тула, Калуга, Челябинс, Ёқутистон ва дар Қрими ишғолшуда кори муҳоҷиронро дар соҳаи тиҷорат манъ кардаанд.

Карим, муҳоҷири қирғизистонӣ, мегӯяд, "агар вазъ чунин идома кунад, эҳтимол ба Қирғизистон бармегардам. Бисёриҳо чунин фикр доранд. Аз ин ки дар кишвари бегона азоб кашӣ, беҳтар аст онро тарк кунӣ."

Масъулони ширкати "Яндекс. Таксӣ" дар Русия охири соли гузашта гуфта буданд, ки 80 ҳазор ронанда намерасад. Як сабабро коҳиши теъдоди муҳоҷирон номбар карданд.

Муҳоҷирони зиёде ҳанӯз замони пандемияи коронавирус ва қисми дигар баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина ва поин рафтани арзиши рубл аз Русия рафтанд. Ба бовари коршиносон, маҳдудиятҳои нав норасоии нерӯи кориро дар Русия бештар хоҳад кард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
XS
SM
MD
LG