Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар яке аз бозорҳои Маскав муҳоҷиронро "облава" кардаанд. ВИДЕО


"Облава"-и муҳоҷирон дар бозори Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Видеоро хонандагони Радиои Озодӣ фиристоданд.

Чанде аз муҳоҷирони тоҷик аз Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки даҳ рӯз боз дар бозори Москворетскийи пойтахти Русия зери фишори пулис ҳастанд.

Онҳо навореро фиристоданд, ки дар он саҳнаи фирори муҳоҷирони тоҷику узбек аз маъмурони пулис тасвир ёфтааст. Наворро рӯзи 14-уми август дар бозори Москворетскийи Маскав бардоштаанд.

Пулиси Маскав ин вазъиятро шарҳ надодааст. Вале ба муҳоҷирон гуфтаанд, ҳадафи амалиёт боздошти афродест, ки санади расмӣ надоранд ва қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд.

Дар бозори Москворетский муҳоҷирони тоҷик ба ҳайси фурӯшанда ва кӯчарӯб кор мекунанд. Муаллифи навор дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт, "наздики даҳ рӯз мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар ин бозор зидди муҳоҷирон амалиёт мегузаронанд. Онҳо асосан муҳоҷирони тоҷику узбекро ҳадаф қарор додаанд."

Шоҳидони амалиёт мегӯянд, аксар муҳоҷирони тоҷику узбек аз сӯи милисаҳо дастгир ва "бо як шеваи бад ва бо латтӯ кӯб ба дохили автобус бор карда мешаванд".

Занони маҳаллӣ, ки ин манзараро шоҳид буданд, аз ин рафтори милисаҳо ба ғазаб омадаанд. Дар наворе, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дида мешавад, ин занон гуфтаанд, "беҳтар мебуд, кормандони полис ҷинояткоронро, ки ба тоҷирони бозор ҳамла мекунанд, ба ҳабс мегирифтанд, на муҳоҷиронеро, ки бо меҳнати ҳалол дар бозор рӯзии худро пайдо мекунанд".

Яке аз онҳо гуфтааст, "чаро сари як инсонро ба автобус мезанед? Ин чӣ гап аст, ин чӣ бедодист? Ӯ ҳеч муқовимат нишон надодааст. Шумо магар ҳайвонед? Дар куҷо навишта шудааст, ки бояд латту кӯб кунед, барои мо нишон диҳед? Шумо магар ақлатонро аз даст додед?"

Ба нақли мусоҳибони Радиои Озодӣ, баъзе муҳоҷирон ҳангоми фирор аз милисаҳо ҷароҳат бардоштанд. Тақдири онҳое низ, ки боздошт шудаанд, норӯшан аст. Баъзеҳоро ба маркази "Сахарово" бурда, теъдоди дигарро аз Русия ихроҷ кардаанд.

Муҳоҷирон гуфтанд, 15-уми август ҳам дар ин бозор амалиёт сурат гирифт ва маълум нест, ки то кай идома мекунад. Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва маблағи фиристодаи онҳо даромад ва ё чархаи асосии иқтисоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст.

Вале муҳоҷирон пайваста аз мушкилоти будубош дар ин кишвар ва озори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои беҳбуди вазъи муҳоҷирон бо ҷониби Русия дар тамосанд. Маскав ҳамеша озори муҳоҷиронро рад карда, балки ҳамагуна бархӯрди хашини маъмурони пулису амниятиро кӯшиши аз байн бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ номидааст.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG