Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бег Сабур гуфт, ки чаро сохтмони баъзе биноҳо нотамом мондаанд. ВИДЕО


Бег Сабур
Бег Сабур

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки пайваста барои маҳдудияти интернет танқид мешавад, бахше аз сохтмони биноҳои баландошёнаро дар Душанбе зери назорат доштааст. Ширкати "Комил 2010" ба пайвандони ӯ мутааллиқ аст ва се сол боз дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе чанд бинои бисттабақа мепӯшад. Баъзе аз муштариён мегӯянд, ҳарчанд пулро пешпардохт кардаанд, ҷараёни сохтмони биноҳо ба сустӣ пеш меравад. Чанде аз коргарон низ шикоят карданд, ки Бег Сабур ҳаққи кори онҳоро надода, беасос аз кор рондааст.

Бег Сабур рӯзи 14-уми ноябр дар маҳалли сохтмони бинои 30-ошёнаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз муштариён пули хонаҳоро пурра напардохтаанд ва ҷараёни сусти сохтмон ба он вобастааст. Вай рондани сохтмончиёнро рад накард, аммо гуфт, "сабабаш ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудани корашон буд".

Қонунҳои Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани мансабдорони давлатиро манъ кардааст. Бег Сабур мегӯяд, вай амалан раҳбари ягон ширкати сохтмонӣ нест, аммо ба наздиконаш барои рафъи мушкили мардуми бехона кумак мекунад. Қаблан як таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон бо далелу аксҳо исбот карда буд, ки Бег Сабур маҳалли кори давлатиашро ба макони қабули муштариён ва харидуфурӯши хонаҳо табдил додааст. Зоҳиран баъд аз нашри матлаб ҷойи вохӯрӣ бо муштариён тағйир карда, ба маҳалли сохтмони бинои нави Хадамоти алоқа кӯчидааст.

Як гуруҳ аз муштариёни ширкати “Комил 2010” аз он нигаронанд, ки бо гузашти ҳудудан се сол ҳанӯз сохтмони биноҳо дар маҳаллаи Зарафшон ба анҷом нарасидааст. Маҳтоббӣ, яке аз муштариён, гуфт, барои харидани манзили якҳуҷраӣ 130 ҳазор сомонӣ, баробар ба беш аз 13 ҳазор доллар, додааст. Вай мегӯяд, ба ҷойи онки ба хонаи нав кӯчад ва бо оромиш ба сар барад, ҳанӯз дар манзили иҷора аст. "Ба раҳбарияти ширкат гуфтам, ки хонаро зудтар созанд ё пулҳои моро баргардонанд. Ваъда доданд, ки интизор шавем, хонаро месупоранд," --афзуд ӯ.

Бо Муҳаммад, сокини пойтахт, дар роҳрави бинои Хадамоти алоқа вохӯрдем. Ӯ соли 2017 ба ширкати "Комил 2010" барои ду хона пул додааст. "Ҳавлиямро дар ноҳияи Рудакӣ фурӯхта, хостем дар пойтахт соҳиби хонаи нав шавем. Вале бе пулу бе хона мондем. Аз бонк ҳам қарздор шудем. Ба инҷо омадам, то фаҳмам, ки хонаҳои мо кай тайёр мешавад. Ҷараёни сохтмон дар ошёнаи 18-ум суст шудааст. Дигар намедонам кай тамом мешавад".

Сохтмони ин хонаҳо охири соли 2016 шуруъ шуда, бар асоси шартнома, бояд соли 2020 ба соҳибонашон супорида шавад. Бо наздик шудани соли 2020 ва пурра нашудани бино даҳҳо муштарӣ ба мисли Маҳтоббӣ ва Муҳаммад нигарон мондаанд. Онҳо аз он тарс доранд, ки мабодо корҳои сохтмонӣ солҳои дароз тӯл кашад ва ҳамаи нақшаи онҳоро барбод диҳад.

Аммо Бег Сабур сабаби сустии кор дар сохтмони бузурги манзилҳо дар маҳаллаи Зарафшони пойтахтро ба таъмири роҳи калон рабт дод, вале айни замон гуфт, "бепарвогии муштариён аст, ки қисми ками пули хонаро додаанд."

"Соҳибони хона маблағро пурра пардохт накарданд. Инҷо сармоягузор ҳам мебинад, ки мардум пули хонаро намесупоранд ва ӯ ҳам наметавонад ба кор идома диҳад. Албатта, нархи манзилҳои ширкат нисбат ба дигарон арзон буд ва мо ҳам дар аввал гуфтем, ки мардуми камбизоат соҳиби хона шаванд ва маблағашро оҳиста-оҳиста супоранд. Онҳо фақат як фоизи муайяни пулро додаанду бас," -- гуфт Бег Сабур.

Суҳбат бо Бег Сабур дар бораи шикоятҳо дар бораи хонасозӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 16 бинои навсохти бисттабақа бунёд мекунад. Ҳар бинои он ҳудуди 200 хона дорад. Бег Сабур ҳамагуна сарусадо дар бораи манъи сохтмони бузурги манзилҳояшро кори дасти рақибон донист. Ба гуфтаи раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкате, ки зери назари ӯ ба сохтмони манзил сарукор дорад, ҳеҷ гоҳ талош намекунад барои анҷоми сохтмон саросема шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "бехатарӣ ва амнияти биноҳо муҳимтар аст".

Нигаронии харидорони хонаҳо дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз бинокорони ин ширкат бо ирсоли номаи шикоятӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз чаҳор то шаш моҳ дар сохтмон кор карда, натанҳо маош нагирифтанд, балки аз кор ронда шуданд. Бег Сабур ин ҳолатро тасдиқ кард, аммо гуфт "пардохт нашудани маоши коргарон бесабаб нест".

Раиси Хадамоти алоқа афзуд, "мо сармоягузори хориҷӣ дорем. Ӯ бо ҷараёни сохтмон ошно шуд. Зинапояҳое, ки сохтмончиён сохтаанд, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Барои мисол, агар паҳнии ҳар зинапоя аз 35 то 40 сантиметр бошад, онҳо 12 сантиметр кардаанд. Одам маҷбур аст, фақат бо нӯги пой роҳ равад. Онро бояд дуруст бисозанд, баъд ҳаққашонро мегиранд”.

Вале сохтмончиён ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд ва мегӯянд, гап дар бораи камбуди кори онҳо намеравад.

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати “Комил 2010” дар маҳаллаи Зарафшони пойтахтро мардум бо номи биноҳои Бег Сабур мешиносанд. Агар аз боло ба сохти ин биноҳо нигаред, чизи аҷиберо хоҳед дид. Хонаҳоро ба шакли ҳарфи “П” сохтаанд ва даруни он дар масофаи хеле наздик боз вуҷуд доштани як бинои дигар ин сохтмонро “нодир” кардааст. Бархе аз сокинон ба чунин андешаанд, ки солҳои охир биноҳои номутобиқ ба қонунҳои сохтмон афзудаанд. Ва ба тахмини сокинон ширкатҳои сохтмонӣ аз пайи даромад гоҳе шитобкорӣ мекунанд ва ба сифат кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Ин шитобкорӣ ба гардани соҳибони хона барои солҳои дароз душворӣ бор мекунад.

Бег Сабур ҳамагуна нигарониро аз сифати масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди ин биноҳо истифода мешаванд, беасос хонд. Вай гуфт, аксари маҳсулотро аз Русияву Қазоқистон меоранд.

Бег Сабур ба сохтмони биноҳои баландошёна дар Кӯлоб низ машғул аст. Қаблан баъзе аз сокинон аз сифати пасти биноҳои ширкати пайвандони ӯ танқид карда буданд, вале зоҳиран касе биноҳоро ташхис накардааст. Бисёриҳо мегӯянд, ӯ аз мақоми худ ва наздикӣ бо раиси ҷумҳур суистифода мекунад. Бег Сабур ин иддаоро рад кард.

Бег Сабур (Зуҳуров) соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъйин шуд ва аз он замон то кунун раёсати ин ниҳодро бар дӯш дорад. Номи ӯ чанд дафъа бо ҳодисаҳои муҳими кишвар дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла, ҳангоми ҳодисаҳои соли 2012 дар Бадахшон, ки дастрасӣ ба телефону интернет дар онҷо қатъ шуд ва ӯ гуфт, "як тир тамоми алоқа бо вилоятро канд".

Ӯ ҳамчунин солҳо боз барои суръати пасту нархи баланди интернет ва масдуд кардани вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мавриди танқид аст. Чанд дафъа дар бораи аз кор рафтани ӯ гузоришҳо пахш шуд, аммо тасдиқ нашуд.

XS
SM
MD
LG