Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои омилони шиканҷа дар Тоҷикистон -- то 12 соли ҳабc, аммо...


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино бар тарҳи нави Вазорати адлияи Тоҷикистон гунаҳкорони шиканҷа аз ин ба баъд мумкин аст, то 12 сол зиндонӣ шаванд. То куҷо сахттар кардани ҷазо шиканҷаро аз Тоҷикистон решакан хоҳад кард?

Ин дувумин гоми давлати Тоҷикистон дар шадидтар кардани ҷазо барои шиканҷа аст. Пештар, моҳи феврали соли равон ҳукумати Тоҷикистон гуфт, гунаҳкорони шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро аз ҳама гуна афв маҳрум хоҳанд буд.

Таҳлилгарон сахттар шудани муҷозот барои омилони шиканҷаро қадами хуб медонанд, аммо мегӯянд, сахт кардани ҷазо ба танҳоӣ наметавонад мушкилро ҳал кунад. Тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ, ки ҷазои сахтро ба он ворид кардаанд, дар Вазорати адлия таҳия шудааст ва онро баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод кардаанд.

Як мақом дар Вазорати адлия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама ниҳодҳо ба ин лоиҳа ризоият дода, қарор аст он рӯзҳои наздик ба порлумон фиристода шавад.

Феълан моддаи 143 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ барои шиканҷа аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Дар сурати қабули тағйироти нав, аз ин модда ҷаримаро мебардоранд ва муҷрим барои даст задан ба шиканҷа аз панҷ то ҳашт сол зиндонӣ мешавад. Инчунин қонун барои такроран даст задан ба шиканҷа гунаҳкор то 12 сол ба зиндон хоҳанд рафт.

Ҳамсуҳбати мо дар Вазорати адлия тасдиқ кард, ки тасмими сахтар кардани муҷозот барои шиканҷа дар пайи зиёд шудани шикоятҳо аз ин зуҳурот ва талаби созмонҳои байналмилалӣ гирифта шудааст. “Супориши президент шуд, ки ҷавобгариҳои ба шиканҷа вобастабудаи Кодеки ҷиноӣ пурзӯр карда шаванд. Ҳадафаш аз сахтар кардани ҷазо роҳ надодан ба шиканҷа нисбати аҳолӣ мебошад. Инчунин мо уҳдадориҳои байналмилалӣ дорем” - гуфт манбаъ.

Мақомот дар ҳоле мехоҳанд ҷазо барои шиканҷа пурзӯр шавад, ки ин талаб борҳо аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ садо додааст. Наҷиба Ширинбекова, як масъули Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 12 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳост, ки эътилоф барои сахтар кардани ҷазо барои шиканҷа талош дорад. Хонум Ширинбекова афзуд, ҷазо барои шиканҷа дар Тоҷикистон бояд ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ бошад.

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, дар ним соли аввали соли равон ба созмони онҳо 20 шикоят аз шиканҷа расидааст.

Шиканҷа: Аз боздоштгоҳ то маҳбас ва қисмҳои ҳарбӣ

Шиканҷа аз мушкили аслӣ дар сохтори қудратии Тоҷикистон гуфта мешавад. Тоҷикистон дар оғози имсол зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид нақшаеро тасдиқ кард, ки бар асоси он ҳукумат дар чаҳор соли оянда тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милалро бояд иҷро кунад. Азҷумла бар асоси ин нақша бояд ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо дар кишвар сахттар шуда, афроде, ки даст ба шиканҷа мезананд, дигар афв нашаванд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки тақрибан ҳар моҳ расонаҳо дар бораи он гузориш медиҳанд. Сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки дар лаҳзаи боздошт ва барои иқрор мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Ба ҷуз ин аз қисмҳои ҳарбӣ ва ҳам маҳбасхонаҳо низ аз вуҷуди шиканҷа шикоятҳо мерасад, вале мақомот на ҳамеша онҳоро тасдиқ мекунанд. Ба ҷуз шаҳрвандон вакилони дифоъ низ ба гуфтаи худашон мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

Ахиран Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз шиканҷа шудани Абдулазиз Абдураҳмонзода, як вакили дифоъ аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасод шикоят карданд. Ин ду созмон гуфтанд, ҳарчанд Абдураҳмонзода дар даст санад дорад, ки рӯзи 17 апрел ҳангоми боздошт шиканҷа шудааст, вале додситонӣ дар посух ба онҳо гуфтааст таҳқиқ шиканҷаро исбот накард.

Ҷазои сахт мушкилро пурра ҳал намекунад

Ҳомиёни ҳуқуқ аз тасмими ахири ҳукумат истиқбол мекунанд, аммо мегӯянд, то замоне ки бархӯрд бо шиканҷа иваз нашавад, вазъ дигар нахоҳад шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ба ҷуз аз сахттар кардани ҷазо бояд чунин қоидае ҷорӣ шавад, ки барои даст задан ба шиканҷа на танҳо иҷрокунандаи он, балки сардорон низ муҷозот шавад.

“Шарт нест, ки онҳоро маҳбас кунанд. Вақте дар давлатҳои демократӣ зердастон ин корро кунанд, сардорҳо ба таври автоматӣ аз кор мераванд. Яъне ин ҷо набояд танҳо иҷрокунандаҳо ҷазо гиранд” - таъкид кард хонум Бобоназарова.

Ҳомии ҳуқуқ ҳамчунин гуфт, ниҳоде, ки шикоят аз шиканҷаро таҳқиқ мекунад бояд мустақил бошад, то тавонад мунсифона ҳамаи шикоятҳоро баррасӣ кунад: “Сахттар кардани ҷазо барои даст ба шиканҷа хуб аст, аммо фикр намекунам, ки ҷазои сахт шиканҷаро решакан кунад. То дар ниҳодҳои қудратӣ ислоҳот нашавад, сахттар кардани ҷазо он қадар вазъро тағйир намедиҳад.”

XS
SM
MD
LG