Дар чанд ҷумла
ИМА як мушаки болдорро озмоиш кард
Вазорати дифои ИМА эълом кард, ки як мушаки болдорро озмоиш намуд. То се ҳафтаи пеш озмоиши чунин мушак дар асоси созишномае, ки миёни ИМА ва Русия амал мекард, манъ буд.
Пас аз қатъи иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози ИМА ва Русия имкониятҳо барои озмоиши аслиҳаи нав фароҳам шуданд.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии Пентагон, мушаке, ки рӯзи якшанбе аз ҷазираи Сан-Николаси Калифорния партоб шуд, беш аз 500 километр парвоз карда, ҳадафро маҳв кард.
Пештар ИМА бар асоси Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ҳақ надошт, мушакеро бисозад, ки аз 500 то 5 500 километр парвоз мекунад. Вашингтон аз ин созишнома, ки соли 1987 бо Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда буд, 2 августи соли равон хориҷ шуд. Дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки Русия тайи чандин сол онро нақз мекард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шаҳрдори Маскав қарори боло бурдани нархи "патент"-ро имзо кард
Тибқи қарори шаҳрдории Маскав, арзиши "патент" ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди пойтахти Русия боло бурда шуд. Қарор аз ҷониби шаҳрдори Маскав Сергей Собянин имзо шудааст.
Бар пояи ин қарор, сар аз 1-уми январи соли 2026 муҳоҷирон ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл, ба буҷаи ин кишвар ҳар моҳ 10 ҳазор рубл пардохт мекунанд.
Ҳанӯз охири моҳи октябр, Кумитаи сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии маҷлиси вакилони Маскав тарҳи қонун барои боло бурдани арзиши "патент" барои шаҳрвандони хориҷиро омода ва баррасӣ карда буд.
Айн замон, Маскав ягона минтақае нест, ки сар аз соли 2026 нархи патент ё иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон қимат мешавад.
Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дарсад боло мебаранд ва аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар хоҳад буд.
Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск, 37 дарсадаш тоҷикистониҳо ҳастанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт-Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рубли русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.
Дар Тоҷикистон "Ориз" ҷойи "Вотсап" ва "Телеграм"-ро мегирад?
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод, ки имкон дорад дар оянда ҷойгузини "Вотсапп" ва "Телеграм" бошад.
Дар як паём ё "смс"-е, ки аксар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар телефони ҳамроҳи худ дарёфт карданд, омадааст, ки бо истифода аз он, ҳар як корбар метавонад бо наздикон, ҳамкорон ва дӯстони худ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бе маҳдудият дар тамос бошад.
Хадамоти алоқа дар шарҳи фаъол шудани он навиштааст, ки чанд соли охир, дастрасӣ ба платформаҳои хориҷӣ маҳдуд гардидааст ва дар Русия дар ҳоле, ки "Телеграм" ва "Вотсап" маҳдуд шуданд, ҳазорҳо муҳоҷир барои иртибот бо аҳли оилаи худ дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ORIZ дар шароити суръати пасти интернет ҳам метавонад кор кунад. Хадамот иқрор шудааст, ки ин бартарӣ пеш аз ҳама барои минтақаҳои дурдасти кишвар ва муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим аст, зеро аксари барномаҳои хориҷӣ танҳо дар шароити интернети баландсуръат хуб кор мекунанд.
Маълум нест, ки то кадом андоза ин паёмрасон метавонад ҷойи дигар барномаҳоро гирад ва мардум аз он истифода кунанд, вале Хадамоти алоқа мегӯяд, барномаи нав имкон медиҳад, ки маълумоти корбарон дар дохили кишвар ҳифз шаванд, иртибот бе вобастагӣ аз кишварҳои дигар таъмин гардад, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар муҳити амн ва боэътимод муошират кунанд.
Дар тобистони имсол идораи "Роскомнадзор"-и Русия занг задан аз тариқи паёмрасонҳои "Вотсап" ва "Телеграм" дар он кишварро маҳдуд кард.
Бозори "Гулистон"-и Панҷакент ба коми оташ рафт
Шаби гузашта соатҳои тахминан 22:10 дар бозори "Гулистон"-и шаҳри Панҷакент сӯхтор сар задааст.
Ба иттилои Хадамоти оташнишонии шаҳр, сӯхтор тақрибан 600 метри мураббаъро фаро гирифта, то соати 02:30-и субҳ пурра хомӯш карда шуд.
Яке аз соҳибкорон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозор асосан матоъҳову таҷҳизоти техникӣ ба коми оташ рафтааст .
Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки қисмати зиёди бозор оташ гирифтааст ва фурӯшандагон талош доранд молҳои худро берун бароранд.
Сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот ҳанӯз эълон нашудааст. Мақомот гуфтаанд, ки иллати ин ҳодиса ва ҳаҷми зарар ҳисоб карда мешавад.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон нав нест ва солҳои ахир сӯхтор дар бозорҳо зуд-зуд рух медиҳад.
Садҳо тоҷир ҳам баъди ин ҷуброне намегиранд ва варшикаставу муфлис мешаванду ба сафи муҳоҷирони корӣ мепайванданд.
Нерӯҳои Украина ба як коргоҳ дар Русия зарба задаанд
Артиши Украина рӯзи 12-уми ноябр эълон кард, ки нерӯҳояш ба як корхонаи кимиёвӣ дар Ставрополи Русия зарба задаанд.
Ба иттилои Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ин коргоҳ ба ширкати "Лукойл" тааллуқ дорад ва артиши Русияро бо маводи зарурӣ таъмин мекунад.
Маҳсулоти ин ширкат дар таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин низ истифода мешудааст.
Мақомот дар Русия сӯхторро эътироф ва иддао карданд, ки он дар пайи афтодани пораҳои паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин сар зад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки чаҳор ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фазои Ставропол аз байн бурд.
Ба ҷуз ин, ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳор дошт, ки артиши Украина ба анбори лавозимоти ҷангии Русия дар деҳаи Новий Мир дар бахши ишғолшудаи вилояти Донетск зарба задааст.
Аз додситонҳо хостаанд, ки истифоди барқро ба мардум фаҳмонанд
Додситонии кулли Тоҷикистон аз кормандонаш дар шаҳру ноҳияҳои кишвар хостааст, ки маҳала ба маҳалла рафта, бо мардум дар бораи истифодаи дурусти нерӯи барқ суҳбат кунанд.
Ин тасмим дар шабу рӯзест, ки интиқоли нерӯи барқ ба хонаи сокинон бо маҳдудият дастрас мешавад. Иловар бар ин, омадани корманди додситонӣ ба хонаи сокинон метавонад маънои таҳдидомез ҳам дошта бошад ва на ҳама хуш дорад.
Яке аз сокинони шаҳри Душанбе, ки дар ин мулоқот ширкат кардааст, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, даъват ба истифодаи сарфакорона вақте мантиқ дорад, ки ба мардум пурра барқ дода шавад.
“Вақте барои чанд соат барқ медиҳанд, сокинон намедонанд, ки чӣ тавр хӯрок пазанд, об гарм кунанд ё хонаашонро гарм кунанд,” – афзуд ӯ.
Додситонӣ як ниҳоде дар Тоҷикистон аст, ки иҷрои дурусти қонунҳоро назорат мекунад.
Моҳи апрели имсол дар Тоҷикистон дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии барқ ҷиноят эълон шуд. Барои дуздӣ ё истифодаи нодурусти барқ аз 27 то 90 ҳазор сомонӣ ё аз 6 то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
"Писари маро куштанд." Эътирози гурӯҳе аз модарон дар Қазоқистон
Даҳҳо зан дар Қазоқистон, ки писарони сарбозашон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ маъюб ё кушта шудаанд, бо нишони эътироз дар назди маркази қабули шикояти шаҳрвандон дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.
Ин гурӯҳи модаронро қабл аз расиданашон ба Остона кормандони пулис бо ҳар баҳона мехостанд, боздошт кунанд. Баъзеҳоро ба ҷиноятҳои ночиз, ки гуё пештар содир кардаанд, муттаҳам намуданд. Ба дигарон гуфтаанд, ки дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва бояд ба шуъбаи пулис ҳозир шаванд.
Ба иддаи ин модарон, мақомоти Қазоқистон намехоҳанд, ки ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш расонаӣ шавад. Сауле Тлеубергенова, модари як сарбози фавтида, гуфт, "писари маро куштанд. Ба манаҳаш ду тир задаанд. Ман хоҳиш не, балки талаб дорам. На барои худам, балки аз номи ҳамаи модарон. Бояд тафтиш одилона сурат бигирад. Қотилон бояд зиндонӣ карда шаванд.”
Кормандони пулис хеле зуд ба маҳалли гирдиҳамоии занон ҳозир шуда, ба модарон гуфтаанд, ки онҳо қонунро вайрон мекунанд. Бо вуҷуди ҳушдорҳо, ин занон барои мулоқот бо вазири мудофиа пойфишорӣ карданд. Онҳо талаби худро дар бораи гузарондани ислоҳоти куллӣ дар артиш ва ба таври ошкоро таҳқиқ кардани мавридҳои кушта ва ё маъюб шудани сарбозон дар миён гузоштанд.
Гулмира Мукаҷонова, модари як сарбози захмӣ, гуфт, "то ба кай мо ин хел хору зор мешавем? То ба кай моро беҳуқуқ мекунанд? Ин ҳукумат мардумро хаста мекунад. Пас, моро бикушед. Чаро мо ин ҳамаро тоқат мекунем?! Чаро ҳуқуқи мо, модарон, ҳифз карда намешавад? Чаро фарзандони мо, ки ба артиш фиристода шудаанд, дар вақти хидмат хору зор мешаванд? Бигӯед, ба ин кӣ хотима медиҳад?”
Дар соати дуюми гирдиҳамоӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба назди эътирозгарон баромаданд. Онҳо ба суолҳо ҷавоб надода, аз эътирозгарон хостанд, ки ба қабулгоҳи вазорат дароянд. Аммо дар дохил аз занон талаб шудааст, ки суҳбат бояд бе иштироки рузноманигорон гузарад. Дархосте, ки норозигии занонро ба миён овард.
Пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ, билохира ба рӯзноманигорон иҷозати иштирок дар суҳбатро доданд. Яке аз хабарнигорон аз муовини вазири мудофиа фаҳмидааст, ки гуё дар Қазоқистон Кумитаи модарони сарбозон амал мекардааст ва бо вазорат ҳамкории наздик доштааст.
Рӯзноманигор Луқмон Аҳмадёров гуфт, “ҳеч яке аз волидоне, ки фарзандашон хидмат кардааст ё дар артиш фавтидааст, ягон намояндаи Кумитаи модарони сарбозонро надидааст. Гузашта аз ин, кумитаи мазкур ба ҳодисаҳои даҳшатборе, чун маргу захмӣ шудани сарбозон ҳеч вокуниш нишон надодааст.”
Ҳарчанд мулоқоти модарон бо масъулон дар шаҳри Остона бенатиҷа анҷом ёфт, аммо он идома пайдо кард. Шоми ҳамон рӯз шаш иштирокдори гирдиҳамоӣ боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд. Нисбат ба онҳо санад тартиб додаву ҷарима бастаанд.
Дертар котиби матбуотии президенти Қазоқистон Руслан Ҷелдибой хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев ба додситони кул дастур додааст, муроҷиати модарони србозони фавтидаро баррасӣ ва риояи қонунро дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳои фоҷиабор дар артиш арзёбӣ кунад.
Дар занозании мактабхонҳо дар Душанбе як нафар ҷон бохтааст
Дар пайи занозании гурӯҳе аз мактабхонҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шудааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 9 уми ноябр рух дода, наврасон ҳангоми муноқиша аз корд истифода бурдаанд.
Ба иттилои пулис, ҳодиса бинобар "баҳси лафзӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ду нафар бо номҳои Р. Н. ва Р. А. сар зада, сипас ҳарду муноқишаи гурӯҳӣ ташкил кардаанд.
Дар натиҷа Р. H. бо корд ба Р. A. зарба зада, ӯро ба ҳалокат расондааст. Як нафар ноболиғи дигар бо номи Ш.Ш. ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарист.
Сомонаи хабарии your.tj қаблан навишта шуд, ки ҳодиса дар маҳаллаи маъруф ба 65, дар наздикии мактабҳои рақами 77 ва 78 рух додааст. Ба нақли манбаъ дар муноқиша хонандагони чанд мактаб ширкат доштаанд. Ин сомонаи хабарӣ дар шарҳи ҳодиса навишт, як наврасро ронандаи таксӣ дар ҳолати вазнин пайдо карда, ба беморхона бурдааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки айни замон гумонбар Раҳматшозода Н. дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Занозанӣ миёни наврасон дар ин авохир бештар аз баҳсҳо дар интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз шуда, ба кордзанӣ ва фоҷеа табдил меёбад. Ин муноқишаҳо солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чанд хонандаи мактаб шудааст. Дар чунин муноқишаҳо ҷавонон гоҳе аз корду силоҳҳои дигар истифода мекунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта буданд, ки барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо маъракаи ҷустуҷӯ ва дарёфти корд аз хонандагонро ба роҳ монда, дар мактабҳо муҳофиз гузоштаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, "талафоти нерӯи барқ кам шуд"
Мақомоти тоҷик мегӯянд, баъд аз ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ талафоти нерӯи барқ кам шудааст.
Барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ имсол дар Тоҷикистон аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ карданд.
Бино ба иттилои ниҳоди навтаъсиси Оҷонси назорати давлатии энергетикӣ, дар 9 моҳи соли равон сарфаи беҳуди нерӯи барқ қариб се дарсад коҳиш ёфтааст.
Кормандони ин ниҳод якҷоя бо Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми ноябр дар хиёбонҳои шаҳр ҳамчунин ба сокинон тарзи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро фаҳмонда, аз онҳо даъват кардаанд, ки барқро беҳуда истифода набаранд.
Ин даъват дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки сокинони чанд гӯшаи пойтахт аз он шикоят доранд, ки соатҳо барқ надоранд.
Баъзе аз сокинон, аз ҷумла дар ноҳияи Сино, мегӯянд, зоҳиран дар хонаҳои онҳо ҳам лимити барқ ҷорӣ шудааст ва чанд рӯз боз аз соати 9-и субҳ то 5-6-и бегоҳ бе барқ мемонанд.
Мақомот камбуди барқро дар пойтахти кишвар шарҳ надодаанд.
Суқути як ҳавопаймои низомии Туркия дар марзи Озарбойҷону Гурҷистон
Як ҳавопаймои борбари низомии Туркия дар наздикии сарҳади Озарбойҷон ва Гурҷистон афтодааст.
Вазорати мудофиаи Туркия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои C-130 аз Озарбойҷон ба Туркия бармегашт ва дар дохилаш 20 нафар буд.
Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, он "тақрибан 5 километр дуртар” аз марзи Гурҷистон бо Озарбойҷон рух додааст.
Талафот ва сабаби садама маълум нест.
Вазорати дифои Туркия гуфт, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.
Садҳо ронандаи тоҷик дар Санкт-Петербург бекор мондаанд
Пас аз манъи фаъолияти муҳоҷирон дар ширкатҳои таксиронӣ дар Санкт-Петербург, садҳо зодаи Тоҷикистон ин шаҳри Русияро тарк кардаанд.
Ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум кард. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.
Чанде аз ронандагони тоҷик рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз 7-уми ноябр ширкатҳои таксӣ дастрасии онҳоро ба барномаашон қатъ кардаанд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки 5 сол боз дар ширкати “Яндекс-Такси” кор мекардааст, гуфт, ҳамроҳи ӯ беш аз 1100 муҳоҷири тоҷик фаъолият мекарданд ва аз охири ҳафтаи гузашта тақрибан 40 дарсади онҳо ночор ба ватан баргаштанд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” дар соли 2024 дар Русия кору иқомати муҳоҷиронро маҳдуд ва сахт карданд. Дар як соли охир Думаи давлатии Русия бо қабули даҳҳо қонун вуруду иқомат ва фаъолияти муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро душвор ва онҳоро ҳарчи бештар беҳуқуқ ва осебпазиртар кард.
САҲА мегӯд, ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон дурбин дод
Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе ба милисаҳои тоҷик, бавижа нозирони роҳ дурбинҳое додааст, ки дар бадан ё либос насб карда мешаванд.
Масъулони созмон рӯзи 10-уми ноябр дар иттилоияе гуфтанд, ки ин иқдом дар доираи як тарзи санҷишӣ ва бо ҳадафи шаффофият дар кори маъмурони ҳифзи ҳуқуқ роҳандозӣ шуд.
Дар ҳоли ҳозир ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон 24 дурбини наворбардорӣ тақдим шудааст. Бо ин дурбин ё камераҳое, ки дар бадан насб карда мешавад, фаъолияти кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё сӯҳбату муносибати онҳо бо шаҳрвандон сабт мегардад.
Ташаббускорон интизор доранд, ки истифодаи он бовари ҷомеаро ба ниҳодҳои интизомӣ бештар карда, ба таъмини шаффофият дар кори онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари САҲА дар Душанбе, наворҳои сабтшуда бо ҳадафи омӯзиш ва тафтиши дохилӣ истифода хоҳад шуд. Дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии сабти навор аз сӯйи маъмурони пулис чизе гуфта нашудааст.
Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Амрико ба ҷиноят муттаҳам кардаанд
Пулиси ноҳияи Линколн дар Каролинаи Шимолии Амрико ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба ғорати банкоматҳо аз роҳи ҳамлаи сайберӣ (киберӣ) айбдор кардааст.
Расонаҳои Амрико аз қавли пулис хабар доданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, дигаре бо як шарики эронияш дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Ба иттилои пулис, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаи 26-сола ва Фирдавс Раҷабови 35-сола ҳамроҳи Милод Аваздавонии 36-сола, зодаи Эрон, дар моҳи феврали имсол ва пас аз ҳамлаи киберӣ аз банкоматҳои фурӯшгоҳе зиёда аз даҳ ҳазор доллар рабудаанд.
Пулис гуфтааст, замоне аз ҳодиса огоҳ шуд, ки рӯзи 21-уми феврали имсол дар аёлати Мэйн ба банкоматҳои фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳамлаи густардаи киберӣ сурат гирифт. Ин навъи ғоратгариро "ATM jackpotting" меномидаанд, ки бо анҷоми ҳамлаи киберӣ сохтори банкоматро вайрон карда, онро маҷбур мекунанд, то пулҳоро ба берун барорад.
Пулис гуфтааст, Нурмуҳаммад Раҳмонзодаро, ки бо ному насаби сохта дар Амрико ба сар мебурд, моҳе пас аз ҳодиса дар Каролинаи Ҷанубӣ боздошт карданд, вале Фирдавс Раҷабов ва шарики эронии ӯ, Милод Аваздавонӣ, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.
Мақомоти Амрико онҳоро ба дуздӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам медонанд.
Назари пайвандон ва вакилони дифои ин афрод маълум нест, вале пулис бо нашри акси Фирдавс Раҷабов ва шарики эрониаш аз сокинон хостааст, ҳангоми дидани онҳо ба мақомот хабар диҳанд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Солҳои охир чанде аз онҳо бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла озори ҳамсар, поймоли қоидаи будубош ва пайравӣ аз созмонҳои мамнӯи ифротгароӣ дастгир ва бархе аз ҳудуди Амрико ронда шудаанд.
Трамп аз Би-би-сӣ як миллиард доллар товон талаб кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои баргардондани шаъну шараф ва обрӯи худ хостори як миллиард доллар товон аз шабакаи хабарии Би-би-сӣ шудааст.
Би-би-сӣ муттаҳам шудааст, ки суханони Доналд Трампро пеш аз ҳодисаи юриши мардум ба бинои Конгресс дар моҳи январи соли 2021 ба таври нодуруст нашр кардааст.
Вакилони Трамп то рӯзи ҷумъа мӯҳлат додаанд, ки Би-би-сӣ мустанади нашршударо ҳазф кунад, маъзарат бихоҳад ва ба хотири латма задан ба обрӯи президенти Амрико товони муносибе бипардозад.
Дар пайи ин ҷанҷол, раиси умумии Би-би-сӣ ва раиси бахши нашароти ин шабака истеъфо доданд.
Дар таркиш дар шаҳри Деҳлӣ 10 кас ҷон бохт
Дар пайи таркиши як мошин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, даҳ кас кушта ва беш аз сӣ тани дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳодиса шоми душанбе дар як минтақаи сераҳолӣ дар наздикии "Қалъаи Сурх" рух додааст.
Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ба одамон ва мошинҳои зиёде осеб расонидааст.
Мансабдорони Ҳиндустон гуфтаанд, ки таҳқиқоти худро дар мавриди ин ҳодиса оғоз карданд.
Сабабҳои ҳодиса маълум нест.
Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфт, онҳо дар ҳоли баррасии "ҳамаи эҳтимолҳо" ҳастанд.
Дар Бағдод масъалаи бозгардонии тоҷикҳо аз маҳбасҳои Ироқ баҳс шуд
Мақомоти тоҷик масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз зиндонҳои Ироқро бо ҳамтоёни ироқии худ баррасӣ кардаанд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 10 уми ноябр навишт, ки дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири адлияи Ироқ дар Бағдод, вазъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд ва мавзӯи овардани онҳо ба кишвар, матраҳ шудааст.
Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Котиби Шӯрои амният Юсуф Раҳмон зимни ин сафар ҳамчунин бо президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар самти сиёсату амниятро баррасӣ кардаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, аммо моҳи феврали имсол гуфта шуда буд, ки 381 нафарро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва вобаста ба имкон овардани тоҷикон идома хоҳад кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ гуфта буд, ки бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ, як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад..
Ба иттилои расмии мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2014 ва баъд аз зуҳури ДОИШ, тақрибан 2 ҳазор нафар ба сафи ин созмон ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар Ироқу Сурия пайвастаанд.
Аксари онҳо дар ҷангҳо кушта шуда, зану кӯдаконашон қисман ба Тоҷикистон оварда шуданд ва боқимонда дар зиндонҳои Ироқ ва урдугоҳҳои Сурия ба сар мебаранд.
Маҳбусон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ борҳо аз шароити нигаҳдории зиндониён дар маҳбасҳои Сурия ва Ироқ шикоят карда буданд.