Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз мақомаш сабукдӯш шуд


Икромиддин Вализода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Вализода дар ин мақом ҳамагӣ се моҳ кор кард.

Фармони Президент дар бораи барканории Икромиддин Вализода нашр нашудааст, аммо як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Вализода бо онҳо хайрухуш кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, Икромиддин Вализода раиси ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон таин шудааст.

Икромиддин Вализода се моҳ пеш, охири моҳи апрели соли равон ба вазифаи раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар пайи фармони баҳсбарангези нархи Интернет ба роҳбарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ омад. Ӯ пеш аз ин дар мақоми муовини раиси "Тоҷикстандарт" кор мекард.

Феълан роҳбари нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман эълон нашудааст.

Дар вебсайти президенти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд.

XS
SM
MD
LG