Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмонони тӯйе дар Самарқанд заҳролуд шуданд


Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон чанд тан аз меҳмонони тӯйе аз ғизо заҳролуд шуданд.

"Рӯзи 16-уми сентябр аз соати 16:10 то 18:30 дақиқа ба беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ ҳафт шаҳрванд муроҷиат карданд. Ҳамаи беморон як нишонаи беморӣ доштанд", - хабар доданд расонаҳои маҳаллӣ аз қавли раёсати тандурустии вилояти Самарқанд.

Баъдтар хабар расид, ки ҳамаи заҳролудшудагон меҳмони тӯйе буданд, ки рӯзи 14-уми сентбяр дар тарабхонаи "Муъҷиза" таҷлил шуд. Меҳмонон аз тӯйхона миқдоре гӯшти хом гирифта, рӯзи баъди онро дар манзилашон тановул кардаанд.

XS
SM
MD
LG