Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молҳои Made in Uzbekistan дар бозорҳои Тоҷикистон ҷойи по пайдо кард? ВИДЕО


Молу колои Узбекистон дар бозори Тоҷикистон ҷойи по пайдо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Молҳои истеҳсоли Узбекистон дар бештар аз як соли ахир дар бозорҳои Тоҷикистон бо маҳсулоти чинӣ ва туркӣ вориди рақобат шудааст. Ин маҳсулот аз либосу пойафзол ва таҷҳизоти техникӣ иборат аст. Шуморе аз соҳибкорон мегӯянд, мардум барои нархи арзонаш ба молҳои тавлиди Узбекистон бартарӣ медиҳанд. Вале дар ҷомеа ин нигарониҳо низ вуҷуд дорад, ки додугирифт бо Узбекистон дар сатҳи баробар нест. Коршиносон мегӯянд, бояд тоҷирони тоҷик низ ба молҳои худ дар он кишвар ҷойи по ёбанд. Соҳибкорони тоҷик ба Узбекистон асосан семент мебаранд.

Бино ба иттилои расмӣ мизони табодули молу коло байни Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2018 ду баробар афзудааст.

Наргис Ҳафизова, тоҷири бозори "Корвон"-и Душанбе ним сол боз масири воридоти молро тағйир додааст. Қаблан ӯ аз Чин ва Қирғизистон мол меовард. Акнун бештар ба Узбекистон меравад. Ӯ ба фурӯши куртаву болопӯшҳои занона машғул аст ва мегӯяд, ин роҳ камхарҷ аст.

"Дар муқоиса ба Хитой ва Қирғизистон беҳтар аст. Ҳам роҳкиро арзон аст ва ҳам дар муддати кӯтоҳ борро ба кишвар мерасонем. Ба Чин ва кишварҳои дигар дар муддати як ҳафта ё даҳ рӯз рафта меоем. Ба Узбекистон дар ду ё се рӯз. Нархи бор ҳам дар ниҳоят арзон мешавад", -- нақл кард ӯ.

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, аксаран ҳангоми ворид кардани мол аз Чину Туркия ва Қирғизистон ба мушкил рӯбарӯ мешуданд. Ба далелҳои мухталиф молҳои воридотии онҳо дар роҳ банд мемонд ва тоҷирон ҳафтаву моҳҳо дар дохили кишвар моли тиҷоратиашро интизор мемонданд.

Шуҳрат Салимов дар бозори "Корвон" ба фурӯши либоси мардона машғул аст. Барои онҳое, ки бештар ба сифати баланди либос таваҷҷӯҳ доранд, ӯ моли истеҳсоли Туркияро пешниҳод мекунад ва дар баробари ин шиму костюм аз Узбекистон ҳам дорад, ки ба гуфтаи ӯ бештар барои нархи дастрасу арзонаш харидори зиёд пайдо кардааст.

Бозорҳои Тоҷикистонро маъмулан молу колои истеҳсоли Чину Туркия пур кардааст. Аммо тайи чанд соли ахир дар баробари Чин дар бозори молу колои кишвар моли истеҳсоли Қирғизистон ҳам бо нархи нисбатан дастрас харидори худро дорад. Ба гуфтаи соҳибкорон, ба молу колои истеҳсоли Узбакистон, ки ҳудудан як соли ахир бозорҳои Тоҷикистонро пур кардааст, рӯзҳои аввал харидорон чандон таваҷҷӯҳ намекарданд.

Бахтиёр, тоҷири либоси занона мегӯяд, "вақте мегуфтем, моли истеҳсоли Узбекистон аст, аҳамият намедоданд. Баъд сифаташро диданд, назарашон тағйир ёфт. Ҳозир мушкил нест, мехаранд."

Ба гуфтаи Бахтиёр, соҳибкорони маҳаллӣ молҳои худро вобаста ба талаботи харидорон дар бозорҳои Душанбе ба ширкатҳои Узбекистон фармоиш медиҳанд. "Масалан, куртаҳои дарози занонаи истеҳсоли Туркия серхарид аст. Ҳаминро дар Узбекистон фармоиш медиҳем ва бо нархи арзон ворид мекунем. Агар аз Туркия биорем, 500-600 сомонӣ мешавад, аз Узбекистон то 200 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад."

Аз Узбекистон пойафзол ҳам ворид мекунанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, сифати он дар муқоиса ба молҳои чинӣ то ҷое беҳтар аст, вале ба ҳадди молҳои туркӣ ва Русия нест.

Баробари боз шудани марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон натанҳо шароити сафари сокинони ду кишвар, балки роҳи ворид кардани маҳсулоти он кишвар ба Тоҷикистон ҳамвор шуд. Ҳоло дар баробари бозори молу коло бозорҳои фурӯши ашёи рӯзгор ва техника барои хона ҳам пур аз маҳсулоти сохти Узбекистон аст. Иқтисодшиносон мегӯянд, хуб мебуд, агар Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хуби ватаниро ба Узбекистон интиқол диҳад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик гуфт, ҳоло ба далели маҳдуд будани воридоти маҳсулоти чинӣ ба Узбекистон, соҳибкорон ин молҳоро тавассути Тоҷикистон ба он кишвар интиқол медиҳанд. "Соҳибкорон бозорҳои Узбекистонро омӯхтаанд ва медонанд, ки он ҷо мардум ба чӣ ниёз дорад. Дар Узбекистон ашёи рӯзгор ё масалан матои ҷинс харидори зиёд дорад ва соҳибкорон ҳам аз ин истифода мебаранд. Дар худи Узбекистон ҳам ин техникаҳо ҳаст, аммо аз нуқтаи сифат дар ин самт Чин пешрафта аст ва соҳибкорони тоҷик тавонистанд инро ба бозори Узбекистон ворид кунанд. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, аз ҷиҳати дигар ташвишовар, чун асъори хориҷӣ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар меравад."

Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соли 2018 беш аз 286 миллион долларро ташкил додааст. Гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба соли пеш 2,3 баробар афзудааст.

Аммо ҳамоно дар воридоти молу коло ба бозорҳои Тоҷикистон, Чин дар ҷойи аввал қарор дорад. Гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2018 ба беш аз 600 ва Туркия 400 миллион доллар баробар шудааст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG