Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия размоиши "таъмини амният дар Осиёи Марказӣ"-ро шуруъ мекунад


Размоиши солонаи низомиҳои Русия таҳти номи "Марказ-2019" имрӯз 16-уми сентябр шуруъ мешавад. Ба размоишҳо, ки то 21-уми сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мепайванданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин размоиш ба минтақаи низомии Марказӣ равона мешавад (Русия ҳамчунин минтақаи низомии Ғарбӣ, Шарқӣ ва Қафқозӣ дорад). Сар аз соли 2008 ба ин тараф Русия навсозии неруҳои низомиашро шуруъ кард. То кунун дар минтақаи низомии Марказӣ ду маротиба: соли 2011 ва 2015 размоиш баргузор шудааст.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки соли ҷорӣ "истифодаи неруҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва таъмини амният дар Осиёи Марказӣ" санҷида мешавад.

Интизор меравад, ки размоиши кунунии ҳавзаи низомии Марказӣ бузургтарин размоиш хоҳад буд. Ба иттилои маркази таҳлилии амрикоии Jamestown Foundation, дар ин размоиш "128 ҳазор одам, 20 ҳазор силоҳ ва техника, 600 ҳавопаймову чархбол ва 15 киштии низомӣ" ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG