Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ҷазо ба мардони "сабукпо" қабул нашуд


Ҳукумат пешниҳоди муҷозоти мардони ба истилоҳ "сабукпо"-ро дар Тоҷикистон, ки ду сол пеш таҳия шуда буд, напазируфтааст. Мақомот сабаби чунин тасмими худро шарҳ намедиҳанд.

Дар охири соли 2017-ум Додситонии кулли Тоҷикистон дар тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод карда буд, ки "барои истифода аз хидмати фоҳишаҳо" ҷазо таъйин карда шавад. Баъд аз ду сол Кодекс тағйир ёфт, аммо ҷазо барои мардони "сабукпо" набуд. Баръакс, ҷазо ва ҷарима "барои машғул шудан ба танфурӯшӣ" сахттар гардид.

Бахтовар Сафарзода, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 23-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи тағйири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳукумат ворид шуда буд ва "дар он ҳеҷ пешниҳоди муҷозот барои истифода аз хидмати фоҳишаҳо вуҷуд надошт".

Як мусоҳиби мо дар Додситонии кулли Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, "ворид нашудани ин пешниҳод дар лоиҳа маънои пурра рад шуданро надорад. Мумкин аст, дар оянда дубора пешниҳод шавад. Он вақт қабул шудан ё нашуданаш аз вакилон вобаста аст".

Мусоҳиби мо афзуд, ин тарҳ соли 2017-ум барои иҷрои банди 27-и Нақшаи миллии муқовимат ба хариду фурӯши одамон таҳия шуда буд.

Дар Тоҷикистон занро барои танфурӯшӣ ҷарима ё ҳабс мекунанд, вале мардон аз ҷавобгарӣ озоданд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон рафтори ҳардуро аз нигоҳи ахлоқӣ маҳкум мекунанд.

Бар асоси тағйири ахир дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷарима барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ду баробар бештар шудааст. Агар қаблан барои ин кор аз 550 то 1100 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешуд, ҳоло ҷарима то 1650 сомонист. Барои такрори ин амал аз 1650 то 2750 сомонӣ ҷарима ва ё 15 шабонарӯз ҳабс муқаррар шудааст.

Баъзе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ танфурӯшонро аз ҷумлаи "беҳуқуқтарин қишри ҷомеа" дар Тоҷикистон меноманд. Адибаи Азиз, шоири тоҷик, гуфт, ҷазо нагирифтани мардон барои истифода аз хадамоти занони фоҳиша "мисли ин аст, ки касеро барои фурӯши маводи мухаддир ҷазо медиҳанд, аммо харидорро – не".

"Дар ҷомеае, ки занҳояш чунин роҳро интихоб кардаанд, пас, мушкилро дар мардҳои ҷомеа бояд ҷуст. Маҳз онҳо занонро ба ин рӯз расондаанд", -- афзуд ӯ.

Шоири тоҷик аз он нигаронӣ мекунад, ки дар телевизионҳои давлатӣ алайҳи занони танфурӯш барнома дуруст мекунанд, онҳоро дарси ахлоқ медиҳанд, вале амали тарафи дигарро намебинанд.

Мухолифони ин ақида низ дар Тоҷикистон кам нестанд. Баъзе аз мардон мегӯянд, ки "агар ин бозор намебуд, онҳо ҷалб намешуданд".

Файзи Олӣ, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, соҳибони "кӯҳантарин касби дунё" ва муштариёни онҳоро бо ҷарима коҳиш додан имкон надорад.

"Вақте фишор болои онҳо зиёд шуд, касалиҳои сироятӣ ҳам афзоиш ёфт. Беҳтар аст, ки мақомот роҳҳои сироят накардан ба бемориҳоро фикр кунанд, на саркӯб карданро. Ин як кори номумкин аст", -- гуфт ӯ.

Як зани 28-сола, ки дар Душанбе ба танфурӯшӣ машғул аст, аз боло рафтани ҷарима барои машғул шудан ба танфурӯшӣ нигароние надорад. Ӯ танфурӯширо, ба қавли худаш охирин роҳе барои худ ва зиндагии ягона фарзанди 9-солааш медонад ва барои идомаи фаъорляиаш одам ҳам ёфтааст.

"Агар пуштибон надошта бошӣ, ҳар рӯз боздошту ҷарима мешавӣ. Мо ба ҳамин одаме, ки аз мо ҳимоят мекунад, зуд-зуд "ҳақ" медиҳем. Агар ягон амалиёт шуд, хабардор мекунад, ки ба кӯча набароед. Лекин агар касе кор гирифт, пуштибонӣ мекунад",-гуфт ӯ.

Ин зан панҷ соли пеш аз шавҳараш ҷудо шуд ва се сол боз, ба иддаои худ, барои пеш бурдани зиндагӣ дар клубҳои шабона ва хиёбон "муштарӣ" меҷӯяд.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, танфурӯшӣ ва ё фоҳишагӣ ҷиноят ба ҳисоб намеравад, вале ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ва дар ҳолати такроран содир кардани ин кирдор то 15 шабонарӯз ҳабсро дар пай доранд.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (26)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG