Пайвандҳои дастрасӣ

Номи боз як қурбонии ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ маълум шуд


Маросими дафни яке аз қурбониён дар Душанбе. Рӯзи 7-уми ноябри соли 2019

Манобеи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми ноябр гуфтанд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ 5 марзбон ва 1 маъмури милиса ҷон бохтаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи кушта шудани маъмури милиса Баҳром Қосимзода ва марзбон Иззатулло Латифов гузориш додаанду бас.

Манобеи Радиои Озодӣ ҳувияти қурбонии шашум дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод"-ро ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, сарбози кушташуда Наимҷон Саидолимов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аст ва рӯзи гузашта дар як маросими хос дафн карда шуд.

Исроил Қаландаров, раиси ҷамоати ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҷавони 19-сола ихтиёрӣ ба артиш рафта буд. "Дар баданаш як изи тир буд", -- афзуд ӯ.

Аз ин пеш манобеи Радиои Озодӣ дар бораи ҳалокати Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи "Султонобод", сарбозон Ҳофиз Ҳасанов ва Ғаниҷони Давлат хабар дода буданд. Диловар Толибови 29-соларо рӯзи панҷшанбе дар зодгоҳаш шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дафн кардаанд. Музаффар Мухторов, ёвари раиси шаҳри Конибодом рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "маросими ёдбуд баргузор шуд ва дар он мақомоти маҳаллӣ ва фаъолон иштирок карданд."

Сарбоз Ҳафиз Ҳасанов дар зодгоҳаш ҷамоати Фароби Панҷакент ба хок супурда шуд. Амонқул Амроев, раиси ҷамоати Фароби Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳасанов баҳори имсол ба артиш даъват шуда буд".

Мақомот дар ноҳияи Рашт гуфтанд, сарбоз Ғаниҷони Давлатро, ки дар ҳодисаи субҳи 6-уми ноябр кушта шуда буд, ба хок супурданд. Ба гуфтаи мақомот, Ғаниҷони Давлат 19 сол дошт ва то поёни хидматаш як соли дигар монда буд. Баҳром Қосимзода, маъмури милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Иззатулло Латифов, марзбони тоҷик дар Душанбе дафн карда шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Султонобод" субҳи 6-уми ноябр аз тарафи бист ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, онҳо шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд. 15 ҳамлавар кушта ва панҷ тани дигар дастгир шудаанд. Ҷузъиёти дигар маълум нест.

Мақомоти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, "ҷангҷӯёни ДОИШ аз қаламрави онҳо ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон ҳамла накардаанд". Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти Вазорати дифои Афғонистон маълум нест.

Аммо маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар хабарномае гуфта буд, ки ҳамлаварон шаби 3-юми ноябр аз ноҳияи Қалъаи Золи вилояти Кундузи Афғонистон бо дастури гурӯҳи "Давлати исломӣ" вориди ҳудуди ноҳияи Қубодиён шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабарнома гуфт, ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса мақомот тафсилоти дигар намедиҳанд ва расман ҳалокати бештари низомиён дар ин ҳодисаро тасдиқ ё рад намекунанд. Ҳувияти ҳамлаварон низ то ҳол маълум нест.

Баъди ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 бори дуввум аст, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат мегирад. Дар он моҳ чаҳор дучархасавор кушта шуданд ва гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти террорро бар ӯҳда гирифт.

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG