Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди тоҷик барои қатли зани дувумаш 11 сол зиндонӣ шуд


Азиз Азизов
Азиз Азизов

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як мардро бо ҷурми куштани ҳамсари дувумаш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Азиз Азизови 54-сола давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар мекунад. Вай аз як пой маҳрум ва маҷрӯҳи гурӯҳи аввал аст.

Додраси парванда ҳангоми эълони ҳукм гуфтааст, ҷазои Азиз Азизов барои куштани ҳамсараш метавонист аз ин бештар бошад, “вале маъюбӣ ва шаш фарзанди ноболиғи ӯро ба инобат гирифта, чунин ҷазои сабук таъйин додаанд”.

Вале то ҳол наздикон ва вакили мудофеи худи ӯ дар ин бора изҳори назар накардаанд. Маълум нест, ки онҳо аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд, ё не.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 29-уми августи имсол дар гузориши телевизионӣ гуфт, Азизов шаби 11 ба 12-уми октябри соли гузашта бо завҷааш Малоҳат Ҷумъаева муноқиша карда, бо асояш ба сару рӯи ӯ мезанад ва ба ҳалокат мерасонад.

Ҷумаева 43-сола завҷаи дувуми Азизов буда, дар хонаи навбунёде дар мавзеи Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебурд.

Ба гуфтаи мақомот, пас аз қатли ҳамсараш, Азизов "ҷасадро бо селофан ва матои синтетикӣ печонида, дар чуқурии семетраи назди ҳавлӣ гӯронида, барои пинҳон намудани ҷинояти худ ду мошин шағал оварда, ба рӯи он рехтааст”. Ҷасадро баъди тақрибан ҳашт моҳ аз чуқурии семетрии назди хонаи Азизов пайдо кардаанд.

Азиз Азизов қаблан дар моҳи майи соли 2014 ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки якуним сол пеш аз он дар "Тоҷиксодиротбонк" ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, маблағашро бозпас гирифта наметавонад. Пас аз ин шикваи Азиз Азизов маълум шуд, ки корманди "Тоҷиксодиротбонк" маблағи пасандози ӯро аз худ карда, умуман дар суратҳисоби бонк нагузоштааст.

XS
SM
MD
LG