Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озори ҷинсӣ. Ҷинояти сангин, авбошӣ ё масъалаи ахлоқ? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки барои ҷазо додани муттаҳамон ба озори ҷинсӣ дар Кодекси ҷиноии кишвар моддаи алоҳида ворид карда шавад. Ҳоло парвандаҳои марбут ба озори ҷинсиро бар асоси моддаҳои “таҷовуз ба номус”, “маҷбур намудан ба иртиботи ҷинсӣ” ва “майдаавбошӣ” муҳокима мекунанд. Мақомот мегӯянд, дар ин сурат гунаҳкорон баъзан ҷазои сангин ва дар бархе ҳолат ҷазои сабук мегиранд.

Баъзе аз мардҳо пешниҳод доранд, ки ҳамагуна шикоят аз озори ҷинсӣ бояд ҷиддӣ ва мунсифона таҳқиқу баррасӣ шавад, вагарна баъзе занон метавонанд ба ин восита аз мардҳои номақбулашон интиқом бигиранд.

Мавҷуда Пӯлодӣ, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми ноябр дар як нишаст дар Душанбе гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол додгоҳҳои пойтахт 42 ҷинояти марбут ба озор ва дахлнопазирии ҷинсиро баррасӣ кардаанд. “Аз ин танҳо се ҳолат бо моддаи 140-и Кодекси ҷиноӣ бандубаст шудааст. Ин моддаи кодекс маҷбур намудани шахс ба иртиботи ҷинсиро пешбинӣ мекунад”, -- шарҳ дод ӯ.

Масъалаи озори ҷинсии занону духтарон, аз ҷумла бадрафторӣ бо онҳо дар кӯчаҳо соли гузашта доғ шуд. Чанд нафар аз муносибати бади мардон бо онҳо ё ламси баданашон дар хиёбонҳои Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд. Мақомоти умури дохилӣ дар ҷавоб гумонбаронро боздошт ва ба шустани фарш маҷбур намуданд. Коршиносон мегӯянд, чунин бархӯрди мақомот муваққатӣ буд ва бояд ин масъала дар доираи қонун танзим шавад.

"Озори ҷинсӣ ҷиноят аст ва набояд беҷазо монад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Фаррух Рауфов, як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаҳои таҷовуз ба номус кам шудааст, аммо “амалҳои хусусияти дорои шаҳвонӣ” ташвишовар мемонад. “Устое аз набудани марди хона истифода бурда, ҳамсари ӯро ба оғӯш гирифтааст, то амалҳои шаҳвонӣ анҷом диҳад. Зан муқобилият нишон дода, ба мақомот шикоят кард. Дар ин ҳолат авбошӣ ва таҷовуз ба номус ҷой надорад. Инҷо ҳамон озори шаҳвонӣ (Сексуальное домогательство) аст, ки қонунгузории ҷиноӣ танзим намекунад”, -- бо мисол шарҳ дод ӯ.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гап партофтан ба занону духтарон, пешниҳоди ҳамхобагӣ, бӯсидану ба оғӯш гирифтани маҷбуриро аз ҷумлаи озори ҷинсӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, азбаски дар қонун ин ҳолатҳо мушаххас нест ва ҷазо ҳам таъйин нашудааст, бисёриҳо аз шикоят кардан худдорӣ меварзанд ва ё танҳо бадахлоқӣ медонанд, ки бояд бо насиҳат ҳал шавад.

Пешниҳоди таъйини ҷазо барои озори ҷинсӣ аз тарафи Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти рӯзи 22-юми ноябр дар Душанбе садо дод. Дар ин нишаст намояндагони Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ низ аз он пуштибонӣ карданд. Вале ҳанӯз тарҳе омода нест ва маълум нест, ба гумонбарони озори ҷинсӣ дар Тоҷикистон чӣ ҷазоро пешбинӣ хоҳанд кард.

Савлат Иззатуллоева, масъули ҳуқуқии Кумитаи занон, озори ҷинсиро бахше аз поймол кардани ҳуқуқи инсон донист ва гуфт, “бояд он дар қонунгузорӣ танзим карда шавад”. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон талош дорад, бо гузарондани як назарсанҷии пинҳонӣ шумораи занонеро ошкор кунад, ки бо озору азияти ҷинсӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Қурбониёни озори ҷинсӣ дар аксар маврид аз тарси шармандагӣ дар назари мардум гузориш намедиҳанд. Онҳое, ки аз чунин ҳолатҳо шикоят кардаанд, аз бетавофутии мақомот ба ин масъала гила доранд.

Соҷида Муродова, сокини пойтахт, ҳар рӯз паси дари мақомот меистад, то озордиҳандаи духтарашро ба ҷавобгарӣ кашад. Ӯ гуфт, намояндагони пулис ва мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз озори ҷинсӣ ва лафзиро ҷиддӣ намегиранд.

Соҷида Муродова
Соҷида Муродова

Духтари 18-солаи Соҷида Муродова баъд аз чаҳор моҳи зиндагӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст. “Духтарам ба озору азияти ҷинсӣ ва равонии шавҳар тоб наовард. Бадрафтории ҷинсӣ ва норозигии духтарам боис шудааст, ки пайваста зери латту кӯб қарор гирад. Тифли батнашро аз даст дод. Ба мақомот муроҷиат кардам, то ба мушкили мо расидагӣ кунанд. Муфаттиш ба духтарам гуфт, модарат бо ин кор обрӯи туро мерезонад. Шавҳарат, ки талоқ дод, баромада рав, тамом”, -- нақл кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мардон вуҷуди озори ҷинсиро дар ҷомеа рад намекунанд, вале мегӯянд, набояд занон аз ин ҳолатҳо ба зидди мардони номақбули худ суистифода кунанд ва ба истилоҳ хушку тарро якҷо бисӯзонанд.

Дар гузашта созмонҳои байнулмиллалӣ аз Тоҷикистон хоста буданд, барои “таҷовузи заношӯӣ” ва дигар навъҳои бадрафторӣ ва зӯроварӣ ба занҳо ҷазо таъйин кунад. Аз ҷумла, соли гузашта Созмони Милал гуфта буд, Тоҷикистон мисли тамоми кишварҳои дигари дунё аҳд додааст, ки ба ҳар гуна зӯроварӣ ва табъиз нисбат ба занон то соли 2030 хотима медиҳад. Ба иловаи иҷрои барномаҳо барои баробарии ҳуқуқи зану мард, ба гуфтаи Созмони Милал, зарур аст, то дар Тоҷикистон ҳам занону ҳам мардон кӯшиш кунанд, ки бовару пешқазоватҳо нисбат ба зан дар хонаводаву ҷомеа ва ҷойи кор тағйир ёбад.

XS
SM
MD
LG